АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
АЛИМЕНТ
Барои саркашӣ нисбат ба 538 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст
Ба иттилои Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли рафта ба Хадамот 11636 истеҳсолоти иҷро оид ба ситондани маблағи алимент ворид гардидааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 1662 адад кам мебошад. Айни замон аз солҳои пешин, дар умум 94934 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба алимент дар баррасии иҷрочиён қарор дошта, соли гузашта ба манфиати модару кӯдак 39,9 миллион сомонӣ рӯёнда шудааст.
Бинобар барқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент, нисбат ба 538 нафар тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ, бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Инчунин, 398 қарздор барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зист бо таъиноти суд ва қарори иҷрочиён дар кофтуков мебошад.
Перомуни саволи хабарнигори “Ҷумҳурият” вобаста ба иҷро нагардидани 1818 истеҳсолоти иҷро дар соли 2022 сардори Хадамот чунин посух дод: “Ин шумораи истеҳсолоти иҷрое ҳастанд, ки дар охири давраи ҳисоботӣ, яъне моҳи декабр ба Хадамот ворид гардидааст. Аз ҳамин хотир, онҳо ба соли 2023 гузаронда шуда, имсол мавриди иҷро қарор мегиранд”.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
"ТОҶИКСТАНДАРТ"
Дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ тақвият меёбад
– Ҷиҳати дастрасии субъектҳои хоҷагидор, истеҳсолкунандагони ватанӣ, хусусан корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, 118 стандарти байнидавлатӣ (ГОСТ) ба сифати стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул гардид. Айни ҳол дар сомонаи агентӣ шумораи умумии стандартҳо 22895 ададро ташкил медиҳад, – изҳор дошт Абдулваҳобзода Темурҷон, директори Агентии “Тоҷикстандарт” зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар заминаи тақвият бахшидани рушди содирот, вобаста ба таҳияи стандартҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии соҳа дар мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ мондани омӯзиши стандартҳои қабулгардида бо кишоварзон вусъат дода шуд. Дар ин давра бо кишоварзони ноҳияҳои Ҷайҳун ва Кӯшониёни вилояти Хатлон оид ба рисолаи тавзеҳӣ аз рӯи стандарти байналмилалии Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид – «ЕЭК ООН FFV-25» барои содирот, назорати сифати маҳсулоти пиёзи барвақтӣ ва дигар стандартҳои кишоварзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳритус, Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳринав низ бо хоҷагидорон оид ба риояи стандарти байналмилалии пиёзи барвақтӣ, зардолу, гелос, олу ва анор корҳои амалӣ доир гардиданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Иштироки Амонатбонк дар 26-умин Конгресси ҷаҳонии WSBI
- Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушди хизматрасониҳои ғайринақдӣ, Бонк 683 нуқтаи қабули маблағҳои коммуналӣ ва 372 нуқтаи қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намуда, 822 адад QR - рамз ва 656 адад постерминалҳоро дар муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст, - иброз дошт Сироҷиддин Икромӣ, раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк".
Амонатбонк 18 ташкилоти қарзиро ба низоми биллингии худ пайваст намуда, ба онҳо имкон додааст, ки тавассути низомҳои дохилии корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ва мобилбонк ба муштариёни худ дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ, об ва шабакаҳои гармидиҳанда хизматрасонӣ намоянд.
Дар натиҷа, гардиши умумии ҳисоб-баробаркуниҳои байнибонкӣ дар дохили ҷумҳурӣ 196 миллиард сомонӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ тавассути ҳисобҳои корреспондентӣ бо ифодаи умумӣ 3,3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Сандуқи қарзии Бонк 1,7 миллиард сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 52 ҳазор нафар мебошад, ки нисбат ба соли 2021 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 21,2 фоиз афзудааст.
Амонатбонк бо 16 бонки хориҷӣ бо истифода аз 49 суратҳисоби корреспондентӣ ҳамкорӣ дорад.
Боиси зикр аст, ки роҳбарияти Амонатбонк дар 26-умин Конгресси ҷаҳонии WSBI оид ба нақши калидии бонкҳои амонатӣ ва чакана, ки дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ бо иштироки 280 намояндаи давлатҳои гуногун баргузор гардид, иштирок карда, дар бахши пленарии он оид ба «Нақши шабакаҳои Амонатбонк дар раванди рақамикунонии иқтисодиёт дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд ва он дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии «Financial News & Views» нашр гардид.
Бо мақсади баррасии пешниҳодҳо, арзу шикоят ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Telegramm” суроғаи “Murojiat_bonk” кушода шудааст, ки муроҷиаткунандагон метавонанд аз он бемамоният истифода баранд. Инчунин, дар дастгоҳи марказии Бонк маркази тамос фаъолият дорад, ки муштариён метавонанд бо рақами кӯтоҳкардашудаи 1885 барои ҳалли мушкилоти худ ба Бонк муроҷиат намоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
57 шахси имконияташон маҳдуд ба мактабҳои олӣ дохил шуданд
Соли рафта ба шуъбаи минтақавии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб, маҷмуан 6 ҳазору 366 нафар барои муайян ва тасдиқ намудани гурӯҳи маъюбӣ муроҷиат кард. Аз ин теъдод ба 5960 нафар маълулӣ муқаррар гардид, ки 2043 нафари он бори аввал муроҷиат кардааст. Тибқи “Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон” 82 нафар аз рӯйхати маълулон бароварда шуд.
Дар ин бора Исмоил Қурбонов, сардори шуъбаи фавқуззикр, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда тазаккур гуфт, ки соли гузашта 57 шахси имконияташон маҳдуд тариқи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурда, унвони донишҷӯиро соҳиб гаштанд ва айни замон таҳсилашонро идома дода истодаанд.
И. Қурбонов аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки, асосан, сабабҳои зиёдшавӣ ва вазниншавии маъюбон сари вақт муроҷиат накардани онҳо ба мутахассисони соҳа, бархӯрдор нагардидани табобату тадбирҳои тавонбахшӣ, табобати пурра нагирифтани бемороне, ки боиси маълулӣ мегарданд, никоҳи хешутаборӣ ва бемории сироятии коронавирус мебошад.
Ба гуфтаи масъулон, норасоии мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла экспертҳо барои кӯдакони маъюб, табиби дилшинос ва чашм, дар шуъба чашмрас аст.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.02.2023 №: 30
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)