ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ". ОЗМУН БАРОИ МУБОДИЛАИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИЮ ЧИНӢ

"ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ". ОЗМУН БАРОИ МУБОДИЛАИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИЮ ЧИНӢ

09 июн 2023, Ҷумъа
14
0
Даври ниҳоии 22-юмин Озмуни “Пули забони чинӣ” барои донишҷӯёни  хориҷӣ дар Тоҷикистон бо сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бошукӯҳ баргузор гардид. Пас аз чаҳор даври рақобати шадид Обидҷон Аминзода (Ван Зе) ғолиби Озмун, Шоҳиста Азимова (Су Си) ҷои дуюм, Фирӯза Қурбонова (Син Фей) ҷои сеюм, Зарнигор Мирзобобоева (Ланхуа) ҷойи сеюм, Саидшоҳиддин Азизов (Ан Чен) ҷоизаи беҳтарин суханвар, Фаридун Норов (Лю Донгян) ҷоизаи беҳтарин, Фирӯзахон Азимова, ҷоизаи беҳтарин иҷро ва Шаҳриёр Ҷабборов ҷоизаи беҳтарин услубро сазовор гардиданд.
Дар чорабинии мазкур 300 омӯзгору донишҷӯ аз Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ, аз ҷумла меҳмонони фахрӣ: ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода, сафири фавқулода ва мухтори ҶМЧ дар Тоҷикистон Ҷи Шумин, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев, раиси Федератсияи Чин дар хориҷи Тоҷикистон Канг Чжунгю, директори чинии Институти Конфутсийи Донишкадаи металлургии Тоҷикистон Рен Генгтян, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, фарҳанг, намояндагони корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон, инчунин, шабакаҳои гуногуни таълимию фарҳангӣ, расонаҳои хабарӣ ширкат варзиданд. Шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Баҳористон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Душанбе HD”, Агентии иттилоотии “Авесто”, АМИТ “Ховар” аз рафти  Озмун гузориш доданд.
Дар оғози чорабинӣ ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт изҳор дошт, ки дар раванди рушду пешрафти фарҳангӣ забон ва маданият ба ҳамдигар вобаста ва таъсири мутақобила доранд. Забон барандаи фарҳанг ва пояи фарҳанг аст. Тоҷикистон ва Чин аз соли 2007 ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи маориф ва илм ба роҳ мондаанд. Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ намунаи ҳамкориҳои  сатҳи баланди ду миллати куҳантамаддун аст.
Ҷи Шумин дар суханронии худ гуфт: “Озмуни "Пули чинӣ"-ро метавон "маркази санҷиши сифат"-и таълими забони чинӣ ва як марҳилаи боз барои кашфу интихоби истеъдодҳо номид. Мавзуи озмуни имсолаи "Пули чинӣ" "Як ҷаҳон – як оила" буд, ки ба мафҳуми ҷомеаи дорои ояндаи муштараки башарият ва ибтикори тамаддуни ҷаҳонии пешниҳодкардаи Сардори давлат Си Ҷинпин аз нигоҳи арзишҳо хеле мувофиқ аст. Солҳои охир ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии Чину Тоҷикистон устуворона инкишоф ёфта, амиқтар шудани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар дар бахшҳои гуногун соҳибистеъдодҳои бештареро тақозо мекунад. Ин, албатта, дар натиҷаи ошно шудан ва аз худ кардани забони ҳамдигар ба вуҷуд меояд.” 
Дар охир Ҷи Шумин ба ҳамаи иштирокчиёни Озмун натиҷаҳои назаррасро таманно кард.
