СИПЕҲР ҲАСАНЗОД. ҚАДРДОНИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АДИБИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД

03 ноябр 2026, Сешанбе
4


Нависанда, публитсист ва журналисти тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод ба узвияти Академияи байналмилалии адабиёт, санъат, фарҳанг ва фанҳои иҷтимоӣ, инчунин, Иттифоқи байналмилалии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуда, барои эҷодиёти пурмазмун бо диплому сертификат ва нишони Академия, диплому сертификати Иттифоқи ходимони эҷодиёти халқ сарфароз гардид.


Қадрдонии адиби тоҷик зимни Конфронси байналмилалии илмию адабӣ сурат гирифт, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир гашт. Дар Конфронс намояндагон аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Воқеан, адиб тавонистааст бо очерку ҳикояҳо, қиссаву романҳои бадеиву таърихӣ ва сабки вижа дар дили хонанда маъво бигирад. Ҳарчанд дар ҳаёти одамизод шикастурехтҳо, обутобҳо ва таҳаввулоту гардишҳои тезу тунд ба вуқуъ мепайванданд, мабдаи асосии он садоқату рафоқати ҷомеа ва мардумонаш боқӣ мемонад. Адиби боҳунар дар осори хеш аз ин сифатҳо хӯша-хӯша гирд овардаву истеъдодашро пешорӯйи хонандаи ҳушманд гузоштааст.
Аз матлаби “Килки найшакарӣ”-и мунаққиди мумтоз Носирҷон Салимӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти нависанда Сипеҳр Ҳасанзод дармеёбем, ки таълифоти омӯзанда хоҳу нохоҳ диққати суханшиносонро ҷазб менамояд. Академик бисёр олиҳиматона ва бо нигоҳи жарф навиштааст: “Равишҳои афкори тозаи нависанда Сипеҳр Ҳасанзод дар асарҳои публитсистии ӯ барҷаста намоён шудаанд. Бахусус, қиссаи машҳури “Ҳадиси ватандорӣ”-ро метавон ёдовар шуд, ки аз ҳадафҳои олии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят мекунад, аз мақому манзалат ва моҳияти корномаҳои Пешвои миллат сухан дар миён меоварад, ҷаҳду талошҳои хастанопазирашонро фарогир аст. Ин шахсияти бузурги таърихӣ эҳёи зиндагиро бо эҳёи инсон ва муҳити зиндагӣ ҷузви як матлаб дониста, ҷомеаро ба ҳамин самт ҳидоят менамоянд. Бо сухани матини нависанда ормонҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи мо дар фазои густарда ба тасвир омадааст”.
Сипеҳри Ҳасанзод дар таълифи қиссаву ҳикоёт аз сохтакорӣ парҳез карда, чизеро аз худ намебофад, балки ба воқеоти рухдода қабои тахаюл мепӯшонад, ки ин ҳунармандӣ ба нависандагони касбӣ хос мебошад.


“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.11.2026 №: 217