САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
![]()
5-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар мулоқоти сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи «Раванди Ақаба» оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба Қазоқистон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, директорони агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, захираҳои моддии давлатӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, раиси Кумитаи телевизион ва радио, сардори Саридораи геология, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Оғози сафари расмӣ дар Қазоқистон
Нимаи дуюми рӯзи 5-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остона шуданд.
Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарварони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию бародарӣ идона ороста шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев бо нишони эҳтироми баланд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Иштироки Сарвари давлат дар ҷаласаи “Раванди Ақаба”
6-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи «зеҳни сунъӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки нишасти имрӯза, ки дар шароити рушди босуръати фанновариҳои рақамӣ, бахусус «зеҳни сунъӣ», мегузарад, рӯйдоди саривақтӣ ва муҳим мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пешрафти бесобиқаи фанновариҳо барои густариши арсаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илму маориф ва такмили низоми идоракунии давлатӣ, имконоти фаровон фароҳам меоварад.
Гуфта шуд, ки «зеҳни сунъӣ» ба яке аз омилҳои калидии густариши илму технология табдил ёфтааст ва он тарзу усулҳои истеҳсолот, фазои интишор ва дарки иттилоотро тадриҷан дигаргун сохта, уфуқҳои навро барои рушди кишварҳои мо боз менамояд.
Зикр гардид, ки айни замон технологияҳои муосир, аз ҷумла «зеҳни сунъӣ», хусусияти ҷинояткориро тағйир дода, хатару таҳдидҳои нави амниятиро ба вуҷуд меоранд. Дар ин замина, имкони истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ ва тундгаро боиси нигаронии амиқ мебошад.
Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохторҳои террористӣ ва ифротгаро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, ҷалби пайравони нав, таъсиррасонӣ ба афкори умум ва тавлиди иттилооти бардурӯғ аз имкониятҳои технологияҳои муосир васеъ истифода мебаранд.
«Он ҳам боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд «зеҳни сунъӣ»-ро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир, хусусан силоҳи қатли ом, истифода намоянд, ки хатарҳои ҷиддии амниятиро эҷод менамояд», – изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Иброз гардид: «Тоҷикистон ҷонибдори истифодаи масъулона, амн ва мақсадноки «зеҳни сунъӣ» бар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мебошад».
Таъкид шуд, ки маҳз дар ҳамин замина, бо ташаббуси кишвари мо тайи ду соли охир Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба ин мавзуъ ду қатънома қабул намуд. Қатъномаи аввал ба мавзуи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бахшида шудааст.
Гуфта шуд, ки тибқи муқаррароти он, таъсис ва истифодаи имкониятҳои Маркази зеҳни сунъӣ дар Душанбе ҳамчун платформаи минтақавӣ барои рушди ҳамкорӣ дар самти таъмини амнияти «зеҳни сунъӣ» пешбинӣ гардидааст. Чунин ҳамкорӣ метавонад, аз ҷумла омодасозии кадрҳои соҳаи амнияти «зеҳни сунъӣ», таҳияи тавсияҳо оид ба арзёбии хатарҳои марбут ба истифодаи он ва пешгирӣ аз таҳдидҳои кибериро фаро гирад.
Зикр шуд, ки бар асоси қатъномаи дигар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли ҷорӣ 31-уми августро ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон кард.
«Мо ин ташаббусҳоро қадами муҳим дар рушди муколамаи байналмилалӣ ва ташаккули равишҳои муштарак дар истифодаи зеҳни сунъӣ дар асоси усулҳои амният, масъулияти муштарак ва эътимод арзёбӣ менамоем», – таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки имрӯз таҳдидҳои технологӣ, пеш аз ҳама, бо терроризми байналмилалӣ ва маблағгузории он пайванди мустақим доранд.
Изҳор гардид, ки муқовимат ба чунин таҳдидҳо на танҳо тақвияти механизмҳои миллии амнияти киберӣ, балки таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла ҷиҳати мубодилаи фаврии иттилоотро низ тақозо менамояд.
Роҳбари давлат таъкид карданд, ки дар ин ҷода, «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ба минбари муҳими рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст.
«Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин раванд ҷонибдори муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ мебошад», – изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ миёни «Раванди Душанбе» ва «Раванди Ақаба» метавонад ба табодули таҷрибаи амалӣ, таҳияи равишҳои муштарак ва тақвияти иқтидори давлатҳо дар муқовимат ба таҳдидҳои нав мусоидат намояд.
Дар ин замина, зарур шумурда шуд, ки талошҳои муштарак дар ин раванд, пеш аз ҳама, ба чор самти асосӣ ва ҳадафманд, аз ҷумла ба тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти истифодаи бехатар ва масъулонаи «зеҳни сунъӣ», пешгирӣ аз истифодаи он ба мақсадҳои террористӣ, равона шаванд.
Ҳамзамон, густариши ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои махсус ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар самти ошкор ва пешгирии таҳдидҳои рақамӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва омодасозии мутахассисон, баланд бардоштани саводнокии рақамии ҷавонон ва пешгирӣ аз паҳншавии ғояҳои ифротӣ дар фазои иттилоотӣ амри муҳим дониста шуд.
Дар фароварди сухан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки роҳандозии ин тадбирҳо ба баланд бардоштани самаранокии амалҳои муштарак дар муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мусоидат хоҳад кард.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн
6-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи «Раванди Ақаба» таҳти унвони «Амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ» дар шаҳри Остона бо подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуданд.
«Мо кишвари Шуморо аз шарикони муҳими худ дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом медонем»,– изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Аҳамияти тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол намудани абзорҳои дуҷониба, чун машваратҳои сиёсӣ ва комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таъкид гардид.
Ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳо ва доираҳои байналмилалию минтақавӣ ва дастгирӣ аз ташаббусҳои ҳамдигар низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Дар ин робита, доир ба ташаббуси Урдун ҷиҳати роҳандозии «Раванди Ақаба» ва ҳамдастии ду кишвар дар роҳи татбиқи босамару бехатар аз «зеҳни сунъӣ» ва технологияҳои муосири рақамӣ мубодилаи андеша сурат гирифт.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба авзои кунунӣ дар Ховари Миёна ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар ин минтақаи ҳассос доир гардид.
Зимни суҳбат Президенти муҳтарами мо аз подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал оварданд.
Маросими истиқболи расмии Пешвои миллат дар қасри президентии «Ақорда»
7-уми ноябр дар шаҳри Остона маросими истиқболи расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қасри «Ақорда» сурат гирифт.
Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев самимона пешвоз гирифтанд.
Пеш аз оғози маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев, нахуст, бо ҳайатҳои расмии ду кишвар шинос шуданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарварони давлатҳо аз назди сарбозон ва ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Қазоқистон сурат гирифт.
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни
Тоҷикистону Қазоқистон
Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар қасри президентии «Ақорда» дар Остона баргузор шуд.
Ҳангоми суҳбат ҳар ду пешво аз имконияти сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон ва муҳокимаи роҳҳои рушд ва таҳкими шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи самтҳои калидӣ босуръат рушд меёбад ва Қазоқистон яке аз шарикони пешбари тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардид, ки дар нуҳ моҳи аввали соли равон тиҷорати миёни ду кишвар 25,6 дарсад афзуда, ҳаҷми он аз 1 миллиард доллари ИМА зиёд шудааст.
Дар оғози музокирот, муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев чунин изҳор доштанд: «Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович! Ман аз сафари шумо ба Қазоқистон самимона истиқбол мекунам. Мо Шуморо ҳамчун як арбоби барҷастаи давлатӣ, як пешвои эътирофшудаи умумимиллии мардуми тоҷик мешиносем ва имрӯз мо комилан ҳақ дорем дар бораи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду давлати бародари худ сухан гӯем».
Ҳар ду ҷониб густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва иштироки фаъоли доираҳои соҳибкории ду кишварро дар ин раванд ҷавобгӯйи талаботи замон донистанд.
Зикр шуд, ки форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон низ, ки дар арафаи ин сафар дар Остона баргузор шуд, имконоти назарраси тавсеаи робитаҳои мустақими тиҷоратиро нишон дод. Барои рушди минбаъдаи муносибатҳо, аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, инфрасохтори рақамӣ ва «зеҳни сунъӣ» таъкид гардид. Таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рушди занҷираҳои устувори истеҳсолӣ вазифаи афзалиятнок дар соҳаи саноат дониста шуд.
Аз рушди минбаъдаи робитаҳои башарӣ, бахусус мубодилаҳои фарҳангӣ, маърифатию академӣ ва тиббӣ, изҳори қаноатмандӣ гардид.
Ба омӯзиши мутахассисон дар самтҳои амнияти киберӣ, технологияи иттилоотӣ ва «зеҳни сунъӣ» таваҷҷуҳи хос зоҳир гашт.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш, сиёсати ҷавонон ва амният низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Бо назардошти вазъияти мураккаби байналмилалӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ муҳим дониста шуд.
Мубодилаи созандаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
Сарфарозшавии Пешвои миллат бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ
Пас аз музокироти сатҳи олӣ, маросими супурдани Ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз шуданд.
Ин Ҷоизаи олии давлатии ба наздикӣ таъсисёфтаи Қазоқистонро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев тақдим намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти давлатиро «боз як тасдиқи сатҳи баланди эҳтиром ва эътимоди дуҷониба миёни кишварҳои мо» ва қадрдонии «хизматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистони бародар» маънидод карданд.
Изҳори итминон шуд, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон бо иштироки сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев маросими имзои 20 санади нави ҳамкорӣ бургузор шуд.
Нахуст, сарварони давлатҳо зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури сарварони давлатҳо санадҳои зерин ба имзо расиданд:
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо барои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетика;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба рушд ва таъмиқи ҳамкорӣ дар амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ва металлургӣ;
– Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа миёни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;
– Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва интегратсияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи рушди тиҷорати электронӣ;
– Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии “Телерадиокомплекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон”-и раёсати корҳои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши мол миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030;
– Ёддошти тафоҳум миёни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ;
– Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти воридоти маҳсулоти нафтӣ миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи саноат барои солҳои 2027;
– Ёддошти ҳамкорӣ миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солидкор Ресурсиз плк (Solidcore Resources plc);
– Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2027 – 2028 миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Ёддошти тафоҳум миёни Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодири Кумитаи бойгонӣ ва ҳуҷҷатгузории Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Маркази миллии дастнависҳо ва китобҳои нодири Кумитаи бойгонӣ ва ҳуҷҷатгузории Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Шабакаи телевизионии иттилоотии «Ҷаҳоннамо»» ва Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии дорои ҳуқуқи идоракунии хоҷагидории “Маҷмааи телевизион ва радиои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон”-и назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
– Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина»» ва Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии дорои ҳуқуқи идоракунии хоҷагидории “Маҷмааи телевизион ва радиои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон”-и назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон.
Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон форуми тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид. Дар маҷмуъ, миёни доираҳои соҳибкорӣ 25 санад ба маблағи 2,5 миллиард доллари ИМА ба имзо расид.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
Зимни изҳороти хеш роҳбарони ҳар ду давлат натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистонро барои таъмиқи муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонӣ неку барҷаста арзёбӣ намуданд.
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона
7-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев дар шаҳри Остона дар фазои тантанавӣ бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба ифтихори ифтитоҳи бинои Сафорат ва ташрифи сарварони давлатҳо, сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Қазоқистон садо дода, Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев бо шароити кор дар Сафорат шинос гаштанд.
Маҷмааи нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чор бинои асосӣ: бинои асосии Сафорат, бинои истиқоматии кормандон, бахши консулӣ ва қароргоҳи сафир ва биноҳои ёрирасон иборат мебошад.
Ифтитоҳи иншоот барои беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони Сафорат, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таҳкими имкониятҳои татбиқи вазифаҳои намояндагии дипломатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Пас аз ифтитоҳи бино, сарварони давлатҳо дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири рушду густариши муносибатҳои дӯстию бародарӣ миёни ду кишвар соядаст гузоштанд.
Мавриди зикри хос аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7-уми январи соли 1993 барпо шудааст.
Дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият дорад, ки он 5-уми октябри соли 2002 бо иштироки роҳбарони ду давлат ифтитоҳ ёфта буд.
Пас аз мавриди истифода қарор додани бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев дар саҳни ҳавлӣ ниҳоли дӯстӣ шинонданд.
Бозгашти Пешвои миллат ба Ватан
7-уми ноябр сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 5 – 7-уми ноябр дар Қазоқистон ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида, зимни он маҷмуи масоили ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Аз рӯйи натиҷаи музокирот 20 санад ва форуми соҳибкорони ду кишвар 25 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи 2,5 миллиард доллари ИМА ба имзо расид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев гусел намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 7-уми ноябр Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан баргаштанд.