Ҳашт довталаб аз чаҳор донишгоҳи Тоҷикистон аз интихоби ҷиддии пешакӣ гузашта, бартарӣ пайдо карданд ва бомуваффақият ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Пеш аз баргузории Озмуни расмӣ, дастаи ҳунарии Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ репертуари аҷиби чинию тоҷикиро навохтанд. Баъд аз он 8 иштирокдори Озмун бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ карданд ва расман даври ниҳоии Озмун оғоз ёфт.
Қисми якуми Озмун «Бо истеъдодҳои худ ба дунё омадаам» унвон дошта, аз нутқи асосӣ ва намоиши истеъдод иборат буд. Тавассути суханронӣ довталабон ҳикояҳои худро дар бораи омӯхтани забони чинӣ бо забони чинӣ ва фаҳмиши худ дар бораи "Як ҷаҳон – як оила" нақл карданд. Пас аз анҷоми ин марҳила,  шаш довталаб бо комёбӣ ба марҳилаи дуюм роҳ ёфт.
Қисми дуюм "Далерона ба пеш" ном дошт. Ҳадаф санҷиши ошноии онҳо бо донишҳои гуногун, аз қабили фарҳанги чинӣ ва шароити миллии Чин мебошад. Дар ин марҳила довталабон бояд дар давоми як дақиқа ба саволҳои бештар ҷавоб бояд диҳанд. Пас аз рақобати шадид ниҳоят чаҳор ширкаткунанда ба даври сеюм роҳ ёфт.
Марҳилаи сеюм «Вохӯрӣ дар роҳи танг» буд. Дар ин давр довталабон бояд мазмуни расмро аз рӯи расми интихобшуда дар муҳлати муқарраршуда дуруст баён кунанд. Иштирокдорон мавзуъҳоро тавассути расмҳо зуд дарк ва онҳоро ба таври умумӣ баён карданд. Пас аз рақобат ду иштироккунанда ба даври чаҳорум гузашт. 
Қисми чаҳорум "Макони бошукӯҳ" буда, мубориза барои қаҳрамонӣ ва ҷои дуюм идома ёфт. Ин қисм се намуди саволро дар бар гирифт: саволҳое, ки  шунидан тақозо мешавад, таҳлили маънои калима ва саволҳои номбаркунӣ, ки қобилияти чиниро месанҷанд. Дар ин марҳила иштирокчиён бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ба саволҳои мухталиф посухи дақиқ медоданд, то ба маҳорати чинӣ мутобиқшавии худро нишон диҳанд.
Дар ин Озмун омӯзандагони забони чинӣ маҳорати худро нишон дода, ба баҳои баланди доварон сазовор гардиданд. Доварон дар хусуси маҳорати довталабон эродҳои касбӣ гирифта, талош ва дастовардҳои онҳоро дар омӯзиши забони чинӣ ва дарки фарҳанги Чин тасдиқ карданд. Дар баробари ин, чанд пешниҳоду андешаҳои арзишманд низ, ба миён гузошта шуданд. Умедворам, ки довталабон дар таҳсили минбаъдаи худ сатҳи забон ва саводнокии фарҳангии худро пайваста такмил медиҳанд.
Озмуни мазкур дар баробари рақобати пуршиддат ва ҳаяҷоновар, ҳамчунин, намоишҳои барномавии махсусро фаро гирифт. Баъд аз ҳар як давра гурӯҳи ҳунарии Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ба тамошобинон намоишҳои адабию ҳунарии дидании Чину Тоҷикистонро пешкаш мекарданд.
Илова бар ин, бо ҳисоб кардани натиҷаҳои овоздиҳии онлайнӣ барои 16 иштироккунандаи беҳтарин, ҳамзамон, се нафари пурталош: Сардорбек Бобоҷонов, Шаҳриёр Ҷабборов ва Дилноза Калонова барои ҳунарнамоии барҷаста «Ҷоизаи маъруфияти шабака» тақдим гардид.
Дар ин Озмун муқаррар намудани пайвандҳои гуногун, истифода аз истеъдоди иштироккунандагон, санҷиши қобилияти забонӣ ва мутобиқшавии онҳо ҳадафи асосист. Озмун ба тамошобинон  ҷаззобияти забон ва фарҳанги чиниро нишон дод. Озмуни "Пули забони чинӣ" на танҳо барои омӯзандагони забони чинӣ дар Тоҷикистон замина фароҳам меорад, то худро ба оламиён муаррифӣ созанд, балки ба табодул ва омӯзиши мутақобилаи забон ва фарҳанги тоҷикию чинӣ мусоидат мекунад.
 
Донишкадаи Конфутсийи назди 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.06.2023 №: 121
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив