СУРУДИ МОДАР
Азизӣ, нозанинӣ, модари ҷон,
Саодатофаринӣ, модари ҷон.
Дар ин олам, ки кас ҷуз ғам набинад,
Илоҳо, ғам набинӣ, модари ҷон.
Қарини дил бувад бисёр, аммо
Ту бар ҷонам қаринӣ, модари ҷон.
Бароям меҳтари беҳтар зиёд аст,
Вале ту беҳтаринӣ, модари ҷон.
Бузургони дурӯғин кам набошанд,
Бузурги ростинӣ, модари ҷон.
Шавам бо офтоби сар мулоқӣ,
Гаҳи дидорбинӣ, модари ҷон.
Тулуи беғурубатро бинозам,
Ту хуршеди заминӣ, модари ҷон.
Сарам бар чарх месояд зи шодӣ,
Чу дар пешам нишинӣ, модари ҷон.
Ба дунёе, ки аслаш ноумедист,
Умеди охиринӣ, модари ҷон.
ҒАЗАЛИ ФИРОҚ
Аё модар, Худо шоҳид, ки бе ту сахт танҳоям,
Ба пеши кӣ гурезам баъд аз ин аз дасти ғамҳоям?
Ба ботин гарчи меҷӯшам, ба зоҳир санги хомӯшам,
На беҷо мешавад дастам, на аз ҷо меравад поям.
Нагардад маҳрамам мардум, нагардад ҳолам аз анҷум,
Фалак гӯши гаронашро нахобонад бар овоям.
Миёни чордевори тиҳӣ он чуғзи дилтангам,
Ки мемӯям, ки менолам, ки меоҳам, ки мевоям.
Ту аммо фориғӣ аз ман, надорӣ ҳеҷ парвое,
Ки шаб бар марқади покат ба ҳасрат ҷабҳа месоям.
Агар руҳат нагирад дасти ман, бефарқ бигзорад,
Ба бефарқӣ ба сар хоҳад шудан имрӯзу фардоям.
Агарчи роҳи ту банд аст, модар, роҳи ман боз аст,
Ту назди ман намеоиву ман назди ту меоям.
Бад-ин сӯзе, ки ҷон дорад, бад-ин доғе, ки дил дорад,
Шабеҳи лолаам, то ҳафтаи дигар намепоям.
Маро дар рӯзи дафнам аз Худои худ мурод ин аст,
Ки дар поёни пои ту диҳад, ай тоҷи сар, ҷоям.
САВГАНД
Модаро, баъди ту ғам хӯрдаму ғамхора шудам,
Баъди ту хортарин одами сайёра шудам.
Чун ба марги ту набуд бовари ман, пеши аҷал
Чораи кор надонистаму бечора шудам.
Гарчи дар дидаи мардум нанамояд, ба Худо
Баъди ту сахт парешон шудам, овора шудам.
Баъди ту ҷамъ наёмад дили садпораи ман,
Бо дили пораи худ пора шудам, пора шудам.
Меҳрубонии ту мебурд хушунат зи дилам,
Бе дили нарми ту дилтангу ситамгора шудам.
Бетамаъ нестам аз баъди ту даркори касе,
Модари беғаразам, баъди ту бекора шудам.
Боварам кас накунад, лек ба номи ту қасам —,
Баъди ту сард шудам, санг шудам, хора шудам.
ҒАМБОДА
Шаб хоби парида монд бо модари ман,
Субҳ ашки чакида монд бо модари ман.
Бар хидмати аскарӣ чу бурданд маро,
Як нони газида монд бо модари ман.
Печида ба дуди оҳи деринаи ман,
Сӯзад чу чароғ қалби пурпинаи ман.
Ганҷе, ки бувад шукӯҳи ганҷинаи ман,
Ғамбодаи модар аст дар синаи ман.
Модар чу гузашт, сахт дилгир шудам,
Омоҷ шудам — нишонаи тир шудам.
Бо рафтани модарам наомад шодӣ,
Дар панҷаи андуҳ сияҳпир шудам.
Давлати РАҲМОНИЁН
Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)