ПАХТА. МУЖДА АЗ ИҶРОИ НАҚШАИ СОЛОНА
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар маросими қадрдонии хоҷагиҳои деҳқонии пешсафи пахтакор иштирок карда, барои саҳми арзанда дар иҷрои дурнамои ҷамъоварии ҳосил ба як қатор кишоварзон туҳфаҳо тақдим намуд.
Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо масъулони соҳа ва кишоварзон барои меҳнати софдилона, саҳми арзанда дар ҷамъоварии ҳосил ва таъмини саривақтии корхонаҳои коркард бо ашёи хом изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки бо вуҷуди иҷрои дурнамо, набояд маъракаи пахтачинӣ қатъ гардад ва то ҷамъоварии охирин ҳосил тамоми имконияту захираҳо сафарбар карда шаванд.
– Дурнамои истеҳсоли пахта дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон барои соли равон 266 ҳазору 200 тонна муайян гардидааст. Ба ҳолати 31-уми октябр дар вилоят 165 426, 2 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 62,14 дарсади дурнамои солона баробар мебошад, – иброз дошт дар суҳбати телефони ба мо Рустамшо Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
