БИТУМ. ЧАРО ИСТЕҲСОЛИ ХУДИРО ТАҲКИМ НАБАХШЕМ?
![]()
Олимони Шуро оид ба илм ва саноати Ҳиндустон (CSIR) технологияеро ихтироъ намуданд, ки мувофиқи он аз партовҳои кишоварзӣ метавон битум истеҳсол кард. Битум зимни асфалтпӯшкунии роҳҳо яке аз маҳсулоти асосӣ ба шумор меравад.
Тибқи иттилои нашрияи IANS, технологияи мазкур ба пиролиз асос ёфтааст. Яъне, пахолро бе дастрасии оксиген гарм мекунанд, ки дар натиҷа он ба битуми аз лиҳози экологӣ тоза ва барқароршаванда табдил меёбад. Натиҷаҳои нахустини бадастомада хурсандибахшанд. Аз ҷумла, бунёди шоҳроҳи Нагпур – Мансар самаранокии ин иқдомро нишон дод.
Вазири илм ва технологияи Ҳиндустон доктор Ҷитендра Сингҳ ихтирои мазкурро комёбии бузург номид. Ин дастовард ба Ҳиндустон имкон медиҳад, ки вобастагиаш аз битуми воридотии нафтӣ кам шавад. Ғайр аз ин, технологияи мазкур пеши сӯзондани пахолу коҳ ва ғӯзапояро, ки боиси ифлосшавии ҳаво мешаванд, мегирад. Аз тарафи дигар, кишоварзон соҳиби даромади иловагӣ мегарданд.
Директори генералии CSIR Н. Калайселви ба TV BRICS иттилоъ додааст, ки саноатчиёни мамлакат ба ин технология таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Коршиносон ба ин назаранд, ки битуми биологӣ ба рушди инфрасохтор мусоидат намуда, фермерҳоро дастгирӣ, ифлосшавии ҳаворо пешгирӣ ва иқтисодиёти Ҳиндустонро пурқувват мекунад.
Вазири нақлиёт ва роҳҳои автомобилии Ҳиндустон Нитин Гадкари тасдиқ намудааст, ки минбаъд фермерон на танҳо истеҳсолкунандаи маҳсулоти озуқаворӣ, балки тавлидкунандаи энергия ва маҳсулоти сохтмонӣ низ хоҳанд шуд.
Тибқи иттилои вазир, то ҳол дар музофоти Видиш фермерон аз партовҳои соҳаи кишоварзӣ биоэтанол ҳосил карда, онро ба сӯзишвории нафтӣ илова менамоянд, ки дар натиҷа сифати сӯзишворӣ баланд ва нархи он арзон мешавад. Тибқи баҳодиҳии коршиносон, ҷорикунии технологияи мазкур на танҳо ба иқтисодиёти Ҳиндустон миллиардҳо доллар фоида меорад, балки боиси тоза шудани муҳити зист низ мегардад. Зимни ба ҷойи битуми нафтӣ истифода бурдани битуми биологӣ ифлосшавии ҳаво 70 дарсад кам хоҳад шуд.
Нашрияи «Financial Express» хабар додааст, ки тайи 5 соли оянда соҳаи авиатсияи Ҳиндустон метавонад 20 дарсади сӯзишвориро аз ҳисоби биоэтаноли аз партовҳои кишоварзӣ истеҳсолшуда таъмин намояд. Ин ҳадаф ба коҳиш додани воридоти нафт аз хориҷа ва зиёд шудани даромади кишоварзон нигаронда шудааст.
Воқеан, ёдовар шудан бамаврид аст, ки чунин як таҷрибаи нодирро ҳанӯз соли 2007 ширкати «Фондарё» (роҳбараш Садафмоҳ Абдуллоева) татбиқ карда буд. Ин ширкат дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, истеҳсоли биоэтанолро аз ҷуворимакка ба роҳ монда, дар чор гӯшаи шаҳри Душанбе дар мошинҳои махсуси рангашон сабз сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тозаро мефурӯхт, ки ҷавобгӯйи стандарти ҷаҳонӣ буд. Роҳбарияти «Фондарё» тасмим гирифта буд, ки дар ҳавзҳои биологии мавзеи Гулбутта эйхорния ном обсабзи зуд инкишофёбандаро кишт намуда, аз он биоэтанол ва биогаз ҳосил кунанд. Кишти ин обсабз имкон дод, ки бадбӯйии ҳавзҳои биологӣ аз байн равад. Баъдан, ширкати мазкур ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» кӯчид. Мутаассифона, дар бораи идома ёфтани ин иқдоми наҷиби ширкати мазкур дигар иттилое дар даст нест.
Агар олимону соҳибкорони кишварамон бо ҳамтоёни ҳиндустониашон дар самти технологияи истеҳсоли биоэтанол аз партовҳои кишоварзӣ ҳамкорӣ намоянд, ҳам ҳавои кишварамон аз ифлосшавӣ эмин мемонад ва ҳам кишоварзон соҳиби даромади иловагӣ мегарданд. Ин иқдом ҷаҳише дар самти саноатикунонии мамлакат хоҳад шуд, зеро то ҳол мо сӯзишворию битумро аз хориҷи кишвар ворид мекунем.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»
