АЗ УСТУВОНА ТО КОНСТИТУТСИЯ. ДУ САНАДЕ, КИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОНРО АРЗИШИ ОЛӢ ЭЪЛОН КАРДААНД
![]()
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қутбнамои давлатдории навин ва паймони умумимиллӣ дар ҷомеа нақши марказӣ дошта, ҷавҳари инсонпарваронаи ин санади олии ҳуқуқӣ решаҳои амиқ дар Устувонаи Куруши Кабир дорад, ки принсипҳои озодии эътиқод ва дахлнопазириро эълон карда буд.
Ин аст, ки барои мо – тоҷикон, решаҳои ғояи ҳукмронии қонун ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, пеш аз ҳама, бо таърихи бостонии давлатдории ниёгонамон пайванди ногусастанӣ дорад. Пойдевори устувори ин тафаккур ҳанӯз дар асри VI то милод аз ҷониби шоҳаншоҳи сулолаи Ҳахоманишиҳо – Куруши Кабир гузошта шуда буд. Устувонаи Куруш, ки соли 539 пеш аз милод пас аз фатҳи Бобил иншо гардид, дар таърихи ҷаҳонӣ ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст. Гарчанде ин санад дар шакли конститутсияҳои имрӯза набуд, вале ҷавҳар ва фалсафаи он мустақиман бо арзишҳои конститутсионии замони муосир ҳамоҳанг аст. Куруши Кабир дар ин санад озодии эътиқоду дин, дахлнопазирии молу мулк ва манъи ғуломиро эълон дошт, ки ин ҳамон принсипҳое мебошанд, ки имрӯз асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тавр, ҷавҳари инсонпарваронаи Устувонаи Куруш пас аз ҳазорсолаҳо дар заминаи ҳуқуқии давлатдории навини мо эҳё шуд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун вориси ин суннати бузурги таърихӣ, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кард. Ин пайванди таърихӣ собит месозад, ки қутбнамои давлатдории мо бар пояи адолат ва эҳтироми инсон, ки реша дар хотираи таърихии миллат дорад, устувор аст.
Халқи тоҷик бо такя ба таърихи давлатдории хеш ва таҷрибаи башарӣ, баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба бунёди низоми нави ҳуқуқии худ шуруъ намуд. Таърихи қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ, дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сурат гирифта, бо вуҷуди ин, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи инсон эътироф шуд.
Ҳоло Конститутсияи муосири Тоҷикистонро метавон марҳалаи нави рушди ҳамон тамаддуни ҳуқуқие номид, ки беш аз 2500 сол қабл аз ҷониби Куруши Кабир пойдевори он гузошта шуда буд. Ин ду санад, бо вуҷуди фосилаи таърихии беш аз 2500-сола, дорои ҷавҳари умумии инсондӯстӣ ва адолатпарварӣ мебошанд. Дар таҳқиқоти ҳуқуқии муосири Тоҷикистон ва дар паёму суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар китоби «Чеҳраҳои мондагор», таъкид мешавад, ки ғояҳои Устувонаи Куруш ҳамчун сарчашмаи таърихии ҳуқуқи башари ниёгони мо дар матни қонунгузории миллӣ таҷассум ёфтаанд.
Барои тасдиқи ин далел, тасмим гирифтем, ки чанд муқаррароти муштараку ба ҳам мувофиқро дар ин матлаб мавриди муқоиса қарор диҳем:
Арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ
Устувонаи Куруш аввалин санадест, ки зӯроварӣ, асорат ва ғуломиро манъ карда, эълон дошт, ки ҳеҷ кас набояд мавриди зӯроварии дигарон қарор гирад.
Конститутсияи Тоҷикистон: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Давлат ҳифзи ҳаёт, қадр ва номуси инсонро кафолат медиҳад» (моддаи 5).
Озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ
Устувонаи Куруш ба кулли сокинони шаҳри Бобил ва дигар сарзаминҳо озодӣ дод, то дину мазҳаби худро озодона интихоб ва парастиш кунанд ва маъбадҳои вайроншударо барқарор намоянд.
Конститутсияи Тоҷикистон дар моддаи 26 озодии виҷдонро кафолат медиҳад. Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян кунад, динеро пайравӣ намояд ё ҳеҷ динеро қабул накунад.
Озодии интихоби макони зист ва бозгашт ба Ватан
Устувонаи Куруш ба халқҳои асиру кӯчонидашуда, аз ҷумла яҳудиён, иҷозат дод, ки ба Ватани бобоии худ ва макони зисташон бозгарданд ва хонаҳояшонро аз нав обод кунанд.
Конститутсияи Тоҷикистон дар моддаи 24 ҳуқуқи шаҳрвандонро барои озодона гаштугузор кардан, интихоби маҳали зист ва озодона тарк кардани кишвар ва бозгашт ба онро кафолат медиҳад.
Ҳифзи моликият ва амнияти шаҳрвандон
Устувонаи Куруш дастур дод, ки артиш ба моликияти мардум дастдарозӣ накунад, хонаҳои онҳоро хароб насозад ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намояд.
Конститутсияи Тоҷикистон дар моддаи 32 дахлнопазирии моликият ва дар моддаи 22 дахлнопазирии манзилро ҳимоя мекунад.
Ҳангоме муқоиса мекунем, дармеёбем, ки Устувонаи Куруш як фармони шоҳона (манифест) барои барқарор кардани сулҳу адолат пас аз ҷанг буд.
Конститутсияи Тоҷикистон санади олии ҳуқуқии муосири давлати демократӣ ва дунявӣ мебошад, ки сохтори ҳокимият, иҷроия, қонунгузор, судиро муайян мекунад.
Устувонаи Куруши Кабир ҳамчун «нахустбахтнома» ва ҷавҳари тамаддуни ҳуқуқии ниёгон хизмат кардааст, ки ғояҳои волои он имрӯз дар Конститутсияи Тоҷикистон дар шакли меъёрҳои ҳуқуқии муосири байналмилалӣ рушд ва таҳким ёфтаанд.
Пайванди таърихӣ ва ҳуқуқии байни Устувонаи Куруш ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як ҳамоҳангии одии ғояҳо нест. Ин ду санад пойдевор ва омили асосии таҳкимбахши давлатдории миллӣ дар ду марҳалаи тақдирсози таърихӣ мебошанд. Яке заминаи тамаддуни давлатдории ориёиро гузоштааст, дигаре давлатдории муосири тоҷиконро дар асри муосир устувор нигоҳ медорад.
Хулоса, Устувонаи Куруши Кабир ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд. Агар Устувона хишти аввал ва тарҳи инсондӯстии ин давлатдориро гузошта бошад, Конститутсия онро дар шакли ҳуқуқии муосир ҳифз ва таҳким бахшид.
Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, номзади илмҳои филология
