ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ ВА САОДАТИ МАЪНАВИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ИСТИҚЛОЛ ВА САОДАТИ МАЪНАВИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

19 сентябр 2023, Сешанбе
38
0


Истиқлоли миллии тоҷикон, ки дастоварди беназири таърихӣ ба шумор меравад, барои мардуми кишвари мо дар заминаи ривоҷи барномаҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ саодатҳои афзуне тақдим намуд, ки дар заминаи он роҳе равшану пайдо ба сӯи комгориҳои бешумор ҳосил гардид. Бешак, таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ тавассути қудратбахшӣ бар истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ ҷараён пайдо намуд, ки он ба барномаҳои бузургу созанда ва дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад. 
Мардуми тоҷик низ ҳамеша шукргузор ҳастанд, ки тавассути раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тадбирҳои созандагӣ, ибтикороти зебоиофарин, ташаббусҳои шоён ривоҷ намуда, саросари Тоҷикистони азиз ободу шукуфову зеботар мегардад. 
Имрӯз ҳам дар саросари Тоҷикистон чунин корнамоиҳои бунёдкорона ҷараён доранд ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола садҳо боғу майдонҳои хуррам, муассисаҳои маърифатӣ ва тандурустӣ, биноҳои маъмурӣ ва амсоли ин бо ҳузури Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Шукӯҳи муҷассамаҳои доҳии тоҷикон Исмоили Сомонӣ, устод Рӯдакиву Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, устод Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд, Сайфиддини Исфарангӣ дар Исфара, Деваштич дар ноҳияи Деваштич, Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ, Садриддин Айнӣ дар боғҳои ба номи устод Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Бӯстон, дар баробари қоматафрозии Нишону Парчами давлатӣ дар аксари шаҳру навоҳии кишвар воқеан, рамзе бар таҳкими худшиносии миллии мардум, хосса ҷавонон, гардид.  Тайи чанд соли охир мо шоҳиди он ҳастем, ки чунин муҷассамаҳои бузурги таъриху фарҳанг ва адабиёти миллии мо дар саросари Тоҷикистон баробар ба Парчаму Нишон арзи ҳастӣ намуда, майдону боғҳои бунёдгардида ба макони ҳузури мардум, хосса баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамоишҳои зиндагисози ҷавонон мегарданд. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар ҳар суҳбату мулоқоти хеш Пешвои миллат аз зарурати таҳкими истиқлоли миллӣ ва расидан ба қадру манзалати ин дастоварди беназири таърихӣ, тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ сухан мекунанд ва бо таваҷҷуҳ бар ин матолиб, мардумро бори дигар ба сабақбардорӣ аз воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта ва расидан ба қадри имрӯзи сулҳрезу ваҳдатшиор даъват менамоянд. Соли 2020 дар Ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ба зарурати шинохти шеър ва андешаи Камоли Хуҷандӣ ба унвони сарчашмаи таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии башарият таъкид намуданд. Ҳамакнун, вазифаи ҳар яки мо аҳли илму маориф аст, ки бар пояи ин раҳнамоиҳо ба ашъори на танҳо Камоли Хуҷандӣ, балки тамоми адибони гузашта аз ин равзанаи шинохт ворид шавем ва ғояҳои бузурги ниёконро барои насли имрӯза чун василаи беҳтарини тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, хосса ҳифзи арзишҳои бузурге чун истиқлол, ваҳдат, озодӣ, муҳаббат ба Ватан истифода намоем.  
Давоми чанд соли охир баргузории ҷашну идҳое, ки зимнан ба табиат рабт мегиранд, аз ҷумла баргузории идҳои  харбуза, зардолу, асал, бори дигар аз он паём мерасонанд, ки тавассути ин тадбирҳои наҷиби Пешвои миллат муҳимтарин расму оинҳои суннатии моро, ки сарчашма дар Наврӯзу Садаву Меҳргон ва Тиргон  доранд, эҳё мешаванд. Ба таъбири дигар, ин тадбирҳо барои таҳкими истиқлоли маънавӣ ва саодати руҳии халқи Тоҷикистон таъсири матлуб хоҳанд гузошт. Мардуми тоҷик аз дергоҳи таърих ба табиат ва офаридаҳои он таваҷҷуҳи амиқ доранд ва арҷгузорӣ ба ин падидаҳо худ гувоҳ бар он аст, ки ин ҳама неъматҳои нодири табиат аслу мояи зиндагонии инсониятро таъмин мекунанд. Эҳёи чунин идҳои зодаи табиат бори дигар ба ин маслаки неки ниёгон ва қадршиносӣ аз чунин суннатҳои наҷиб ишорат мекунад.
Албатта, дар ҳошияи ҳамаи сафарҳои пурбаракати Пешвои миллат ба тамоми шаҳру навоҳии кишвар мо шоҳиди корнамоиҳои зиёди созандае мегардем, ки ҳамагӣ шукӯҳу нусрати истиқлоли миллати моро ҷилвагар месозанд. Ин корнамоиҳо ҳамарӯзаву ҳамасола ба хотири таҳкими истиқлоли миллӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз идома доранд ва имрӯз бо илҳом аз тадбирҳои созандаи Пешвои миллат шаҳрвандони мамлакат, сокинони касбу кори гуногун низ, аз худ ташаббусҳои созанда зоҳир намуда, дар ободонии маҳалу гузару деҳаи худ иқдом мекунанд. Пешвои миллат, зимни эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва, ҳамзамон, тадбирҳои созанда ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии мо дар ин росто таъмини баробари рушди тамоми гӯшаву канори диёр, яъне пешрафти якҷояи шаҳру деҳот ба шумор меравад. Воқеан, имрӯз вақте ба ҳар шаҳру ноҳияи кишвар, ба деҳоти гуногуни Тоҷикистон сафар мекунем, ҳақиқати ин амр ҷилвагар мешавад. Замоне буд, ки мардум дар орзуи ҷомеаи хаёлие бо номи “коммунизм” буданд, ки яке аз нишонаҳои он аз миён рафтани фарқ миёни деҳаву шаҳр аз лиҳози меъморӣ ба шумор мерафт.  Дар даврони шуравӣ ин танҳо хобу хаёли мардум буд. Барҳақ, эҷоди иқдомоти созанда ва ибтикорҳои Пешвои миллат тавассути эълони барномаҳои хоссаи рушди деҳот имрӯз он хобу хаёл ва орзуи як замон доштаи мардумро ба ҳақиқат мепайвандад.  Корҳои ободониву созанда, хоссатан таҳкими истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати Тоҷикистон боиси он шуда истодаанд, ки дар заминаи амали барномаҳои бузург ҳамон орзуи деринаи руъёии мардуми мо ҷомаи ҳақиқат ба бар кунад, яъне бо бунёди коргоҳҳои азим, биноҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ, фарқ миёни шаҳру деҳот аз миён равад.
То таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои дигари бузурги давлат 3 соли дигар дар пеш аст, аммо самараи корҳои созандаи Пешвои миллат ва пуштибонии мардум аз ин сиёсати фардосоз бозгӯи он аст, ки ҳар лаҳза тарҳу симои тамоми манотиқи Тоҷикистон, хосса навоҳии деҳоти кишвар, дигаргун мешаванд. Бовари комил дорем, ки дар дарозои имсолу солҳои дигар ва фардову фардоҳои дигар мо ҳамеша шоҳиди чунин ибтикорҳои зеббахши зиндагӣ гардида, Тоҷикистони азизро ҳамеша шукуфону сабзпӯшу гулрез ва ҳар пораи хоки муқаддаси онро зархез дида, дар ҳар ваҷаб замини он самараҳои созандагиро тамошо хоҳем кард. Ҳоло, ки ҳосили садоқат ба қавлу қасами Пешвои миллат, инчунин, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби таҳкими истиқлоли миллӣ, таъмини зиндагонии шоистаи мардум самараҳои сабзу матлуб ба бор овардаанд, мо бо ифтихор ва садоқатмандӣ баён медорем, ки Пешвои миллати тоҷик воқеан, Пешвои мардумӣ ва парвардаи садоқати халқи азизи хешанд. 

Нуралӣ НУРЗОД,
директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филология, профессор

Санаи нашр: 18.09.2023 №: 187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив