ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ” ДАР ҲАФТКӮЛ. САҲМИ РӮЗНОМАНИГОРОН ДАР  ТАРҒИБИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

“ҶУМҲУРИЯТ” ДАР ҲАФТКӮЛ. САҲМИ РӮЗНОМАНИГОРОН ДАР  ТАРҒИБИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

25 август 2023, Ҷумъа
35
0
 
“Ҳафт муъҷиза”, “Ҳафт зебосанам”, “Ҳафт нозанини Шинг”. Чунин ном мебаранд, яке аз маконҳои диловар ва ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон – Ҳафткӯли шаҳри Панҷакентро, ки дар кӯҳҳои Фон ҷойгир аст. Мо – ҳайати 20-нафараи кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои тамошои ин мавзеи марғуб ба шаҳри бостонии Панҷакент сафари хотирмоне доштем. Ҳадафи роҳбарияти рӯзнома ошноӣ бо яке аз гӯшаҳои пурбинандаи кишвар ва саҳм дар рушди сайёҳии дохилӣ буд.

 

Аз миёни ҳамсафарон қаблан танҳо суратгири идора Комрон Сафар аз манзараҳои зебои Ҳафткӯл дидан карда буд. Ӯ дар роҳ ҷониби шаҳри Панҷакент доир ба табиати зебову нотакрори 7 кӯл қисса мекард ва шавқи мо барои аз наздик тамошо кардани ин макон бештар мешуд.   
Бегоҳии 19 август мо ба маркази шаҳр расидем. Пас аз ҷойгиршавӣ дар меҳмонхона ва хӯроки шом ба тамошои шаҳр баромадем. Шабонгоҳ дар шаҳри чароғон сайр кардан ва вазидани насими форами дарёи Зарафшон хеле гуворо буд. Мо расидем ба назди муҷассамаи барқади шоири шаҳир ва зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ки дар пушти он Маҷмааи фарҳангию эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ меистод. Дар пояи муҷассамаи устод акс гирифтем ва ҳама сарҷамъ нишаста, маҳфили шеъри Лоиқро оростем. Маҳфилорои мо Бузургмеҳри Баҳодур бо рубоии
Машъал бишавед дар шаби зулмонӣ,
Сӯзед, ки олам бишавад нуронӣ.
Бар як худи Хуршед гарон аст, охир
Бар олами бекарон нурафшонӣ.
маҳфилро оғоз бахшид.
Сипас, ҳар кас ёде аз устод Лоиқ Шералӣ карда, шеърҳои дилписанди шоирро мехонд. Аз ин маҳфил дунё-дунё лаззат мебурдем. Гурӯҳе аз сокинони шаҳр, ки ба саёҳати шомгоҳӣ баромада буданд, маҳфилро тамошо мекарданд. Гумон мекунем, ки онҳо низ аз ин баҳрае барои худ гирифтаанд.
Дар поёни маҳфил ин шеъри устод, ки дар рӯйи санги мазораш сабт шудааст, ба хотир омад, ки мегӯяд:
Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Ман баъди ҳазор сол меоям боз!
Воқеан, он шаб руҳи устод ҳамроҳи мо буд.
 
АЗ МИЖГОН ТО ҲАЗОРЧАШМА
20 август. Субҳи барвақт, ки офтоб ҳанӯз аз паси қуллаҳо сар накашида буд, аз маркази шаҳри Пнҷакент роҳ пешгирифтем ҷониби ин муъҷизаи табиат. Аз маркази шаҳр то Ҳафткӯл 40 километр роҳ ҳаст. Шояд аз шунидани 40 километр гӯед, ки чандон дур набуда, аммо ин қадар роҳ пурра роҳи кӯҳӣ буда, мушкилиҳои худро дорад. Ҳайат ба се нақлиёти хурди мусофирбар тақсим шуда, ҳаракат кард. Ронандаҳои мо, ки кори ҳаррӯзаашон дар фасли тобистон кашондани сайёҳон ба Ҳафткӯл буд, дар роҳ доир ба ин макон қиссаҳои ҷолиб нақл мекарданд. Роҳ ба роҳ то расидан ба кӯли аввал, ки Мижгон ном дорад, ронандаи мо – Анвар як-як деҳаҳои гирду атрофро ба мо шинос мекарданд. 
Дидани манзараи дилфиреби дараи Шинг, кӯҳҳои сарбафлок ва дарёи шӯх дар зеҳнам шеъри Лоиқ Шералӣ омад, ки гуфтааст: 
...Кӯҳҳо, кӯҳҳои кишвари ман –
Ҳайкали орзуи аҷдоданд.
Ҳам замингир, ҳам фалаксоянд,
Пойбаста, вале сарозоданд...
 
Ҳамин тавр, суҳбаткунон бо ҳамсафарон пас аз як соат ба кӯли якум расидем. Офтоб ҳам аз паси кӯҳҳо теғ кашид. Насими кӯл ба кас ҳаловат мебахшид.
Дар ин асно ронандаи мо доир ба кӯли “Мижгон” ва пайдоиши дигар кӯлҳо ривояти аҷибе қисса кард: “Замоне дар ин дара оҳангаре ба сар мебурд ва ӯ 7 духтари зебосанами моҳлиқову сарвқомат дошт. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро, ки дар ҳусну ҷамол ба худ ҳамто надошт, дида ошиқ мешавад. Падари духтар барои ба никоҳи ҳоким даровардани ин паричеҳра розигӣ медиҳад, вале худи духтар  муқобил мебарояд, зеро ҳоким марди солхӯрда буд. Духтари зирак ба қароре меояд, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон  шартҳои  худро гузорад. Шартҳои ӯ чунон мушкил буд, ки иҷрояшон қариб имконнопазир. Бо ин баҳона, духтар мехост, ки аз пирамард халос шавад, вале неруи ишқ бар ҳоким ғолиб омада буд ва ӯ барои ба ҷо овардани ҳамаи шартҳо розӣ мегардад. Дар 40 рӯз қасри зебои тиллоӣ месозад. Арӯсшаванда илоҷи дигаре намеёбад. Рӯзи тӯй бо либоси арӯсӣ ба болои қаср баромада худро ба замин ҳаво медиҳад ва мефавтад. Гӯё дар ҷойи ҷисми беҷони вай кӯли "Мижгон" пайдо шуда, кӯлҳои дигар аз ашки хоҳаронаш ба вуҷуд омадаанд”. 
Зимнан, бояд гуфт, ки доир ба пайдоиши Ҳафткӯл қиссаву ривоятҳои дигар низ мавҷуданд, вале то кадом андоза воқеият доштани ривоятҳоро касе гуфта наметавонад. Дар ин маврид як нукта яқин аст, ки маҳз назокату латофат ва муъҷизанок будани кӯлҳо боиси ба вуҷуд омадани ин гуна ривоятҳо миёни мардум гаштааст. 
Алорағми ин ҳама ривоятҳо, боз пайдоиши кӯлҳоро ба заминларза рабт медиҳанд. 
Хулоса, бо дидани "Мижгон" кас мафтуни ин макони дилфиреб мегардад. Ҳатто, хастагии роҳ рафъ мешавад. Ҳарчанд, дар назар як кӯли одӣ тобад ҳам, вале вақте аз баландӣ назар менамоӣ зебоии он касро шефтаю мафтун менамояд. 
Мижгон дар қиёс ба шаш кӯли дигар садранг аст. Вобаста бо вазъи боду ҳаво ранги бунафш, нилобии сурх, кабуд ва дигар рангҳоро мегирад. Зимни сафари мо Мижгон пероҳани бунафш дошт. Кӯл аз сатҳи баҳр дар баландии 1596 метр воқеъ аст. 
Кӯлҳои дуюму сеюм – Соя ва Ҳушёр дар шафати ҳамдигар ҷойгиранд. Ранги кӯли Соя сабз мебошад. Тамошои ҳафт кӯл нишон дод, ки ранги кӯли Ҳушёр бо ранги кабуди рӯшан аз кӯлҳои дигар фарқ дошт. 
Нофин номи кӯли чорум буда, маънои мобайн ва ё худ марказро дорад. Кӯл дар масоҳати 0,58 километри мураббаъ доман густурда, миёни ҳафтгона аз ҷумлаи калонтаринҳост.
Ҳайати мо дар кӯли чорум таваққуф кард. Аз баландӣ ба соҳил фаромада, бо оби кӯл ташнагӣ шикастем ва акс гирифтем. Акс ёфтани кӯҳ дар рӯйи оби кӯл манзари дилфиребро ба вуҷуд оварда.  
Сипас, барои наҳорӣ роҳ пеш гирифтем ҷониби ҳомстейи “Мижгон”, ки болотар аз кӯли чорум дар деҳаи Падруди деҳоти Шинг ҷойгир аст. Кормандони ин даргоҳ бо чеҳраи кушода моро истиқбол карданд. Дар баробари мо, сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ низ дар он ҷо буданд. Ба қавле, ҳомстейи “Мижгон” таваққуфгоҳи асосии сайёҳон ба шумор меравад.
 
Баъд аз наҳорӣ роҳамонро идома додем ва қарор додем, ки пас аз тамошои се кӯли дигар, боз баргашта дар ин макон хӯроки нисфирӯзӣ тановул намоем. 
Кӯли навбатӣ миёни ҳафтгона аз ҳама хурд мебошад, аз ин рӯ онро Хурдак меноманд. Воқеан ҳам, кӯли панҷум хеле хурд буд, вале табиати нотакрор дошт. 
Ҳамин тавр, бе мушкилӣ то кӯли шашум, ки Марғзор номаш мебаранд, расидем. Ин макон яке аз ҷойҳои писандидаи сайёҳон буда, дар қиёс ба дигар кӯлҳо калонтару серодам мебошад. Дар ин макон сайёҳони дохилию хориҷӣ хайма зада, истироҳат мекарданд. 
Диққатамонро обрав надоштани ин кӯл ҷалб кард. Баъдан ронандаҳо гуфтанд, ки об аз таги замин, аз байни хоросангҳо гузашта, ба кӯли Хурдак мерезад. Тааҷҷубовар аст, ки дар болотари он сокинон хона сохтаанд. 
Аз кӯли шашум ба кӯли ҳафтум сафарро пойи пиёда идома додем. То кӯли ҳафтум, яъне кӯли Ҳазорчашма қариб се километр роҳ буд. Барои расидан то кӯли Ҳазорчашма фақат ба болои кӯҳ мебаромадем. Раҳораҳ дидем, ки аксари сайёҳон то кӯли шашум тавассути нақлиёт ва ба кӯли ҳафтум пиёда мерафтаанд. 
Ниҳоят, расидем ба кӯли Ҳазорчашма. Ҳангоми сафари мо як гурӯҳ духтарони маҳаллӣ даруни об даромада акс мегирифтанд. Мо низ дар назди кӯл акс гирифтем ва оббозӣ кардем. Обаш бениҳоят сард буд. Ба ин нигоҳ накарда, бо шавқ шиновариҳо доштем.  
Бо гурӯҳи дигари сайёҳон суҳбат карда, таасуроти онҳоро аз ин макон пурсон шудем. Баъдан баргаштем ба ҳомстейи “Мижгон”.
 
СУҲБАТ БО САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ
Зимни сафари якрӯза ба “Ҳафткӯл” мо шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро дидем, ки савораву пиёда, барои лаззат бурдан аз табиати афсункор ба ин мавзеъ меомаданд. Зимни суҳбат бо чанде аз онҳо маълум гардид, ки аз кишварҳои Беларус, Маҷористон, Россия, Швейтсария ва Ӯзбекистон ба тамошои ин макони зебову диданӣ омадаанд. Мо таассуроти онҳоро нисбат ба Тоҷикистон ва ин мавзеи дилрабо пурсон шудем. Нахуст, сайёҳон меҳмонавозии мардуми тоҷикро тавсиф менамуданд. 
Аз як сайёҳи швейтсарӣ пурсон шудем, ки аз куҷо дар бораи ин мавзеъ маълумот гирифтааст, чунин посухи ғайриинтизор дод: “Магар мешавад, ки як инсони комил аз ин офаридаҳо ва шоҳкориҳои табиат бехабар монад. Ман дӯстдори зебоиям. Чун фаҳмидам, дар Тоҷикистон чунин мавзеи ҷолиб мавҷуд аст бо ҳамсарам тасмим гирифтем ба ин макон сафар кунем. Акнун, мо ин ҷоем ва аз ҳавои софу беғубор нафас мекашем, аз тамошои табиати нотакрор ҳаловат мебарем”. 
Тавре дар боло зикр кардем, то кӯли шашум бо нақлиёт ва ба Ҳазорчашма пиёда рафтем. Аснои роҳ бо сайёҳони зиёде аз кишварҳои Беларус, Россия ва Ӯзбекистон, ки якҷо сайр мекарданд, суҳбат кардем. Антони россиягӣ, ки табиати кишвари мо ӯро мафтун карда буд, иброз дошт: “Дар кишвари мо низ кӯҳҳои зиёде ҳаст, аммо на ба ин зебоӣ. Кӯҳҳои Тоҷикистон бо марғзору ҷангалҳо иҳотагардида ва дар зери осмони софу нилгун кӯлҳои рангобаранг дорад. Аз дили санг фаввора задани об диққати маро ҷалб мекунад, ки ин ба гумонам, танҳо хоси табиати Тоҷикистон аст”.     
Дар кӯли “Ҳазорчашма” бо ду сайёҳи хориҷӣ, ки аз Маҷористон буданд, вохӯрдем. Онҳоро Ниёзхон Неъматов, тарҷумони мустақил аз ноҳияи Айнӣ, роҳбаладӣ мекард. 
Аз Ниёзхон Неъматов дар бораи сайёҳон пурсон шудем ва ҷавоби ғайричашмдошт шунидем: “Ин ҷуфт аз Маҷористон ҳастанд. Чун аз интернет диданд, ки дар Тоҷикистон чунин макони зебо мавҷуд ҳаст, тасмим гирифтанд, ки “моҳи асалӣ”-и худро дар ин мавзеи дилошӯб гузаронанд. Маро барои хубтар огоҳ шудан аз таъриху тамаддуни ин диёр ҳамроҳ гирифтанд”.
–  Ду рӯз мешавад, ки дар Тоҷикистонем. Ин диёр ба ману ҳамсарам хеле писанд омад. Вақте ба Ватанам баргаштам ҳатман ба дӯстонам тавсия медиҳам, ки ба ин ҷо сафар кунанд, – гуфт ҷавони маҷористонӣ Зоран. 
Ниёзхон Неъматов, роҳбалади собиқадор, бо таассуф зикр кард, ки  “ҳоло шумораи сайёҳони хориҷӣ аз дохилӣ дида бештар аст. Мутаассифона, сокинони кишвар ба мавзеъҳои диданибоби Ватанамон кам таваҷҷуҳ доранд. Тавсия медиҳам, ки пеш аз азми саёҳат ба кишварҳои хориҷӣ, аввал аз манзараҳои зебои Ватани худ дидан намоянд”.
Воқеан, боиси нигаронист, ки туризми дохилӣ дар мо суст рушд ёфтааст. Як нуктаро бояд таъкид кард, ки сайёҳии дохилӣ асоси рушди сайёҳии хориҷист. Аз ин дидгоҳ, мо низ ҷонибдорем, ки сокинон саёҳатро аз кишвари худ оғоз намоянд. Даъват ба амал меорем, ки ба мақоли “Оби дари хона тира” амал накунанд.
 
ХУЛОСАИ САФАР
Кӯлҳои Мижгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғзор, Ҳазорчашма ва табиати дилфиреби дараи Шинг касро мафтуни ин водӣ мекунад. Ҳафткӯл ҳафт ахтари рахшонро дар оғӯши табиати сабз мемонад. Дар гумон аст, ки дар ҷаҳон монанди ин мавзеъ маконеро пайдо кардан имконпазир бошад. 
Кӯли ҳафтум дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Акси осмони соф ва табиати атроф дар оби кӯлҳо, воқеан ҳам, манзараи тамошобобу диданиеро ба вуҷуд меорад.
Бобои Хуррами ҳафтодсола, ки аз соли 1949 дар соҳили кӯли ҳафтум умр ба сар мебарад ва бо ҳамсараш пайи чидани хучи худрӯй аст, гуфт: “Ҳамин сол дар фасли зимистон низ равуои сайёҳони хориҷӣ кам нашуд. Азбаски зимистон болои кӯлҳо як баста, ҷойи аҷибе барои бозиҳои рӯи ях мешавад, меҳмонон аз Хитой, Ирландия ва Амрико меомаданд”.
Бешак, Ҳафткӯл бо табиати нотакрору ҳаловатбахш, ҳавои форам, минтақаҳои тамошобоб қалби ҳазорон гардишгарони дохиливу хориҷиро тасхир кардааст. Ҳамин аст, ки сол ба сол шумораи сайёҳони хориҷӣ зиёд мегардад. 
Дар охир, аз хонандагони рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва дӯстдорони табиат даъват ба амал меорем, ки ҳатман ба ин мавзеъ сафар намоянд ва аз зебоии он ҳаловат баранд. Маҳз рӯзноманигорон, ки тавассути матбуоти чопӣ ва фазои электронӣ доираи васеи ҷомеаро фаро мегиранд, метавонанд дар муаррифии мавзеъҳои сайёҳии мамлакат саҳм гиранд. Дар ҳоле ки мо муъҷизаҳои мавҷудаи табиати худро муаррифӣ мекунем, на аз набудаҳо месозем.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, Шодмон АБДУРАҲИМ,
Душанбе - Панҷакент - Душанбе
Суратгир Комрон САФАР
 
P.S. Ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои мусоидат дар ин саёҳат изҳори сипоси аҳли кормандони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро мерасонем.
Санаи нашр: 25.08.2023 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив