ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МО БА ОЯНДАИ НЕКИ РОБИТАҲОИ ДӮСТОНА БО ДАВЛАТИ ҚАТАР ИТМИНОН ДОРЕМ. МУСОҲИБАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХАБАРНИГОРОНИ АГЕНТИИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ҚАТАР

МО БА ОЯНДАИ НЕКИ РОБИТАҲОИ ДӮСТОНА БО ДАВЛАТИ ҚАТАР ИТМИНОН ДОРЕМ. МУСОҲИБАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХАБАРНИГОРОНИ АГЕНТИИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ҚАТАР

12 июн 2023, Душанбе
27
0

 
8 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба саволҳои хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Қатар ҷавоб доданд. Хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Қатар аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суолҳо оид ба натиҷаҳои сафари давлатии Амири Давлати Қатар, рушди муносибатҳо байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати кунунӣ ва ояндаи ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин соҳаҳои калидии ҳамкориҳо, муроҷиат карда, посухҳои амиқ гирифтанд.
Дар рафти мусоҳиба назари умумии ҷониби Тоҷикистон нисбат ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳимтарин масъалаҳои глобалии сайёра, аз қабили норасоии оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлиму пайомадҳои он ва ҳифзи пиряхҳо иброз гардид. Мавриди зикр аст, ки тамоми ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои об, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.
– Солҳои охир муносибатҳо байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас рушд мекунанд ва дар оғоз, сафари Амири Давлати Қатарро ба кишваратон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба рушди муносибатҳо бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла бо Давлати Қатар, аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Мо ба сатҳу раванди рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Давлати Қатар ва дурнамои онҳо, ки ба арзишҳои муштараки тамаддунӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем.
Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки сафари давлатии Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ба Тоҷикистон ба тақвияти боз ҳам бештари маҷмуи муносибатҳои ҳамкории ду давлат, аз ҷумла иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву башарӣ, мусоидати муассир намуда, онҳоро бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гардонид.
Нахуст, зикр карданиам, ки ҳангоми сафари Волоҳазрат мо ният дорем дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Масҷиди ҷомеи замонавиро, ки бо дастгириву ёрии мамлакати дӯст бунёд ёфтааст, расман ифтитоҳ намоем.
Мо сафари кунунии ҳайати воломақоми Давлати Қатарро ҳамчун идомаи мантиқии муколамаи доимии байнидавлатии ду диёр арзёбӣ менамоем.
Музокироти сатҳи олии соли 2007 дар Душанбе, соли 2017 дар Давҳа зимни сафари давлатии инҷониб ба Давлати Қатар ва соли 2019 дар Душанбе дар чорчӯби боздиди бародари гиромӣ Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ аз Тоҷикистон баёнгари сатҳи олии робитаҳои сиёсии кишварҳо мебошанд, ки дар пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду давлат нақши калидӣ доштанд.
Маҷмуи санадҳои нави дуҷонибае, ки дар ҳошияи сафари Амири Давлати Қатар ба имзо мерасанд, бешубҳа, асоси ҳуқуқии ҳамкориҳои моро тақвият медиҳанд.
– Ин сафар барои рушди муносибатҳо ва ҳамкории ду мамлакат дар соҳаҳои гуногун чӣ аҳамият дорад?
– Мо алоқаманди рушду густариши минбаъдаи робитаҳои байни ду кишвар дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Бар ин боварем, ки натиҷаҳои музокироти мо омили муҳими пешбурди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ хоҳанд гардид.
Қобили зикр аст, ки дар самтҳои шарикии зикргардида, инчунин, дар соҳаҳои энергетика, бонкдорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ҳар ду кишвар имкониятҳои васеи ҳанӯз истифоданашуда доранд ва татбиқи фаъоли онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои мардумони мо мебошад.
Ин соҳаҳоро мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо ҷониби Қатар медонем ва аз ҳузури фаъоли сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишвари дӯст, аз ҷумла дар таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, истиқбол менамоем.
– Ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи байни ду давлат чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории ду кишвар дар сатҳи баланд қарор дошта, рӯз то рӯз тақвият меёбанд.  Тамосҳои мунтазами ҳайатҳои баландпояи расмӣ, роҳбарону аъзои парлумонҳо ва сохторҳои соҳавӣ, бешубҳа, дар пешбурди самарабахши ин раванд нақши муҳим доранд.
Ҷонибҳоро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи босамари санадҳои қаблан имзошуда, инчунин, тақвият додани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ саъю талош намоянд.
– Ба ояндаи муносибатҳои ду кишвар чӣ назар доред?
– Мо ба ояндаи неки робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Қатар итминони комил дорем ва дурнамои онҳоро умедбахш арзёбӣ менамоем.
Дар Тоҷикистон соҳаҳои энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати сабуку нассоҷӣ, хӯрокворӣ, маъдан, коркарди меваю сабзавот, металл, сангҳои қиматбаҳо ва умуман истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом, дорусозӣ, нақлиёт, бахши молия, рақамикунонӣ, инчунин кишоварзӣ ва сайёҳӣ, ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ муайян карда шудаанд. Васеъ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманду ояндадор дар бахшҳои зикргардида ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои мо заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Бовар дорам, ки ин соҳаҳо барои сармоягузорони қатарӣ ҷолибанд. Дар ин самт Тоҷикистон омода аст, ки тарҳҳои сармоягузориро ба доираҳои алоқаманди мамлакати дӯст пешниҳод намояд.
Давлати Қатар яке аз аввалин кишварҳои арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузории мустақим кардааст. Ширкати қатарии “Диёр” дар пойтахти давлати мо лоиҳаи сармоягузории “Диёри Душанбе”-ро татбиқ менамояд. То имрӯз марҳалаи якуми лоиҳаи мазкур ба анҷом расидааст. Ширкати зикршуда ният дорад, ки дар ояндаи наздик марҳалаи дуюми лоиҳаро анҷом диҳад. Мо алоқаманди оғози ҳарчи зудтари татбиқи марҳалаҳои минбаъдаи ин лоиҳа ҳастем.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ муҳайё гаштааст. Дар қонунгузории амалкунанда барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидааст. Қонунгузории мо баробарҳуқуқии сармоягузорони ватанию хориҷиро кафолат медиҳад ва инро мо ҳамчун омили мусоидатгар ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат ва сармоягузорӣ миёни кишварҳоямон мешуморем. Таҳлили ҳолати робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба нишон медиҳад, ки ду кишвар алоқаманди робитаҳои ҳасана дар ҳамаи соҳаҳои мавриди манфиатҳои муштарак мебошанд.
– Ба назари Шумо кадом соҳаҳо барои ҳамкориҳои нави ду мамлакат калидӣ ҳастанд?
– Албатта, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар маҷмуи муносиботи кишварҳоямон аз самтҳои авлавиятнок ба шумор мераванд. Дар зимн, афзоиши ҳаҷм ва тавсеаи сохтори тиҷорат миёни ҷонибҳо ва густариши ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ амри зарурист.
Дар ин радиф соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ, бахусус оби нӯшокӣ ва меваҷоту сабзавоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тозаро низ, номбар кардан бамаврид аст.
Мо, бо назардошти имкониятҳои зиёди ду кишвар, рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ барои ҳар ду ҷониб муфид медонем. Ҳамаи ин соҳаҳо аз ҷумлаи самтҳои муҳиме мебошанд, ки мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор доранд.
Ба манзури густариши бештари ин робитаҳо таъсиси Шурои доимоамалкунандаи соҳибкорони ду диёр ва ба таври мунтазам доир намудани форумҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак нақши муассир хоҳанд бозид.
Ҳамчунин, боиси таъкид аст, ки барои густариши ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки соҳибкорони ду давлат дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои мусоид фароҳаманд. Бинобар ин, ман аз сармоягузорони кишвари бародар даъват менамоям, ки аз ин имкониятҳо васеъ истифода намоянд.
Дар шароити имрӯза барои рушди соҳаи сайёҳӣ мамлакатҳои моро зарур аст, ки оид ба зарфиятҳо ва имкониятҳои якдигар бештар огоҳӣ пайдо кунанд ва рафтуомади шаҳрвандонро сода намоянд. Мо ба ин назар ҳастем, ки татбиқи бомуваффақи тарҳҳои якҷоя, ташвиқи сармоягузориҳо ва таҳкими муносибатҳо дар дигар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак роҳро барои густариши ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ васеъ хоҳад намуд.
Тоҷикистон шароити муносибро барои сайёҳон фароҳам овардааст, аз ҷумла шаҳрвандони Давлати Қатар, имкон доранд бидуни раводид ба Тоҷикистон ворид шаванд.
Мо ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро рукни муҳими робитаҳои башарии ҷонибҳо медонем. Бинобар ин, барои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳар ду кишвар ҳанӯз имкониятҳои фаровони истифоданашуда доранд.
– Ҳамкории сиёсӣ байни ду давлат ва назари умумӣ ба мушкилот ва буҳронҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ?
– Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориҳои судмандро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда, аз ташаббусҳои ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ менамоянд.
Зимнан, ба Давлати Қатар барои дастгирии доимӣ аз иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим ва амнияти минтақавӣ арзи сипос мекунем.
 Ҷонибдории кишвари дӯстро, ҳамчунин, аз ташаббуси панҷуми глобалии мо дар хусуси эълон кардани соли 2025, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қадрдонӣ менамоем.
Дар мавриди ҳалли буҳронҳо Тоҷикистон гуфтушунидҳоро ягона роҳи ҳалли мусолиматомез медонад. Дар ин замина мо талошҳои созандаву дипломатии кишвари бародарро дар ҷодаи таъмини сулҳу амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қадрдонӣ мекунем.
– Муҳимтарин масъалаҳое, ки дар рафти мулоқот бо Амири Давлати Қатар баррасӣ хоҳед кард?
– Масъалаҳои муҳиме, ки дар сатҳи олӣ баррасӣ мешаванд, пеш аз ҳама, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Албатта, бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон масъалаҳои мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ, инчунин, ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ матраҳ хоҳанд шуд.
Зимнан, Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра манфиатдори густариши ҳамкориҳои самарабахш бо Давлати Қатар ва сохтору ниҳодҳои он дар бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Вобаста ба ин, масъалаҳое, ки дар рафти мулоқот баррасӣ хоҳанд шуд, дар роҳи густариши минбаъдаи муносиботи Тоҷикистон ва Қатар қадами ҷиддии навбатии равобити ҳасана арзёбӣ мешаванд.
– Назари Шумо ба рушди ҳамкории ду кишвар дар соҳаи энергетика?
– Барои Тоҷикистон Қатар аз ҷумлаи шарикони муҳим дар арсаи байналмилалӣ буда, муносибатҳо дар соҳаи энергетика бисёр зарур мебошанд.
Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон истеҳсоли 527 миллиард киловатт/соат неруи барқ дар як солро доро мебошад, ки ҳоло ҳамагӣ то 5 фоизи он истифода мешавад.
Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне неруи таҷдидшаванда, дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол менамояд ва аз рӯи фоизи истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷойи 6-ум меистад. Ин маънои онро дорад, ки захираҳои гидроэнергетикӣ яке аз асоситарин боигарии Тоҷикистон аст.
Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои охир фазои мусоиди сармоягузориро ба вуҷуд овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштироки фаъоли ҷониби қатарӣ дар амалисозии лоиҳаҳои худ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, истиқбол хоҳад кард. Ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои энергетикии барои минтақа муҳим захираҳои фаровони оби кишвари мо, ки тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, заминаи мусоид мебошад.
Айни замон, дар Тоҷикистон татбиқи бузургтарин лоиҳаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷараён дорад, ки муҳимтарин омили тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, яке аз манбаъҳои асосии тавлидкунандаи «энергияи сабз» ба ҳисоб меравад.
Сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” бомаром идома дорад ва, аллакай, ду агрегати он ба кор дароварда шудааст. Неругоҳи «Роғун» аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО «Роғун» бо иқтидори 3800 мегаватт калонтарин Неругоҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Амалисозии лоиҳаҳои бунёди иншооти бузургу миёна ва хурди энергетикии мо имконияти содир намудани «барқи сабз»-ро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон фароҳам меорад. Дар ин росто, Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки бо ҷониби қатарӣ ҳамкориро ба роҳ монад.
Инчунин, пешниҳод мешавад, ки бахши хусусии Давлати Қатар дар сармоягузории соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, хусусан дар бунёди неругоҳҳои бодию офтобӣ, бо назардошти таҷрибаи ғании соҳавӣ доштани ширкатҳо ва пажӯҳишгоҳҳои соҳавии он, ширкат варзад.
– Ташаккур!

Санаи нашр: 12.06.2023 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив