ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶИ ПУР АЗ ГАНҶ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НОҲИЯИ КӮҲИСТОН, КИ РӮ БА РУШД ДОРАД

ВАНҶИ ПУР АЗ ГАНҶ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НОҲИЯИ КӮҲИСТОН, КИ РӮ БА РУШД ДОРАД

16 июн 2023, Ҷумъа
24
0
Яке аз сокинони куҳансолтарини ноҳияи Ванҷ, Омӯзгори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвақт Искандаров миёни сокинон, алалхусус ҷавонон, аз дастовардҳои беназире, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ваҳдати миллӣ дар ин диёри пурганҷ ба даст омадаанд, изҳори хушнудӣ менамояд. Ӯ пайваста  шоҳбайти Шоири халқии Тоҷикистон устод Ширин Бунёдро  такрор ба такрор қироат мекунад:
Маҷӯй ганҷи дигар дар сарои чархи барин,
Биё ба Ванҷи пур аз ганҷи ман, бародари ман.  
Ин марди бомаърафат ва хирадманд, ки синнаш қариб ба навад мерасад, беш аз шасту панҷ соли умри пурбаракати хешро ба тарбияи насли навраси ояндасози ҷомеа бахшидааст. Айёми кӯдакӣ ва наврасиашро хеле хуб дар ёд дорад. Омӯзгори куҳансол рӯзҳои сахти мардуми кӯҳистонро дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои баъдиҷангӣ ҳеҷ гоҳе фаромӯш намекунад. Акнун мардум шукрона менамоянд, ки вазъият ба кулли дигар шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ванҷи пурганҷ ҳам ба мисли дигар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хеле ободу зебо гардидааст. Дар айёми  ваҳдати миллӣ иншоотҳои зиёди самти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва фарҳангӣ, инчунин, корхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ сохта шудаанд. Ин ободкорӣ, бунёдгарӣ ва созандагиҳо ҳоло дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни пурифтихори 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ босуръат  ҷараён  доранд.
Дар амалисозии барномаҳои стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонӣ дар ин минтақа гомҳои устувор гузошта шудаанд. Ҳоло дар ноҳия, деҳа ва ё макони  истиқоматие нест, ки роҳи мошин надошта бошад. Аз Рӯшон то Ванҷ ва Дарвоз хатти баландшиддати барқ кашида шуда, Бадахшон ба занҷири ягонаи энергетикии кишвар пайваст гардидааст. Дар татбиқи барномаи чорум – саноатикунонии мамлакат низ, як қатор  корҳои назаррас ба ҷо оварда шудаанд ва мешаванд. Ба гуфтаи раиси ноҳия Одинашо Мардзода солҳои оянда чандин корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар бунёди корхонаи нави саноатии бисёрсоҳа дар мавзеи Ардобаки ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҷовидон  ва боз  чанде аз коргоҳҳои хурд, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Хушвақт Искандаров ёдовар шуд, ки солҳои чилуму панҷоҳуми  қарни гузашта ба мактабҳо додани чанд адад мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ пешрафти намоёне маҳсуб мешуд. Ҳоло бошад, файзу баракати истиқлолият ва ваҳдати миллӣ рушди ҷомеаро ба он зинаи баланде бардоштааст, ки дар  деҳкадаҳои Сумгад, Ванвану Пои Мазор ва Жамагу Зайч низ, хонандагон бо компютеру принтер, тахтаҳои электронӣ ва дигар асбобу анҷомҳои ҳозиразамони таълимӣ ва иттилоотӣ дар ҳадди кофӣ таъмин мебошанд. 
Акнун дар музофот  низ, навгониҳои бештар ба назар мерасанд. Дар деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳи водиҳои Ванҷи Боло, Язгулом ва Вотхуд ҳам, манзилҳои истиқоматии бисёрошёна месозанд. Мардум дастрасии комили неруи барқро дошта, дар деҳоти сароби Ванҷобу Язгуломоб, Ванвану Пои Мазор ва Жамаку Зайч барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро тамошо мекунанд ва мешунаванд.
Ванҷи пурганҷ бо себу ноку чормағзаш берун аз кишвар ҳам машҳур гаштааст. Муҳимтар аз ин, боз он аст, ки дар солҳои истиқлол ва ваҳдати миллӣ дар ин минтақаи пурфайзу баракат дар  самти кишоварзӣ гомҳои устувор гузошта шудаанд.
Ҳамчунин, омӯзгори пуртаҷриба Хушвақт Искандаров аз он басе шоду хушнуд аст, ки Пешвои муаззами  миллат роҳбар, сиёсатмадори барҷаста  ва шахсияти нотакрори арсаи байналмилалӣ мебошанд. Ин абардмарди  арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони азизро аз чанголи фалокатбори муноқишаҳои шаҳрвандӣ наҷот бахшиданд. Дар даврони ваҳдати миллӣ ба мамлакати аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рушдёфта ва шукуфону биҳиштосо табдил додаанд. Ванҷи пурганҷ ҳоло дар меҳвари рушди устувор қарор гирифтааст. 
Аз вусъати баланди  амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ  дар давраи ваҳдати миллӣ раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода изҳори қаноатмандӣ намуда иброз дошт, ки дар Ванҷи пурганҷ бештар аз 110 иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ сохта шудааст. Воқеан, сокинон ҳоло на танҳо  дар маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв, балки дар ҳудуди шаш ҷамоати деҳот, дар деҳаҳои дурдасттарини водиҳои Ванҷи Боло, Язгулом ва Вотхуд низ, иншоот ва манзилҳои истиқоматии ҳозиразамон месозанд.
   Масъулин баҳри он мекӯшанд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро ба ҷо оварда, иншоотҳои зебо ва мустаҳкам созанд, то ки садсолаҳо ба мардуми ин диёр хизмат намоянд. Ҳамаи ин ободгарӣ ва бунёдкориҳое, ки  дар даврони истиқлол ва ваҳдати миллӣ бо дастгириҳои Роҳбари кишвар дар ин диёри пурфайз шуданд, Ванҷзаминро низ, ба “Дарвозаи тиллоӣ”-и  Тоҷикистон мубаддал мегардонанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Санаи нашр: 16.06.2023 №: 125
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив