ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

06 феврал 2023, Душанбе
54
0
 
МАОРИФ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа меёбанд
Соли 2022 дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ, филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Россия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода бо иштироки сарварони ду кишвар мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин нуқтаро Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иброз дошт. 
Ҳамзамон, таъкид намуд, ки соли гузашта дар маҷмуъ, 6747 хонандаи синфҳои аз 3 то 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имконияти дар 37 олимпиадаи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ тариқи  мустақим ва фосилавӣ иштирок намуданро пайдо карданд, ки нисбат ба соли 2021-ум 5693 нафар ё 84,4 фоиз зиёд мебошад. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳо соҳиби 296 медали тилло, 662 нуқра ва 847 биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба соли 2021-ум 217 медали тилло, 472 нуқра ва 473 биринҷӣ зиёд мебошад.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
 
ГЕОЛОГИЯ
13 қитъаи нави тиллои  пошхӯрда кушода шуд
Дар ҷумҳурӣ соли сипаришуда 13 қитъаи нави тиллои пошхӯрда дар масофаи умумии 52,5 километр барои истифода кушода шуд. Дар ин бора Илҳомҷон Оймаҳмадзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи ӯ, дарёфти чунин қитъаҳо натиҷаи корҳои омӯзишӣ-геологии Саридораи геология буда, истифодаи канданиҳои фоиданок бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти шахсони дорои иҷозатномадошта амалӣ мешавад. Қитъаҳои мазкур дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин ҷойгир буда, онҳо барои истихроҷ бо усули худфаъолу худбиёр ба Вазорати молия пешниҳод карда шуданд.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
АВИАТСИЯИ  ГРАЖДАНӢ 
Проблемаҳо ҳастанд...
– Соли 2022 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба 3 миллиону 137 ҳазор мусофир хизмат расонданд, ки нисбат ба соли пешӣ 1 миллиону 543,3 ҳазор мусофир ё 1,9 маротиба зиёд мебошад, –  изҳор дошт  Дилшод  Сафарзода, директори Агентии авиатсияи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни  нишасти хабарӣ. 
Ба гуфтаи номбурда, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ бо 27 кишвари хориҷи дуру наздик созишномаҳо ба имзо расиданд, ки аз он  9 кишвари ИДМ, 7 давлати Иттиҳоди Аврупо ва 11 кишвари Осиё мебошад.  
ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» пас аз таъхири тулонӣ вобаста ба вазъи пандемияи коронавирус парвозҳоро дар самти Душанбе – Урумчи – Душанбе барқарор намуда, айни ҳол он дар 2 ҳафта як маротиба амалӣ мешавад.
– Айни ҳол яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳалли худро наёфтааст, ин набудани хати аэронавигатсионӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бинобар сабаби набудани роҳи ҳавоӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвари ҳамсоя парвозҳоро тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Қирғизистон иҷро менамоянд. Кушодани хати ҳавоӣ дар ин масир имкон медиҳад, ки ширкатҳои ҳавопаймоии аз самти Аврупо ба Осиёи Шарқию Ҷанубӣ парвозкунандаро ба худ ҷалб созад, – гуфт Д. Сафарзода.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
Хайрулло Назарзода: «Оянда таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ мегузарад»
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои пайвастани назария ба амалия таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро дар ҳудуди муассиса ба роҳ мемонад. Барои ин кор бинои бонк ва чанд озмоишгоҳ сохта истодаем.
Ин нуктаро Хайрулло Назарзода, ректори Донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Бино ба гуфтаи ӯ, соли 2022 барои таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият дар Донишгоҳ 6 маротиба курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил ва гузарондаанд. Бавижа, ҷалби 4 омӯзгор аз ИМА баҳри таҳкими донишу малакаи устодону кормандон судманд буд.
– Дар ду хобгоҳи чорошёнаи муассиса ҷиҳати таъмини шароит ва омӯзиши касбу ҳунар барои донишҷӯдухтарон гранти хурд ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ равона гардид ва дар натиҷа, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, ошхонаи муҷаҳҳаз бо асбоби пухтупаз ба истифода дода шуданд, – афзуд Хайрулло Назарзода.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
МИНТАҚАИ КӮЛОБ.  АЗ 16 ИНШООТИ НАҚШАВӢ 4 АДАД БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 
Зимни нишасти матбуотӣ дар филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб  сардори Раёсат Аскар Бобоев ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли рафта тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёд ва навсозии як қатор иншоот, аз ҷумла 10 иншоот дар соҳаи маориф, 2 иншооти бахши ҳокимияти давлатӣ, 1 иншооти маҷмаи сӯзишворию энергетикӣ, 1 иншооти соҳаи фарҳанг, 1 иншооти соҳаи тандурустӣ ва 1 иншооти соҳаи коммуналӣ, пешбинӣ гардида буд.
 Ба гуфтаи Аскар Бобоев, аз 16 иншооти нақшавӣ 4 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. 
Номбурда афзуд, ки соли гузашта маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 100,1 дарсад ва буҷети маҳаллӣ 100,2 дарсад иҷро гардидааст.
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.02.2023 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив