КОНСТИТУТСИЯ. ИНСОН ВА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ Ӯ ДАР МЕҲВАРИ САНАДИ ОЛӢ

13 ноябр 2026, Ҷумъа
3


Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол дар давраи нисбатан душвор қабул гардид. Бо вуҷуди вазъи мавҷуда, ба Ҳукумати кишвар муяссар шуд, ки санади базавии ҳуқуқиро таҳия ва қабул намояд. Яъне, маҳз Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба сифати санади олии ҳуқуқӣ хатарҳоеро, ки ба истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ягонагии давлат таҳдид мекарданд, аз байн бурд.
Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлоли комил дар Конститутсия эълон дошт, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Кафолатнокии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Масоили ҳуқуқи инсон дар маркази Конститутсия меистад, ки ин яке аз принсипҳои калидии давлат ба ҳисоб меравад. Боби дуюм ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки 34 моддаро дар бар мегирад.
Дар баробари ин, дар дигар моддаҳои Конститутсия низ масъалаҳое, ки ба вазъи ҳуқуқи инсон дахл доранд, зиёд буда, дар маҷмуъ, муҳтавои асосии Конститутсияи имрӯзаро маҳз ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад.
Яъне, агар аз як ҷониб мавқеи конститутсионии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ чун арзиши олӣ – асоси давлати ҳуқуқбунёд бошад, аз ҷониби дигар ҳолат ё вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, низоми ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон – нишондиҳандаи дараҷаи демократӣ будани давлат ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Гузашта аз ин, ин санади олии ҳуқуқӣ консепсияи нави ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар худ дарҷ менамояд. Инчунин, Конститутсия муқаррар менамояд, ки эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд уҳдадории давлат ба ҳисоб меравад.
Дар Конститутсияи мо консепсияи «ҳуқуқи табиӣ»-и инсон дарҷ гардидааст, чунки онҳо аз ҷониби давлат ба шаҳрвандон «туҳфа» нашуда, балки эътироф мешаванд.
Ҳамин тавр, уҳдадориҳои давлат оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инро мефаҳмонад, ки давлат:
– ҳуқуқ ва озодиҳои ҷудонашавандаи инсонро, ки, аллакай, ба онҳо аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд, эътироф менамояд;
– онҳоро риоя менамояд, яъне барои амалишавии ҳуқуқҳои инсон шароит фароҳам меоварад (мисол, давлат барои пешбурди интихоботи озод ва демократӣ ба интихобкунандагон шароит фароҳам меоварад);
– ҳуқуқу озодиҳоро аз ҳама гуна муноқишаю вайронкуниҳо ҳимоя менамояд, бо роҳи муқаррар намудани доираи васеи кафолат ва амалишавии онҳо дар Конститутсия ва қонунгузорӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайронкунии онҳо (мисол, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои ҷиноятҳо бар муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд пешбинӣ менамояд).
Бояд зикр намуд, ки ҳангоми таҳияи Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар санадҳо, инчунин, аз санадҳои байналмилалие, ки дар ҷодаи ҳуқуқи инсон қабул гардидаанд, истифода шудаанд. Дар матни Конститутсия номгӯйи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз рӯйи тартиб тавре ҷобаҷогузорӣ гардидаанд, ки тартиби он дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948 омадааст.
Бо бовари комил зикр намудан мумкин аст, ки низоми ҳифз ва барқарорсозии ҳуқуқҳои вайронгардида, ки дар Тоҷикистон амал менамоянд, аз рӯйи самаранокии онҳо аз низоми миллии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои дар давлатҳои Ғарб мавҷудбуда, ки солиёни дароз аз ҷониби ҷомеаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ куллан эътироф гардидаанд, кам набуда, маҳз аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ низ таҷассуми худро ёфтаанд. Ин аст, ки дар байни конститутсияҳои кишварҳои ҷаҳон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз беҳтаринҳост.

Умед БОБОЗОДА, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

Санаи нашр: 13.11.2026 №: 222