ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУМОРИ МОДАР

ХУМОРИ МОДАР

22 август 2023, Сешанбе
77
0
 
Воқеан, ҳодисаҳое, ки дар ҳаёт рух медиҳанд, хоҳ хуб бошанд, хоҳ бад, барои як умр дар хотираҳо боқӣ мемонанд. Баъзан аз он афсус мехӯрем, ки чаро ин ё он амалеро, ки метавонист азизеро барои як лаҳза хандабарлаб кунад, анҷом надодем. 
– Хотираҳоям ҳамагӣ бо модарам пайванданд. Ба модари ормониям, ба модари муштипарам, ба модари кайҳо аз дида рафта, вале барои ҷовидонӣ дар қалбам маъвогифта, – бо сӯз мегӯяд Дилноз.
– Модарам дугонаам буд, ҳамрозу ҳамнафас будем, бе ягон ҳарф аз нигоҳам ҳама чизро пайхас менамуд. Ҳатто баъзан аз хандаи дурӯғинам  ботинан ғамгин буданамро эҳсос мекард. Ёд дорам, ки дар чунин лаҳзаҳо  доим чунин мегуфт: "Дили ман, о беҳуда чӣ хандаи дурӯғин мекунӣ?". Дарди бедармонашро медонистам, ҳарчанд мардонавор сар намефаровард. Аз субҳ то шом дар пайи ободии рӯзгор буд, тозагиро дӯст медошт. Оҳ, он қадар зика ва он чунон зебо буд, модарам. Духтари ба қавле пайи қинғола, ғамҳоямро гӯё фурӯ бурда, наздаш ҳамеша механдидам. Фикр мекардам, ки бо ин амалам таскинаш мебахшам. Намехостам, ки огоҳ будани маро аз асрори дилаш пай барад, вале ӯ ҳамаашро медонист...
То дасти гармаш болои сарам буд, то вопасин лаҳзаҳои пеш аз видоъ ба ҷон кӯшиш кардам, ки фарзанди лоиқ бошам. То кадом ҳад муваффақ шудам, Худо медонаду модарам... 
Ба духтароне, ки модар доранд, ҳасад мебарам. Не, асло аз кинаву бахилӣ не. Бахусус, вақте огоҳӣ меёбам, ки духтараке пайи бахт шудаву тӯй дорад, аз алам мегирям. Беихтиёр аз он мегирям, ки арӯсии худам пеши назарам меояд, арӯси бе оча, арӯси ҳайрони миёни ҳавлии падарӣ. Охир аз хурдӣ нафареро, ки мехостам аз ҳама пеш маро дар тахт бинад, модарам буд. Аз куҷо медонистам, ки бо куртаи арӯсӣ пеши модар салом доданро дар номаи аъмолам нанавиштаанд, – мегӯяд Дилноз. 
– Модарам зиндадил буд. Пештар аз мо медонист, ки арӯсии моро намебинад. Ёдам ҳаст, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз реҳлат гӯшии радиоро баланд тоб дода, ба рақс даромад. Гӯё тӯйи арӯсии ман бошад. Бо сад дарду ҳасрат гуфт, ки як бор ақаллан, арӯс шав, сохта ҳам бошад, салом деҳ. Афсус, аз шарму ҳаё дар назди хешу табор охирин хоҳиши модарамро ба ҷо наовардам.  Ин аламу ҳасрат то ҳол гулугирам мекунад. Кош он рӯзҳо дубора бармегаштанд, кош метавонистам ин орзуи модарамро амалӣ гардонам, вале сад афсус. То ҳол ба ҷуз аз ин кӯтоҳандешиям, аз чизи дигаре афсус намехӯрам. 
Модарам зани миёнақади оҳусифат, сапедандом, хушхулқу боиффат буд. Боз чӣ сон тавсифаш созам, ки ба серӣ надидамаш...
Наврас будам, ки модари зебову паричеҳраам аз дори дунё гузашт. Хонаи ободу сермеҳмон, ҳавлии васеи гилини қутбнамои деҳа дар ду рӯз ба мотамсаро табдил ёфтаву хароб шуд. То ҳанӯз симои зобояшро дар хоб мебинам. Тамоми умр, дар раҳу рӯ, рустову барзан дар симои бонувони зебо акси рухи модарҷонамро меҷӯям. Ҳар бори бо бонуи  хушрӯе рӯ ба рӯ оям, беихтиёр ӯро бо модарам қиёс мекунаму аз дил мегузаронам, ки на, модари ман аз ин бону ҳам хушрӯтару зеботар буд, мисли парӣ...
Аз даст додани модар сахттарин рӯз барои фарзанд маҳсуб меёбад, вале вақте модар хеле ҷавон реҳлат мекунад, бемуҳобот, ин фоҷиа аст. Хеле сахту ҷонсӯз аст, вақте ин фоҷиа мисли барги гул баъди борон ҳар саҳар тоза шудан мегирад. Имрӯз ҳам агарчи аз марги модарҷонам солҳо гузаштаанд, баробари чашм пӯшиданам шабҳо симои зебояш пеши назар меояд, хандаҳояш ба гӯшам мерасанд ва гоҳе ҳам гармии дастонашро дар вуҷудам эҳсос мекунам, ҳатто мешунавам, ки мегӯяд : “Дили ман, чаро хандаи дурӯғин мекунӣ”. Оҳ  модарҷон, кош медонистӣ, ки ҳанӯз ҳам хандаҳоям дурӯғину нолаҳоям ҳақиқианд, вале чи кор карданамро намедонам. Замин бароям тангу осмон баланд аст, модарҷон.
Чашмонам ҳамеша бо ёди ту наманд. Чи вазнин, чӣ қадар мушкил будааст хумори модар. Кош як бори дигар меомаду даст болои сарам мегузошт,  дили аз ғам пурталотумгаштаро ором мекард.  Ҳар куҷо бӯйи туву рӯйи туро меҷӯям, лекин ҳайҳот чун рӯйи зебою чун бӯйи анбарсириштат дар ҷаҳон дигар нест, ки нест.  Шаби пеш аз маргат лаҳзае, ки бо чашмони пуроб, вале чун ҳамеша бо меҳру муҳаббат бо дастони зебоят дастонамро соиш додӣ, медонистам, ки ин хайрухуш то қиёмат хоҳад буд. Ҳарчанд дилам аз ҳаёт сард шуда буд, аммо дар ҳамин ҳол ҳам аз ту  умед доштам,  аммо…
Бовар кунед, марги модар фарзандро модаршинос мекунад. Одати нонавиштае ҳаст, ки маҳз пас аз марги модар ба қадраш мерасему  хатоҳои худро дарк мекунем.  Вале, дигар чӣ суд?  Пас, беҳтар он нест, ки ҳар яки мо дар зиндагӣ  модаронро чун гавҳараки чашм азиз дорем, беҳтарин сухан ва ноёбтарин неъматҳоро барояш арзонӣ дорем? Рисолати фарзандии худро назди модарон тавре ба ҷо оварем, ки лоиқи дуо бошем, дуои модар! 
– Шояд акнун ин воқеияти зиндагиро дарк карда бошам,– мегӯяд Дилноз замоне ки модарам дигар нест. Замоне ки модарам бо ҳусни нотакроре, ки дошт, хонаи охираташро нурборону оғӯши сарди хокро гарм мекунад. Замоне ки чун тифли дурафтода аз пистон хумори модар дорам. 
Бале, имрӯз модарбузурги ман дар дили ин замини носер хоб аст. Метарсам, ки аз нолаҳои ҷонгудозам арвоҳи ӯро меранҷонам. Фақат ба ҳамин хотир дигарбора ғамҳоямро фурӯ мебарам, аз ноилоҷӣ гиребони замин мегирам ва хеле хомӯш ба гӯши хок мегӯям: 
 
Эй хоки тира, модари моро азиз дор,
Ин нури чашми мост, ки дар бар гирифтаӣ.             
                      
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”
 
Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив