ДАНҒАРА. САЗОВОРИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Тавре Саидҷон Шафизода, муовини сардори раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» иброз дошт, 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Ҷоизаи мазкурро ба раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода тақдим намуд. Ба иттилои ӯ, Ҷоиза дар доираи Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026, ки 19 – 22-юми октябр дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ба ноҳияи Данғара супурда шудааст.
Ҷоиза аз тарафи Ассотсиатсияи халқии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва Ассотсиатсияи шаҳрҳои байналмилалии дӯстии Чин тақдим гардид. Он аз эътирофи саҳми ноҳияи Данғара дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои судманд бо яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
