САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ МОСКВА

13 ноябр 2026, Ҷумъа
4


10-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди пойтахти Федератсияи Русия – шаҳри Москва, шуданд.
Дар фурудгоҳи “Внуково-2” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия пазироӣ карданд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок менамоянд.

Санаи нашр: 13.11.2026 №: 222