ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Аз 10 ноябри соли 2026, №744, ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №470
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №470 “Дар бораи Меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эзоҳи 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
“Эзоҳи 3. Нисбат ба молҳои таҳти рамзҳои молии 2710 ва 2711 таснифшаванда, ки аз давлатҳое ворид карда мешаванд, ки аъзои Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод намебошанд, меъёри сифрии боҷи воридотии гумрукӣ то 31 декабри соли 2026 татбиқ карда мешавад.”.
2. Қарори мазкур аз лаҳзаи қабул гардидан мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Санаи нашр: 13.11.2026 №: 222