ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА ВА ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ОЛӢ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА ВА ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ОЛӢ

16 июн 2023, Ҷумъа
49
0
Бо сипарӣ гаштани 26 сол аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ он рӯзгоронро ҳоло ҳам пеши назар дорем. Воқеан, ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастоварди давлатдории миллӣ ба шумор меравад,  аммо ин ҳама осон ба даст наомадааст. Дар роҳи барқарории ҳокимияти қонунӣ ва сулҳу субот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои хастанопазир анҷом дода, давлати навини тоҷиконро ба шоҳроҳи тараққиёт раҳнамун карданд.
Бобати аҳамияти ин санад ва модели сулҳофарии  тоҷикон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, муҳаққиқону муаррихон, роҳбарони давлатҳо, сарварони ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ андешаҳои хешро зиёд изҳор доштаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд, ки қадру манзалати сулҳи мо баробар ба Эъломияи Истиқлоли давлатист. Яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд.
Нобасомонӣ  ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боиси аз байн рафтани иқтисодиёти ватанӣ, таназзули тамоми сохторҳои давлатдорӣ гардид. Беш аз 150 ҳазор сокини кишвар куштаву 1,5 миллион гурезаҳо дар дохил ва хориҷ сарсону саргардон монданд.
Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Роҳбари хирадманду оқил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои зиёде анҷом дод, то гурезаҳои иҷборӣ ба манзилу макони аслии хеш баргарданд. Гурӯҳҳои ҳукуматӣ чандин маротиба ба давлати ҳамсоя рафта, шарту шароит ва вазъро ба мардум мефаҳмонданд. Дар раванди бозгашти гурезаҳо барномаи «Хоки Ватан»-и Радиои "Тоҷикистон" низ, нақши созгор гузошт.
Бо мурур гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, харобаҳои ҷанг барқарор ва мардум ба зиндагии осуда даст ёфт. Раванди минбаъдаи ҳодисаҳои таърихи давлатдории навин нишон дод, ки Пешвои муаззами миллат дар қавлу амали худ устуворӣ нишон дода, Тоҷикистонро ба як кишвари ободу осуда ва соҳибэътибор дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ табдил доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдат муколамаи сиёсиро ҳамчун роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти тоҷикон дар таъмини мусолиҳаи миллӣ истифода бурданд. Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат, бавижа гурезаҳои тоҷик ва фирориён, таъмин гардид. Ҳоло вазифаи ҳар яки мо дар назди Ватани маҳбуб ин аст, ки арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро гиромӣ дошта, дар татбиқи ҳадафҳои минбаъдаи давлату Ҳукумат саҳми худро гузорем.
 
Манижа ШЕРХОНОВА,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 16.06.2023 №: 125
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив