ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ОМӮЗИШ  ТО ПАЖӮҲИШ 

АЗ ОМӮЗИШ  ТО ПАЖӮҲИШ 

15 март 2023, Чоршанбе
75
0

 Ҷумахон Файзализода ба зинаҳои баланд ва пояҳои илму амал тавассути зинаҳои омӯзгорӣ расид. Ӯ соли 1992 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кард. Ҳанӯз донишҷӯ буд, ки дар яке аз муассисаҳои таълимии пойтахт ба насли наврас дарс мегуфт. 
Минбаъд аспиранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гардид. Дар ҳамин даргоҳ ба камоли илмӣ расид ва солҳо дотсенти кафедраи равоншиносӣ буд. Чанд соли дигар ҳамчун муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият бурд. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумъахон муаллифи понздаҳ таълифоти таҳқиқотӣ ва панҷоҳ мақолаи илмӣ ва таълимиву методӣ мебошад. 
Китобҳои «Хотира» (ёдкарди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ), иборат аз ду ҷилд, «Машғулиятҳои амалӣ аз психологияи иҷтимоӣ», «Стратегия развития критического мышления через чтение и письма в школе и вузе», «Дастури таълимӣ барои психология барои муаллимони синфҳои ибтидоӣ» ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ дар робита ба равоншиносиву педагогика Ҷумахон Файзализодаро дар доираҳои илмӣ ҳамчун муҳаққиқ, устоди донишгоҳ ва роҳбари чашмикордон муаррифӣ карданд.
Инак, чанд сол аст, ки роҳбарии Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон"-ро бар уҳда дорад. Дар китобхона бо сарварии мавсуф як қатор корҳои хайру созанда сурат гирифта, нуфузи ин муассиса байни мардум афзуд. Бавижа, яке аз озмунҳои бошукӯҳи ҷумҳуриявӣ – «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар миёни аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ ғулғула андохт, чор сол боз дар Китобхонаи миллӣ мегузарад. Аз баҳое, ки ҳам аз иштирокдорон ва ҳам доварон на як бор ду бор шунидем, барои дар сатҳи баланд гузаштани густурдатарин ҳамоиши адабӣ шароити созгор фароҳам оварда шудааст.  
– Макони баргузории Озмуни мазкур баргузида шудани Китобхонаи миллӣ тасмими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Маҳз дар асоси супоришу маслиҳатҳояшон мо имконияти мавҷудаамонро таҳлил карда, тадбирҳои иловагӣ низ андешидем, то барои ҳама аҳли Озмун шароити мусоиду баробар фароҳам орем, – мегӯяд Ҷумахон Файзализода.
Соли 2022 Ҷ. Файзализода бо дипломи академикии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олии Федератсияи Россия сарфароз шуд. Ӯро барои хидматҳояш дар рушди маориф ва илм, пешниҳодҳои ҷолибу пазируфтанӣ дар инкишофи кори маориф ва ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар самтҳои гуногуни илмҳои инсонӣ ба ин диплом сазовор донистанд.
Дар остонаи Рӯзи матбуоти тоҷик феҳристи адабиёти "Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" (2019-2021) рӯнамоӣ гардид ва муносибату ҳамкориҳои Китобхонаи миллиро ба рӯзномаи "Ҷумҳурият" тақвият бахшид. Феҳрист зери назари Ҷумахон Файзализода ба табъ расидааст. 
– Рӯзномаи «Ҷумҳурият» таърихи зиндаи миллати тоҷик аст. Дар саҳифаҳои он нодиртарин мавод ва рӯйдодҳои таърихӣ моҳирона инъикос ёфтаанд. На дар ҳама сарчашмаҳои таърихӣ санадҳои муҳим дуруст тасвир ва ё сабт гардидаанд. Аз ин ҷиҳат, рӯзнома намунаи ибрат мебошад, –мегӯяд  директори Китобхона.
Дар таҳияи ин дастур ва даҳҳо китобу рисолаҳои илмиву бунёдӣ ранҷу талоши фаровон лозим аст. Аз ҷумла, як силсила китобҳои муассиса, ки дар пайвастагӣ бо маркази «Тоҷикшиносӣ» таҳия ва интишор ёфтаанд, Китобхонаи миллиро ба сифати маркази илмӣ ва тадқиқотӣ ба доираҳои илмӣ наздиктар кард, ки дар ин раванд бешубҳа, хидматҳои директори Китобхона Ҷумахон Файзализода кам нест.

Бузургмеҳр САЛИМОВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 14.03.2023 №: 55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив