АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Барои таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои иловагӣ андешида мешаванд
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон то ба танзим даровардани нархи маҳсулоти кишоварзӣ содироти баъзе намудҳои он, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ манъ гардид.
Соли гузашта аз ҷумҳурӣ 191, 2 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 54,3 миллион доллари амрикоӣ содирот гашт, ки дар қиёс ба ҳамин давраи порсола аз рӯи ҳаҷм 17,6 ҳазор тонна кам буда, аз рӯи арзиши гумрукӣ 17,6 миллион доллар бештар мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар таркиби содирот сабзавот 76,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми содироти маҳсулоти дигар, аз ҷумла мева 54,5 ҳазор тонна ва меваи хушк 52,4 ҳазор тонна мебошад. Маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 20 давлати хориҷӣ фурӯхта шудааст.
– Бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ва ба ин васила муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозорҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ 496 анбор, сардхона ва яхдон сохта ва барқарор карда шудаанд. Иқтидори ғунҷоиши онҳо 187 055 тонна маҳсулот буда, барои пешгирии талафёбии маҳсулот, захираву нигоҳдорӣ ва ба роҳ мондани содирот мусоидат менамоянд, – иброз дошт Қурбон Ҳакимзода.
Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»
Истеҳсоли қариб 21,4 миллиард кВт/соат неруи барқ дар як сол
– Соли рафта дар Тоҷикистон истеҳсоли неруи барқ 21 миллиарду 399,5 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки баландтарин нишондиҳанда дар фаъолияти низоми энергетикии мамлакат мебошад. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли пешӣ 775,7 миллион кВт/соат бештар буда, суръати афзоиш 103,8 дарсад мебошад, – гуфт Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ.
Содироти неруи барқ низ афзуда, ба 2 миллиарду 557,6 миллион кВт/соат расид. Инчунин, истеҳсоли неруи гармӣ ба 1 миллиону 143 ҳазор Гкал баробар шуд. Ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида дар бозори дохилӣ 90 дарсад ё 3 миллиарду 244 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ зиёд мебошад.
Зикр гашт, ки моҳи марти соли гузашта дар доираи татбиқи 20 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи электроэнергетика агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва моҳи октябр агрегати №1-и НБО «Норак» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инчунин, зеристгоҳҳои барқии «Рӯдакӣ» дар ноҳияи Восеъ, «Вознавд» ва «Даштаки Ванҷ» дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба истифода супурда шуданд.
Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»
Барои омӯзиши пиряхҳо парвозҳои визуалӣ татбиқ хоҳанд гашт
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода яке аз барномаҳои зарури татбиқшавандаи Кумитаро барои ҳифзи пиряхҳо барномаи "Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" унвон карда, раванди татбиқи онро дар давоми то соли 2030 эълон дошт.
Ӯ зикр кард, ки дар асоси татбиқи барномаи мазкур ва дар давраи омӯзиши равандҳои обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон моҳи апрел – июни соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ парвозҳои визуалӣ дар назар аст. Дар рафти иҷрои барнома ченкунии сатҳи барф амалӣ гашта, ба пешгирии офатҳои табиӣ мусоидат мекунад.
– Натиҷаҳои тадқиқот ба шуъбаҳои дахлдори Кумита интиқол дода мешаванд, – иброз дошт Баҳодур Шерализода дар нишасти матбуотӣ.
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"
ДМТ
Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат таъсис ёфт
Моҳи декабри соли 2022 бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифт. Дар Марказ осори банашррасидаи Сарвари давлат ва таълифоти муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Роҳбари кишварро инъикос намудаанд, ҷамъоварӣ мегардад.
Дар ин бора Қобилҷон Хушвақтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Инчунин, ӯ иттилоъ дод, ки соли рафта ДМТ дар радабандии байналмилалии IAAR Eurasian University Ranking (IAAR EUR) иштирок намуда, мақоми 4-умро касб кард ва сазовори ҷоизаи «IAAR EUR Worldwide recognition» Award гашт. Ҳамчунин, Донишгоҳ ба радабандии QS шомил шуд, ки имсол он натиҷагирӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки шумораи донишҷӯёни Донишгоҳ 22787 нафарро ташкил медиҳад, ки ан ин шумора 280 донишҷӯ тибқи Квотаи президентӣ таҳсил менамояд.
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»
ДДОТ
Аз оғози фаъолияти Литсей то бунёди хобгоҳи омӯзгорон
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, хабар дод, ки дар кӯтоҳтарин фурсат Литсейи Донишгоҳ барои хонандагони синфҳои 5-11 ба фаъолият оғоз менамояд.
– Дар давоми соли ҷорӣ ният дорем, ки бинои нави дуошёнаи таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни факултетҳои химия, биология ва географияро мавриди истифода қарор диҳем. Инчунин, сохтмони хобгоҳи омӯзгорон низ, баъди таҷдиди лоиҳа оғоз меёбад, ки аз 204 ҳуҷра иборат аст, – гуфт Аҳлиддин Ибодуллозода.
Ҳамчунин, ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки Донишгоҳ дар самти корҳои илмӣ низ пешрафт дорад ва танҳо дар соли гузашта 30 устоди муассиса, аз ҷумла 3 нафар рисолаи докторӣ ва 27 нафар рисолаи номзадӣ ва доктор (PhD) дифоъ карданд.
– Дар ин замина, мо 3 шурои нави диссертатсионӣ таъсис додем ва нақша дорем, ки дар давоми сол сетои дигар таъсис диҳем, – афзуд ректори Донишгоҳ.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ба 334 ҳазору 295 мусофир хизмат расонд
– Соли гузашта ба 334 ҳазору 295 мусофир хизмат расондем, ки нисбат ба соли пешин 101 ҳазору 639 нафар зиёд аст. Тариқи фурудгоҳ дар як рӯз аз ду то чор парвоз ба хатсайрҳои муайяншуда анҷом меёбад. Инчунин, соли рафта 1012 хатсайр иҷро гардид, – гуфт Ҳомидзода Нуралӣ, роҳбари ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”, зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ тазаккур дод, ки соли 2022 ба буҷети давлат аз ҳисоби Фурудгоҳ 23 миллиону 825 ҳазору 789 сомонӣ интиқол ёфт, ки нисбат ба соли қаблӣ 3 миллиону 6 ҳазору 675 сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар Фурудгоҳ 255 нафар ба кор ҷалб шудааст, ки музди миёнаи кормандон 2 ҳазору 373 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, мавсуф зикр кард, ки теъдоди ба таъхир мондани парвозҳо 26 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла: 2 хатсайр аз номусоидии боду ҳаво, 20 парвоз аз дер мондани ҳавопаймо, 2 ҳолат аз қатъ гардидани парвоз ва 2 хатсайри дигар бо сабабҳои техникӣ. Масъулони Хадамоти бехатарии авиатсионӣ, бо сабаби вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ 30 нафарро ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳр супурданд ва бо 168 нафар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27