ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НУСХАҲОИ ҲАТМӢ. САҲЛАНГОРИИ НОШИРОНУ МАСЪУЛОН БА КУҶО МЕБАРАД?

НУСХАҲОИ ҲАТМӢ. САҲЛАНГОРИИ НОШИРОНУ МАСЪУЛОН БА КУҶО МЕБАРАД?

16 июн 2023, Ҷумъа
47
0
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода бо зикри номи 23 нашриёту расонаи чопии гуногун изҳори нигаронӣ кард, ки дар давоми 3 сол, яъне аз соли 2020 то 2023 ягон нусха аз ин рӯзномаву маҷаллаҳо ба фонди умумии КМТ ворид нашудааст.
Ин нуктаи бисёр муҳим дар мизи гирд бо номи “Нусхаҳои ҳатмӣ – асоситарин роҳи пуррагардонии фонди китобхона” тазаккур ёфт. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иштирок доштанд.
 
КАДОМ РӮЗНОМАЮ МОҲНОМАҲОРО  НАМЕСУПОРАНД?
Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҷаридаҳои “Ваҳдат”, “Дунё”, “Инсон ва қонун”, “Имрӯз-Нюс”, Известия”, “Култура”, “Независемая газета”, маҷаллаҳои “Авҷи Зуҳал”, “Бонкдорӣ”, “Тараққиёт”, “Ҷаҳонишавӣ”, “Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон”, “Илм ва техника”, “Қонуният”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Нигаҳдории тандурустӣ”, “Сафинаи умед”, “Фарҳанг ва санъат”, “Ҳамшираи тиббӣ ва момодоя”, “Ҳаёти ҳуқуқӣ” ва “Чашма”-ро ном гирифта, таъкид кард, ки дар давоми се сол ягон шумора аз ин матбуоти чопӣ ба Китобхона нарасидааст. 
– Ҳар корафтода ва муроҷиаткунанда бояд аз Китобхонаи миллӣ дилхоҳ асари китобатшударо ёбаду истифода барад, аммо мутаассифона, чанд соли охир бо сабаби супурда нашудани нусхаҳои ҳатмии китобҳо, рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳои фарҳангиву илмӣ муроҷиатҳои баъзе аз шаҳрвандон қонеъ намешаванд. Ҳол он ки чунин хунукназарии масъулон хилофи қонун мебошад. Ба ин сабаб, ин бор намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро даъват кардем. Масъала хеле доғ аст, – афзуд директори Китобхона.
 
ДАР ҚОНУН ЧӢ ПЕШБИНӢ ШУДААСТ?
Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа низ бо зикри муаммои ҷойдошта, гуфт: “Вобаста ба муҳлат ва тартиби фиристондани нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмӣ” аз 26 декабри соли 2011 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” аз 31 августи соли 2012 ба тасвиб расида, мавриди амал қарор доранд. Санадҳои меъёриву ҳуқуқии мавриди назар тартиби ташаккули нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳоро муайян сохта, муҳлат ва тартиби дастрас гардондани онҳоро ба танзим медароранд”.
Ёдовар бояд шуд, ки моддаҳои 8 ва 9 Қонуни мазкур тамоми чопхона ва ташкилоти полиграфии ҷумҳуриро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идорӣ, уҳдадор менамояд, ки ба таври ройгон 3 нусхаи ҳатмии маҳсулоти чопнамудаашонро дар муҳлати 10 рӯзи пас аз интишор ва рӯзномаву маҷаллаҳоро дар рӯзи чопи шумора ба Хонаи китоби Тоҷикистон, бузургтарин китобхонаҳо ва дигар гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо дастрас кунанд. Ҳамчунин, мутобиқи банди 2 моддаи 8-и ҳамин қонун вазифадоранд хароҷоти таҳия, нашр ва ирсоли нусхаҳои ҳатмии ройгонро ба арзиши аслии маҳсулоти чопӣ илова намоянд.
Ба гуфтаи, масъулон, борҳо ба вазорату идораҳои дахлдор хаттиву шифоҳӣ муроҷиат карда бошанд ҳам, аммо ҳанӯз дар ин росто чораҳои мушаххас андешида нашудааст. Борҳо шуда, ки шаҳрвандон аз наёфтани нусхаҳои ин ё он маводи чопӣ шиква намуда, ноумед рафтаанд.
Ёдовар мешавем, ки барои дар муҳлати муайяншуда аз тарафи истеҳсолкунанда дастрас накардани нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ ва риоя нагардидани стандартҳои дар соҳаи табъу нашр пешбинишуда, дар моддаҳои 373, 509 ва 520 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
 
ЧАРО ЧОРААНДЕШИҲО БЕСУДАНД?
Имрӯз мутаассифона, на танҳо нусхаҳои ҳатмӣ, балки ҳатто китобхонаи баъзе аз адибону пажӯҳишгарони тоҷик, ки умре дар соҳаи фарҳангу адаб хидмат кардаанд, пас аз гузашташон паҳну парешон гашта, нобуд мешаванд. Муносибат ба ин масъала хунукназарона сурат гирифта, дастхатҳо ва маводи нодири чопӣ аз байн мераванд ва ин, албатта, ба раванди омӯзишу баррасии дуруст ва саривақтии таъриху тамаддун монеаҳо эҷод мекунад. Танҳо дар масъалаи муноқишаҳои марзӣ дидем, ки як харита, як ҳуҷҷат, як паймон барои мо то чи ҳад муҳиму арзишманд аст.
– Дар як сол дар кишвари мо бештар аз 900 номгӯ китобҳои нав чоп мешавад, аммо ба Китобхонаи миллӣ танҳо 15 дарсади он дастрас мегардад. Мо дар ин бора бо номаи махсус ба раисони шаҳру навоҳӣ ва масъулони соҳаи фарҳанг муроҷиат кардем. Дар натиҷа, бо роҳбарии Вазорати фарҳанг ҷаласаи фарогири ноширони мамлакат баргузор шуд. 
Дар он ҳама ноширон, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо ваъда доданд, ки оянда нусхаҳои ҳатмии китобҳои чопмешударо ба фонди Хонаи китоб, КМТ ва дигар идораҳои дахлдор месупорем, аммо ҳама қарору ваъдаҳои ҷаласа мисли доштани об дар ғирбол буд. Ваъда ҳасту аз иҷро дараке нест! – изҳор дошт директори Китобхона.
Директори КМТ бо нигаронӣ аз иштирок накардани намояндаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, инчунин, таъкид кард, ки аз ин пас, барои чораандешии қонунӣ рӯйхати чопхонаҳои полиграфӣ ва шахсони алоҳидаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд. Бигзор, ҷарима шаванд ва шояд минбаъд рисолаташонро дуруст иҷро кунанд.
 
САДО АЗ ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН
Яке аз ганҷинаҳои асосии ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои муҳим, китобу ҷаридаҳо Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон мебошад. Ин муассиса фароҳамоварӣ, бақайдгирии библиографӣ, таҳияи  омор ва ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ маҳдуд нагашта, китобу рисолаҳои илмии тозанашр ва мақолоти ҷолиби нашрияҳои давриро тавассути феҳристи давлатӣ – «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сомонаҳои интернетии муассиса www.tajikbooks.tj ва www.isbn.tj таблиғ ва муаррифӣ мекунад. 
Бино ба гуфтаи Сайзароб Нодирзода, директори Хонаи китоб, ҳамасола 4 шумора феҳристи «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро чоп мекунад. Ҳамзамон, ба наздикӣ сомонаҳои нави муассиса фаъол мешаванд, ки ба суди кор аст.
– Шуъбаи алоҳида бо номи нозироти стандарти нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмӣ дорем. Кормандони ин шуъба ба нашрияҳо занг мезананд ё он ҷо рафта, нусхаҳои ҳатмиро ба муассиса меоранд. Дар ҳолати саркашӣ кардан аз супурдани нусхаҳои ҳатмӣ мо ба чопхонаи онҳо рақамгузории стандарти китобро манъ мекунем. Аз ин хотир, ин раванд дар мо осонтар сурат мегирад. Ин ҷо баҳси дигар аст, бештари касони ноогоҳ ибораи “ташкилотҳои полиграфӣ”-ро аз Қонуни зикршуда мисол оварда, меафзоянд, ки матбаа (оне ки маҳсулоти чопӣ мебарорад) ё нашриёт (оне ки ба чоп омода мекунад) махсус зикр нашудааст. Бояд таъкид кунем, ки инҳо ҳама муваззафанд, ки сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идорӣ нусхаҳои ҳатмиро супоранд,  – мегӯяд роҳбари Хонаи китоб.
Соли 2021 Хонаи китоби Тоҷикистон 4 сканери баландсифати “Элар”-ро харид ва инак, электроникунонии ҳуҷҷатҳо идома дорад.  
 
“ПОЧТА ГУНАҲКОР АСТ!”
Аксари иштирокдорон ва ноширон, ки аз ВМКБ ва вилоятҳои Хатлону Суғд ташриф оварда буданд, доғ шудани ин масъаларо ба бемасъулиятии хидматрасонии КВД “Почтаи тоҷик” рабт доданд. Бино ба гуфтаи онҳо, барои расондани нусхаҳои ҳатмии ройгон бо почта шартнома доранд ва дар чанд соли охир кормандони ин ниҳод муваззаф шудаанд, то маводи чопшударо аз истеҳсолкунандагон гирифта, ба идораҳои дахлдор расонанд. 
Ин дар ҳолест, ки ноширон бо почта шартнома бастаанд, аммо назорати уҳдадориҳои шартномаро “фаромӯш” кардаанд.
Масъулони Китобхонаи миллӣ ва Хонаи китоб савол ба миён гузоштанд, ки баъди бастани шартнома иҷрои корро чаро талаб накардаанд? 
– Пурсиш аст, ки агар почта китобу маҷалла ва маводи чопии шуморо гирифта бошад, дар куҷоянд онҳо? Медонем, ки КВД “Почтаи тоҷик” ҷои махсус барои захираи китобу мактубҳоро надорад ва рисолати вай ҳарчи зудтар расондани мавод аст, – мегӯяд Ҷумъахон Файзализода.
 
НАСУПУРДАНИ НУСХАҲОИ ҲАТМӢ  БА ЧӢ ОВАРДА МЕРАСОНАД?
Сари вақт пешниҳод кардани нусхаҳои ҳатмӣ ба мукаммалсозӣ ва ғанӣ гардондани фонди бойгонии матбуоти Тоҷикистон ва муаррифии маҳсулоти чопии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. Дар акси ҳол, агар супурда нашаванд, пора-пора таъриху тамаддун ва адабу фарҳанг фаромӯш шуда, дар назди ояндагон бедалелу бебурҳон мемонем. Маҳз осори хаттӣ аст, ки оянда таърих месозад ва чун сарчашма барои ҳалли қазияҳои гуногун хидмат мекунад. Китобхонаҳои марказӣ, бавижа Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон танҳо бо ҷамъоварии нусхаҳои ҳатмии рӯзномаҳо, бастаи маҷаллаҳо ва китобҳо машғул нест, балки рисолати муҳимтари он ба як сарчашма овардани ҳуҷҷатҳои нодир, дастхатҳо, мактубҳою хазинаи асарҳои шахсиятҳо, китобҳои ноёб, харитаҳои солҳои гуногун, лоиҳаҳои мухталифи ин ё он ҳуҷҷат мебошад.
Муҳтавои асосии мизи гирдро бо номи "Нусхаҳои ҳатмӣ – асоситарин роҳи пуррагардонии фонди китобхона" аз Ютюбканали “Ҷумҳурият” зери ин суроға тамошо кунед: https://youtu.be/7jjWQXTMEJo
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.06.2023 №: 125
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив