ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИТТИҲОДИ МО

ИТТИҲОДИ МО

13 июн 2024, Панҷшанбе
1
0
Зарафшон бо Бадахшон ҳамсадо шуд,
Ба ин ду дуда Хатлон ҳамнаво шуд.
Ҳисору Суғду Фархор,Истаравшан,
Ба осонӣ зи ҳар мушкил раҳо шуд.
Чи гӯям Рашту Ашту Муъминобод
Ба ваҳдатофаринон муттако шуд.
Биё, бар Панҷакат, Хуҷанду Норак,
Ба ҳар кӣ омада, меҳмонсаро шуд.
Саразму Тахти Сангин , Вомари мо
Ба шуҳратофаринӣ мубтадо шуд.
Ба лаълу ёқуташ Анзобу Зартеғ
Сари болои мову ҳамчу мо шуд.
Сарезу кӯли Искандар ба дунё
Сароғози ҳама афсонаҳо шуд.
Тиломоҳии он дарёи Ғундаш
Ба Фондарё расиду бебаҳо шуд.
Манори “Варз”-у кохи назми Туғрал
Ба Шарқу Ғарби дунё пурҷило шуд.
Ҳакиму ҳокими ин кишвари мо
Ватанпарвардаи ваҳдатсаро шуд.
Ҳама он дудаҳои Тоҷикистон
Барои иттиҳодаш хуш ба по шуд.
Ҳама он душмани дуну касифаш
Ба оҳу ғуссаҳо обу адо шуд.
Кафи хоки диёри Тоҷикистон
Чу зар гашту чу зар бас бебаҳо шуд.
Дарахти боғи Истиқлоли кишвар
Ба ширинмеваҳо “Канзи шифо” шуд
Бобоҷони НУРЗОД, ноҳияи Айнӣ
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив