ҶАВҲАРИ ҲИКМАТИ АСРҲО. ҚОНУНИ МИЛЛӢ 16-СОЛА ШУД
Ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли равон 16 сол пур мешавад. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо Одинашоҳ Вализода, номзади илми педагогика, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин хусус ва дигар масъалаҳои марбути он сурат гирифт.
– Муҳтарам Одинашоҳ Вализода, аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ тағйироте дар ин 16 сол дар хусуси ҷашну маросими миллӣ ба вуҷуд омад?
– Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба буҳрони азими иқтисодӣ гирифтор шуд ва ин давра марҳалаи хеле паст рафтани сатҳи зиндагӣ ба ҳисоб мерафт. Барои пешгирӣ кардани ин хатар ва таъмини мардум бо маҳсулоти худӣ, бо саъю талошҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1995 ва 1997 ба аҳолии мамлакат 75 ҳазор (аввал 50 ҳазор ва баъд 25 ҳазор) гектар замин тақсим карда шуд.
Ин иқдом натиҷаҳои мусбат бахшид. Мутаассифона, исрофкорӣ ва афзудани ҳирси ҷамъоварии сарват боиси косташавии сатҳи маънавияту рӯзгори қисми зиёди мардуми камбизоат гардида, монеи пешравии ҷумҳурӣ ба самти тамаддуни умумибашарӣ, сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мегардид.
Ҳамаи инро ба назар гирифта, 9 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир шуд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 «Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ» қабул гардид.
Пас аз фаъолияти зиёда аз 7-солаи Комиссия бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул гардид. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат аст.
Давоми 16 сол дар асоси дастури Сарвари давлат Қонуни танзим дар шакли китобча бо теъдоди як миллиону 100 ҳазор ва тафсири он бо теъдоди 60 ҳазор чоп гардида, ба ҳар як оила расонда шуд.
Таҷрибаи татбиқи Қонуни миллӣ исбот намуд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ин санади меъёрии ҳуқуқӣ такмил дода шавад.
Бинобар ин, дар давоми 16 сол ба Қонуни мазкур чор маротиба (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010, 28 августи соли 2017 ва 25 июни соли 2021) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Дар натиҷа, сокинони мамлакат такя ба талаботи Қонуни танзим мақсаднок сарф кардани маблағ аз дороии худро дарк карда, мушкилиҳоро нисбатан осон паси сар намуданд.
– Панҷ сол пеш, дақиқтараш соли 2018, Тафсири ин Қонуни бисёр муҳим ба табъ расид. Бо ин ҳама мардум ҳанӯз дар фаҳм ва амалигардонии баъзе аз мафҳумҳо, қисматҳои Қонун ба мушкилӣ мувоҷеҳ мегарданд. Албатта, ин боз дар суратест, ки Қонун ҳаҷман бузург нест. Ба ҷуз ин, мардум ҳанӯз ба баъзе аз ҷашну маросим, ки хоси фармудаи ислом нест, эътимод дорад. Чӣ корҳо боз иловатан бояд ба анҷом бирасанд, то гуногунфаҳмӣ ё худ нодурустфаҳмӣ аз миён биравад?
– Расму оинҳои мардуми мо тули асрҳо, асосан, дар доираи ду тамаддуни таърихӣ - ориёӣ ва исломӣ ташаккулу такомул ёфтаанд. Қисми бештари анъанаву суннат, расму оин ва ҷашну маросими халқие, ки имрӯз дар байни мардуми мо маъмуланд, маҳсули марҳалаи исломист. Аксарияти ин маросим ҳамчун як рукни фарҳанги миллӣ шинохта шудаанд, вале бо мурури замон ва таҳти таъсири омилҳои гуногун ба тағйироти шакливу маъноӣ дучор шуда, бештар моҳияти зиёфат ва таом додану таом хӯрданро ба худ гирифтаанд. Яъне, онҳо имрӯз аслу мақсади асосиашонро то андозае гум кардаанд. Ва чунон ки мебинем, ҳоло маҳз ҳамин омил ҷаҳонбинӣ ва маърифати мардуми моро таҳти таъсир қарор дода, боиси зоҳирпарастӣ ва исрофкории аз ҳад зиёд шуда истодааст.
Назорат ва татбиқи Қонун дар маркази шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Зиёдаравӣ ва мушкилиҳо, асосан, дар ҳудуди деҳот зиёд ба чашм мерасанд. Агар аъзои комиссияи доимӣ, ки аз ҳисоби шахсони обрӯманду соҳибэҳтироми деҳаҳо интихоб гардидаанд, якдилонаву бомаслиҳат назорати муштараки маъракаҳоро дошта бошанд, ин мушкилиҳо осон хоҳанд шуд.
– Ин савол ба саволи пешин иртибот дорад. Чаро ба пуррагӣ муваффақ шуда натавонистем, ки дар ин муддат пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро бигирем?
– Дар назари аввал менамояд, ки дастовардҳо каманд. 16 сол пеш ҳангоми қабули ин Қонуни миллӣ аз 70 номгӯи ҷашну маросими расмӣ, зодрӯз, хатнасур, домодию арӯсӣ, дафну азодорӣ ва ҳаҷ 55 номгӯи он барҳам хӯрда, 15 номгӯи он боқӣ мондааст. Масалан, дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии зиёноварӣ ба пешрафти кору меҳнат дар соатҳои барвақти субҳ ташкил намудани маъракаҳои серхароҷоти оши наҳорро манъ карданд (дар рӯзҳои корӣ низ аз соати 06:00 то 08:00 оши наҳор баргузор мегардид) ва гузарондани тӯю маъракаҳо дар рӯзҳои корӣ пас аз соати 17:30 то соати 23:00 баргузор мешуданд.
Инчунин, бо дабдаба гузарондани зодрӯз дар тарабхонаву корхонаҳо, бо теъдоди аз 300 то 800 нафар барпо кардани тӯйи домодию арӯсӣ ва домодталабон, забҳи зиёди чорво дар маъракаҳои дафну азодорӣ ва ғайра аз байн рафтанд.
Агар аз рӯи адолат тааммул кунем, дарк мекунем, ки қабули Қонуни танзим саривақтӣ буд. Мутаассифона, дар ибтидо идеяи танзими расму оинҳо ва моҳияти онро, пеш аз ҳама, масъулини қисман вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва ходимони дин сарфаҳм намерафтанд. Ин амали онҳо далел бар он буд, ки роҳбари роҳнамо набуданд.
Тавассути Қонуни миллӣ танзим кардани ҷашну маъракаҳо таъсири мусбати худро ба ҳар як оила расондааст. Сари вақт хатна кардани писарон, фарогирии насли наврас ба мактаб, таҳсили расмии ҷавонон дар хориҷи мамлакат, зиёд гардидани теъдоди хонадоршавии ҷавонон, афзудани пасандозҳои шахсони воқеӣ дар бонкҳо, кам гардидани забҳи чорво дар маъракаҳо аз ин Қонун сарчашма мегиранд.
– Пас аз чор сол ба қабули Қонуни мазкур 20 сол пур мешавад. Ин санаро бо чӣ дастовардҳои тозаву муҳим метавон таҷлил кард?
– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории расму оинҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем.
Ин ишора ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ муносибате дорад ва он муносибат ин аст, ки шинохти худ ва огоҳӣ аз худ бештар дорои асоси амалист. Инсон ҳангоми фаъолияти амалӣ худро ва дигаронро мешиносад.
Миллат бидуни худогоҳии миллӣ вуҷуд нахоҳад дошт. Агар кас нек бияндешад, дарк мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавҳари ҳикмати асрҳоро ҷамъ оварда, ба насли имрӯза дарси худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву масъулиятшиносиро омӯзонд ва бо андешаи расо мардумро ба роҳи ҳақиқат ҳидоят намуд.
Бо эътимод гуфтан мумкин аст, ки таҳкурсии маънавии аксарияти ҷомеа мустаҳкам гардидааст ва дар ояндаи наздик рисолати Қонуни миллӣ ба он дараҷае, ки зарур аст, пурра амалӣ хоҳад гашт.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)