АЗ ҲАМЗАБОНӢ ТО ҲАМДИЛӢ
24 майи соли равон бо қарори ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ниҳоди мазкур ворид карда шуд.
Ҳарчанд ин ҳодисаи неки таърихӣ ва рухдоди фарҳангӣ маҳсуб мешавад, аммо на ҷойи аҷобат аст. Албатта, метавон ифтихор кард, ки имрӯз дунё Мавлоно ва ашъори нобашро дарк намудаву қадр месозад. Махсусан, асари “Маснавии маънавӣ”-аш аз асарҳои серхонандатарин ба шумор меравад. Он дар ин чанд соли охир бо теъдоди зиёд ва забонҳои гуногуни олам нашру тарҷума шудааст. Худи Мавлоно дар рӯзгори хеш ҳаргиз бар ин андеша набуд, ки бо таълифи осораш соҳиби сарват ва шуҳрати ҷаҳонӣ бигардад. Мурод аз таълифи осори гаронбаҳо раҳнамоии дурусти инсонҳо, дарёфти ҳақиқат, омӯхтани илм, нек зистан буд. Вазифа ва масъулияти ҳаст шудану зиндагӣ карданро бозгӯ мекард, шарҳ медод. Табиист, ки ҳар нафаре бо ин мақсад мезияд, ҳақиқатро дарк мекунад ва монанди каси сероб дар об изтироб менамояд, то лабташнагонро ба сӯи он бикашад.
Мекунад сероб дар об изтироб,
То кашад лабташнагонро сӯи об.
На бо тааҷубу тасодуф, балки бо масъулияти тамом, фаҳму шинохти роҳи дуруст мегӯяд:
Одами хокӣ зи Ҳақ омӯхт илм,
То ба ҳафтум осмон афрӯхт илм.
Оре, ҳар нафаре ин ҳақиқатро дарёфтааст, метавонад ба ҳушдор таъкид бисозад:
Ин Замин чун гоҳвораи кӯдакон,
Болиғонро танг мегардад макон.
Пас чӣ бояд кард? Мурод аз гоҳвораи кӯдакӣ раҳо шудан аст. Ба ин пурсиш дар рӯзгори худ посухе шоиста дода буд:
Ҳар замон овози ишқ мерасад аз
чаппу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо
кирост?
Рафтан осон нест ва наметавон якбора ба бом ё худ ба фалак роҳ бурд. Усулу тарзи бар шуданро низ нишон медиҳад:
Поя – поя рафт бояд сӯи бом,
Ҳаст ҷабре будан ин ҷо тамъи хом.
Дар ин ҷо, яъне дар Замин мондан аз ғафлат ва тамаи хоми инсонист. Чун вориди дунё ё худ дукони “Маснавӣ”-и Мавлоно мешавӣ, аз ғафлат ва хомии худ шарм медорӣ. Дармеёбӣ, ки қимати худро ҳанӯз ҳамчун инсон он тавр ки бояд, нашинохтаӣ ва намедонӣ:
Қимати ҳар кола медонӣ, ки чист,
Қимати худро надонӣ, аблаҳист.
Дар олами “Маснавӣ” ин ҳақиқату гуфтаро ба ҷону дил тасдиқ мекунӣ:
“Маснавӣ”-и мо дукони ваҳдат аст,
Ғашри ваҳдат ҳар чӣ мебинӣ, бут аст.
Ба ин дукони ваҳдат бузургон, шахсиятҳои маъруфи олами адабу фарҳанги воло шарҳ навиштаанд ва, ҳамзамон, онро васф намудаанд.
Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад китоб.
Ва ҳам:
“Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ,
Ҳаст қуръон бо забони паҳлавӣ.
Таҳия ва нашри пурраи ин асари мондагор танҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар даст дод. Ба ин иқдом нахустин бор маҷаллаи навтаъсиси “Фарҳанг” рӯ овард. Он аз рӯи нусхаҳои нашри Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон (бо омодасозии Никлсон) бо алифбои кириллӣ баргардону таҳия шуд. Нашри асари мазкур дар соли 1991 собит сохт, ки шефтагони “Маснавӣ” дар кишвари мо аз андозаи тасаввур бештар будааст. Сар задани ҷанги шаҳрвандӣ сабаб шуду пас аз се дафтар ин гуна шакли омодасозӣ катъ гардид, ҳарчанд маҷалла орзуи нашри пурра ва дар шакли китоби алоҳида ба хонандагони сершумор дастрас намудани онро дошт.
Албатта, баъдҳо ин китоб борҳо бо шаклҳои гуногун ба табъ расид, аммо на ба он теъдоде, ки талаботи хонандагонро қонеъ намояд. Дигар осори Мавлоно, махсусан дар замони таҷлили 800-солагиаш нашр гардиданд.
Маврид ба тазаккури махсус аст, ки бо иқдоми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ эълон шуд ва он ҳамасола қайд карда мешавад.
Соли 2007 аз ҷониби ЮНЕКСО Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) эълон шуд.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба ин сана Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз дошта буданд: “Орифи бузург – Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Як сабаби асосии ба эҷодиёти мутафаккир рӯ овардани мардуми зиёд дар кишварҳои гуногуни олам ба он алоқаманд аст, ки ӯ аксарияти масъалаҳои ҳаётан муҳимро воқеъбинона тасвир кардааст”.
Воқеан, чунин ба назар мерасад, ки мавзуе, ҳатто дар рӯзгори имрӯзии мо, намондааст, ки Мавлоно ба он рӯ наовардаву дахл накардаву дар ҳалли дурусти масъалаҳо ёриамон надода бошад.
Даъвогарони Мавлоно ва осори безаволи ӯ аз замони зиндагиаш зиёд буданд, аммо ин ифтихор миллати моро соҳиб гардидааст, ки ашъораш, гуфтораш ба забони мо мебошад. Агарчи ҳамзабонони дигар кишварҳо ҳаққи ин соҳибиятро доранд, аммо барои дарку фаҳми вожаҳову мафҳумҳои осораш ба қомусу луғатҳо ниёзманд мешаванд. Хушбахтии мардуми мо аст, ки дар ин маврид ниёзманди шарҳи вожаҳо ва мафҳумҳояш нест.
Албатта, аҳли Қуния низ мефахранд, ки Мавлоно дар кишвари онҳо, сарзамини онҳо ба воя расид ва дар он ҷо ашъори нобу баландмазмунашро сароидаст.
Имрӯз на танҳо бо ҳамзабонӣ бояд ифтихор бикунем, балки собит бисозем, ки бо ин орифи бузургу комил ҳамдил низ ҳастем.
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Пас, чӣ бояд кард? Ба фармуди аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:
Зи ашъори Ҷалолуддини Румӣ
Ба девори ҳарими дил биёвез.
Яъне, бо азхуд кардани ашъораш ба дунёи фаҳму дарку ишқаш роҳ бибарем. Барои ин, албатта, осори ӯро бо теъдоди зиёд, зебо ба нашр бирасонем.
Таҳияву баргардониву чопи тафсирҳои классикии осори Мавлоно дар ин маврид зарур аст. Тавре маълум аст, Мавлоно пойбанди ҳеҷ қолибе набуд. Аз ин рӯ, шарҳҳое, ки худи ин орифи бузург ва фарзандаш Султон Валад додааст, бояд ҷамъоварӣ, баргардон, таҳия ва нашр бишаванд. Масалан, Мавлоно дар “Маснавии маънавӣ” меорад:
Дар замини дигарон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона макун.
Пас аз мутолиаи ин байт ҳатман чунин саволе пайдо мешавад, ки бегона кист ё чист, ки бояд кори ӯро накунему ба сомон нарасонем. Дар мавриди мазкур худи Мавлоно ба мададамон омада метавонад:
Кист бегона? – Тани хокии ту,
К-аз барои ӯст, ғамнокии ту.
Дар факултетҳои филологияи тоҷики донишкадаву донишгоҳҳо омӯзишу тафсири “Маснавии маънавӣ” бояд ба роҳ монда шавад.
Бешак, дар оғоз нарасидани мутахассисон баръало эҳсос мегардад, аммо минбаъд ин мушкилот батадриҷ рафъ мегардад.
Тадбирандешӣ барои баргузории озмунҳои Мавлонохонӣ ва дар Рӯзи Мавлоно ҷамъбаст намудану эълону ҳавасмандии ғолибон зарур мебошад.
Тарғибу ташвиқи шахсияти бузурги Мавлоно ва осори ҷовидонааш бояд ба Рӯзи ӯ маҳдуд нагардад.
Баргузории суҳбатҳои мутахассисон бо омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони соҳаҳои гуногун низ аз манфиат холӣ нест. Аз рафти чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва суҳбату ҳамоишҳои илмӣ бояд ба мақомоти болоии дахлдор хаттӣ гузориш дода шавад.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)