ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРОССВОРД:
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1.Пароканда … наояд ба кор. 2. Тақсим. 3. Авлод. 4. Солшумории мо. 5. Шакл. 6. Кӯҳ дар Арманистон. 7. Матои пахтагини сафед. 8. Мазҳаб. 10. Муддати умр. 11. Мошини аввалини шуравӣ. 12. Меъёрҳои ҳатмии давлат ҷорикарда. 16. Амир. 18. Пайғамбари масеҳон. 20. … Ҳаниф, адиби муосири тоҷик. 21.Мошини хурди русҳо. 25. Хафа. 26. Ҳама. 27. … Кенҷаева, шоири тоҷик. 28. Яра. 30. Нақлиёти мусофирон. 31. Ният. 33. Кинофилми ҶТ. 34. Ҷаноби япониҳо. 35. Ҷарима барои зарар. 38. Додар. 39. Лаззат. 41. Асбоби мусиқии нафасӣ. 44. Зарфи мошин. 46. Асъори сулолаи Ғазнавиён. 48. Миллат дар Россия. 50. Сиёҳидон. 52. Завҷаи шоҳ. 53. Нақлиёт. 55. Маҳмуд …, овозхони тоҷик. 56. Не. 57. Тамокуи зери забон. 59. Адиби ҷанговари тоҷик, муаллифи асари «Ҷанговарон». 60. Бозоргон. 63. Гунг. 64. Ҳайвони бузургҷуссаи обӣ. 65. Айшу … . 67. Пойафзоли резинӣ. 69. Асъор. 71. Номи қаблии дарёи Волгаи Россия. 75. Ораз.
АЗ ЧАП БА РОСТ:
3. Қарз. 7. Шоири асри XVII тоҷику форс, муаллифи асари «Баҳориёт». 9. Ноҳия дар вилояти Суғд. 12. Абрӯ. 13. Асрор. 14. Асъори Литва. 15. Дарёи ҶТ. 17. Пойафзоли хоккейбоз. 19. Яке аз муқаддасоти давлат. 21. Амн. 22. Ҳайвони саворӣ. 23. Ҳарфи алифбои арабӣ. 24. Фарзанди падар. 25. Дӯстдоштаи Тоҳир. 29. Рама (русӣ). 32. Мана. 33. Фаҳм. 36. Боз. 37. Фарогирифта. 40. Зидмаънои рон. 42.Таоми миллӣ. 43. Новаи лаби бом. 45. Ҳарза. 47. Арғунчак. 49. Тамом. 51. Ҳаросидан. 52. Повести И.Тургенев. 54. Оғӯш. 57. Асбоби ронанда. 58. Ранг барои нохун. 59. Ҷиҳози чойхона. 61. Пар. 62. Падар. 64. Милтиқ. 66. Қисми хунуки Россия. 68. Ҷилд. 69. Умрдида. 70. Баҳамоии асбобҳои мусиқӣ. 72. Ҷои канданиҳои фоиданок. 73. Шоири тоҷик, муаллифи асари «Кремл». 74. Имо. 76. Ҳокими шаҳр.
Таҳияи Абдуҷалил ЮСУФОВ,
сокини шаҳри Ваҳдат
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ТАЪРИХИ 1 ҲИКМАТ
Омӯзгори ҷавон баъд аз чандин солҳо дар гузаргоҳе устоди даврони мактабхонияшро диду шинохт. Ба наздаш рафта аз ӯ пурсид:
– Маро дар ёд доред устод?
– Бале, дар ёд дорам. Ба чӣ кор машғул ҳастӣ?
– Ман омӯзгор ҳастам. Шумо сабаб шудед, ки дар дили ман завқи омӯзгор шудан пайдо гардид.
– Наход? Бигӯ, чӣ гуна ман сабаб шудам?
Як рӯз ҳамсинфам ба дарс омад ва дар дасташ соати зебое дошт. Ӯ соаташро аз дасташ бароварду дар поёни миз (парта) гузошт. Ман ҳамеша орзу мекардам, ки чунин соат дошта бошам. Дигар сабр карда натавонистаму соати ӯро гирифта, дар ҷайбам гузоштам. Вақте ҳамсинфам ба назди Шумо гирякунон рафту гуфт: «Касе соаташро дуздидааст».
Шумо ба сӯи мо нигоҳ карда гуфтед: “Ҳар касе соати ин бачаро гирифтааст, хоҳиш мекунам онро баргардонад”.
Ман худро нороҳат ҳис кардам, аммо намехостам соат аз дастам равад, аз ин рӯ, қоил нашудам.
Вақте ки касе гирифтанашро ошкор накард, Шумо дари синфро маҳкам намудеду гуфтед, ки аз ҷоятон хезед, ман бояд ҷайби шуморо кобам, ҳамаатон чашмонатонро пӯшед, мо чашмонамонро пӯшидем.
Ба сӯи мо омадед, ҷайби ҳар яки моро кофтед. Соатро аз ҷайби ман ёфтед, ҳаракатро давом додед ва ҷайби дигаронро ҳам кофтед.
Акнун метавонед чашмонатонро кушоед. Соатро ба соҳибаш баргардондеду дигар дар бораи ин кор чизе ҳам нагуфтед. Дар он рӯз, устод, маро назди ҳамсинфонам шарманда накардед. Маро дузд, дурӯғгӯй ва кӯдаки бетарбия нагуфтед.
Ин амали хуби Шумо сабаб шуд, ки касби омӯзгориро интихоб кардам.
Ҳар ду лаҳзае хомӯш мондем.
– Устод, вақте Шумо маро дидед, магар ин моҷаро ба ёдатон наомад?
– Не, зеро вақте ҷайбҳои шуморо мекофтам, чашмони ман ҳам пӯшида буданд.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБ
МУСИҚӢ ДАР МЕЪДА
Гӯшакҳои бесими ширкати маъруфи амрикоие тавоноии худро дар меъда ҳам нишон доданд. Аҷиб аст, вале ҷавонзани амрикоие тасодуфан як мусиқигӯшакро фурӯ бурд.
Мо Кеннеди шаб аз дарди шикам бедор шуд. Пас аз лаҳзае фаҳмид, ки аз меъдааш садо меояд.
Дар шуъбаи ёрии таъҷилии маркази тиббии Ковингтон, ҳангоми муоина ошкор гардид, ки гӯшаки бесим дар шиками бону корашро идома медиҳад. Аз шикам садои мусиқӣ меомаду ҳама гӯш медоданд. Духтурон тавассути ҷарроҳӣ гӯшаки нуҳ соат дар меъдаи духтарбударо берун оварданд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
“ПОСБОНИ ШАБ”
Ин расм осори гаронбаҳо ба шумор рафта, онро соли 1642 Рембрандт Ҳарменс кашидааст. Ҳоло “Посбони шаб” дар осорхонаи Райкс дар Амстердам нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми дидани он аввалин чизе, ки бинандаро ба ҳайрат меорад, андозаи шоҳасар аст. Онро соли 1639 капитан Франс Баннинг Кок ва ҳабдаҳ нафар ҳамроҳони ӯ фармоиш дода, ба рассом 1600 флорин пардохт намуданд, ки дар он вақт маблағи калон ба ҳисоб мерафт. Таърихшиносон сабаби фармоиши асарро сафари маликаи Фаронса Мари де Медичи ба Амстердам дар соли 1638 рабт медиҳанд. Гарчанде ки малика гуреза буд, ӯро бо руҳбаландии бузург пешвоз гирифтанд. Расм манбаи илҳоми филмсозон аст. Коргардон Питер Гринавей филмҳои “Посбони шаб” (2007), “Рембрандт”, “Ман айбдор мекунам!” ва филми моҷароҷӯёнаи “Нигоҳдории шабона” (1995)-ро аз рӯйи ин расм ба навор гирифтааст.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
10 БОНУИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
8.ҶИНА РАЙНҲАРТ
Бонуи соҳибкор Ҷина Райнҳарт дар саноати кӯҳкорӣ фаъолият менамояд ва дар ин тиҷорати, ба қавле мардона, обрӯи баланд дорад. Соли 1954 дар шаҳри Перте (ғарби Австралия) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ширкати Hancock Prospecting, бо роҳбарии ӯ ангишт, тилло ва оҳан истихроҷ мекунад. Таҳти сарварии ӯ нуфузи ширкат сол ба сол меафзояд ва комёбиҳои зиёдро ба даст меоварад.
Мувофиқи маълумоти маҷаллаи молиявии «Форбс» дороии Ҷина Райнҳарт ба 18,7 миллиард доллари ИМА мерасад.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Замони ҷанг вақте Уинстон Черчилл буҷети Британияи Кабирро қабул мекунад, аз хазинадор Ҷон Андерсон мепурсад:
- Чаро мо дар соҳаи фарҳанг сарфи маблағ надорем?
- Сарфҳои калони ҷанг имкон намедиҳанд...
- Дидед, ба соҳаи фарҳанг, ки ғамхорӣ нест, ҷанг карда мегардем, - сухани Андерсонро бурида мегӯяд Черчилл.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ҲАҚИҚАТИ МУҲИМ
Боре пирамард ба наберааш як ҳақиқати ҳаётан муҳимро ошкор кард:
- Дар ботини ҳар одам мубориза меравад, ки ба набарди ду гург монанд аст. Як гург бадиро ифода мекунад: ҳасад, пушаймонӣ, худхоҳӣ, шуҳратпарастӣ, бадбинӣ, дурӯғ. Гурги дигар ифодакунандаи некӣ: сулҳ, муҳаббат, умед, ростӣ, меҳрубонӣ ва садоқат.
Набера, ки аз суханони бобояш ба андеша фурӯ рафта буд, пурсид:
- Дар охир кадом гург ғолиб меояд?
Пирамард бо табассум ҷавоб дод:
- Ҳамеша ҳамон гурге ғолиб мебарояд, ки ғизо медиҳӣ.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
ДУТОР
Дутор яке аз асбобҳои машҳури миллии халқи тоҷик мебошад. Соз дар асоси асбоби мусиқии халқии дутора (думбура) ба вуҷуд омадааст. Пардаи дуторҳои аввалин чандон зиёд набуд. Ҳоло миқдори пардаи дутор то 12 ва аз он бештар аст. Дутор ҳамчун асбоби мусиқии дӯстдоштаи мардуми тоҷик, афғон, эрон, ӯзбек, туркман, қароқалпоқ ва уйғур ба шумор меравад. Дутор, асосан, аз чӯби тут сохта мешавад. Баъзан чӯби зардолу ва чормағзро низ, истифода мебаранд.
Машҳуртарин оҳангҳои дутор миёни мардум «Муноҷот», «Сувора», «Ҷигарпора», «Дилхироҷ», «Танавор», «Роҳат», «Қуштор», «Сегоҳ», «Чоргоҳ» мебошанд.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
ТОҶИКИСТОН
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Аввалин шакли давлатдорӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз пеш аз милод пайдо шудааст, ки Бохтар ва Суғд ном доштанд.
* * *
Археологҳо дар наздикии ноҳияи Ховалинг мавзеи таърихии давраи палеолити поёнро кашф намудаанд, ки умри 950-ҳазорсола дорад ва яке аз куҳантарин мавзеъ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад.
* * *
Яке аз калонтарин конҳои нуқра дар ҷаҳон дар шимоли Тоҷикистон воқеъ гардидааст.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
ДУ ПАНД
Ҳар гоҳ касе, ки некӣ мекунад, бо натиҷаи он худро машғул насозад, он вақт ҳисси ғазабу худхоҳӣ дар қалби ӯ хомӯш мешавад.
* * *
Аз дирӯз биомӯз, барои имрӯз зиндагӣ кун ва умед ба фардо дошта бош.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ҚАДАМ ЗАНЕДУ СОЛИМ БИМОНЕД!
Дар як тадқиқоти нав олимони Донишгоҳи Киотои Ҷопон ба хулосае омаданд, ки қадам задан ягона роҳест барои солимӣ ва дарозумрӣ. Муҳаққиқон муайян карданд, ки ҳамагӣ як ё ду маротиба 8000 қадам задан дар як ҳафта барои беҳтар кардани саломатии мо кофӣ хоҳад буд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, одамоне, ки ин ҳадди ақалли қадамҳоро дар як ҳафта мегузоранд, сатҳи пасти нишондиҳандаи фавтро мисли онҳое, ки ҳар рӯз 8000 қадам мегузоранд, доранд.
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ
МӮЙЛАБИ ЯКМЕТРА
Кокоҷон Шавқӣ, як марди афғон, бар он бовар аст, ки дигар касе дар Афғонистон мисли ӯ мӯйлаби дароз надорад. Ин мард ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри гузашта мӯйлаби худро дароз кардан мехост ва қариб 7 сол аст, ки онро кӯтоҳ накардааст.
“Мӯйлаби ман аз ним метр дароз аст. Кӯтоҳтар кардам, вагарна 2-3 метр мешуд. Ҳар сол 4-5 сантиметр кӯтоҳ мекунам”, - мегӯяд Кокоҷон Шавқӣ. Азбаски мӯйлаби Шавқӣ наздик ба 90 сантиметр аст, онро дар пушти гӯшҳояш мепечонад. Ба гуфтаи ин мард, на ҳамаи хонаводааш мӯйлаби дарозу печидаи ӯро дӯст медоранд. Бештар аз ҳама фарзандонаш мехоҳанд, ки ӯ мӯйлабашро кӯтоҳ кунад, аммо Шавқӣ ба ин кор розӣ нест, чун мардуми Афғонистон ӯро бо мӯйлабаш дӯст медоранд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ЯК ИДЕЯ
Партови микропластика яке аз мушкилии асосии замони муосир ба ҳисоб меравад. Коршиносони ҷаҳон то ҳол барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист аз ин партовҳо роҳи ҳал меҷӯянд. Дар Ҳиндустон идеяеро ҷорӣ намуданд, ки пеши роҳи инро гирифт. Дар соҳилҳои баҳри ин кишвар муҷассамаи холии моҳӣ насб карда, дар паҳлуи он лавҳаи "Моҳӣ хӯрдани пластикро дӯст медорад" гузоштанд. То охири рӯз, меъдаи моҳӣ аз партови пластикӣ пур шуду, соҳил тоза боқӣ монд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХИ НАЛИВКИН
Наливкин пиряхест дар шимолу ғарбии Помир, шохаи рости пиряхи Федченко. Ҳавзаи пирях дар нишебии ҷануби кӯҳи Крутой Рог ва нишебии шимоли кӯҳи Арал воқеъ гардидааст.
Наливкин аз қабили пиряхҳои мураккаб буда, 8 пиряхро дар бар мегирад. Тулаш 13,5 км, масоҳати умумиаш 45,2 км мураббаъ, ҳаҷми ях 8,6 км мураббаъ бо баландии аз 4450 метр то 4700 метр.
Пиряхро бори аввал соли 1928 иштирокчии Экспедитсияи 1-уми Помири АФ Иттиҳоди Шуравӣ, топограф И.Г Дорофеев тадқиқ кардааст.
Таҳияи Оҳистамо ВАФОБЕК
ДУ БАЙТ
Хомӯш нишин, ки ҷамъ нишастан ба хомӯшӣ,
Беҳтар зи гуфтане, ки парешонӣ оварад.
* * *
Донӣ, ки сухандон кӣ бувад?
Он ки бидонад беҳро зи наку, боз накуро зи
накутар.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МАСХАРАБОЗИ БЕҲАМТО
ЛУИ ДЕ ФЮНЕС
* Луи де Фюнес ҳамчун ҳунарманди синамо дар 30-солагӣ ба фаъолият оғоз бахшид ва дар 50-солагӣ, пас аз иҷрои нақш дар филми «Фантомас» (1964), шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд.
* Ӯ аз ҳунарманди бонуфузтарини Фаронсаи солҳои 60-70-уми қарни гузашта Ален Делон барои иҷрои нақшҳо ҳақмузди бештар мегирифт, ки маблағи он 2,5 миллион франкро ташкил медод.
* Тавре шоҳидони ҳол мегӯянд, ҳарчанд Луи де Фюнес мумсик буд, ба кӯдакони ятиму бепарастор маблағи зиёд хайр мекард.
* Луи де Фюнес ҳамчун донандаи хуби забонҳои англисиву испанӣ ва рассому фортепянонавози моҳир ном бароварда буд.
* Бар пояи назарсанҷии соли 1968, Луи де Фюнес маҳбубтарин ҳунарманди синамои Фаронса эътироф гардид.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ГУМОНИ БОТИЛИ КОРГАРДОНИ МАЪРУФ СТИВЕН СПИЛБЕРГ
Филми «Рӯйхати Шиндлер» («Schindler's List», соли 1993, истеҳсоли ширкатҳои синамоии Universal Pictures ва Amblin Entertainment, ИМА), ки нақши асосиро дар он ҳунарманди машҳури Ҳолливуд Лиам Нисон иҷро менамояд, дар таърихи синамо аз беҳтарин филмҳо эътироф мегардад. Аммо…
…Аммо коргардонаш Стивен Спилберг, ҳангоми таҳия ба муваффақияти филм бовар надошт, зеро он мавзуи Ҳолокост – тули солҳои 1933-1945 аз ҷониби фашистон мавриди азобу шиканҷа ва қатли ом қарор гирифтани яҳудонро инъикос менамояд. Ӯ пайваста мегуфт, ки «мунаққидон филмро танқид хоҳанд карду мардум барои тамошо ҳаргиз ба кинотеатр намераванд».
Вале гумони коргардони маъруф ботил баромад. Мунаққидон ба филми «Рӯйхати Шиндлер» баҳои баланд доданд. Дар намоиши ҷаҳонӣ бошад, он бо буҷети ҳамагӣ 22 миллион доллари ИМА 322 миллиону 161 ҳазору 245 доллар ҷамъ овард. Бартар аз ин, соҳиби ҳафт ҷоизаи «Оскар» гардиду Пажӯҳишгоҳи санъати синамои ИМА онро ба рӯйхати 100 филми беҳтарин дохил намуд.
Таҳияи Ш. ШОКИР
«ТОҶИКОН»
ЧОЙХОНАИ МИЛЛӢ ДАР ИСТАНБУЛ
Чойхонаи «Тоҷикон» ду сол пеш дар маҳаллаи Лалелии Истанбул ба кор оғоз кард ва муассисаш як тоҷики муқими Туркия аст. Чойхона ҳоло ба макони дидорбинӣ ва тановули хӯрокҳои миллӣ барои тоҷикони ин шаҳр табдил ёфтааст. Чойхонаи «Тоҷикон» ороиши тоҷикона ҳам дорад, ки худро лаҳзае дар Тоҷикистон эҳсос мекунӣ. Ҳар тоҷике, ки ба Истанбул меравад, ба ин макон меояд. Нақшу нигори миллӣ ва мусиқии тоҷикӣ аз вижагиҳои дигари чойхонаанд, ки муштариёнро бештар ҷалб месозанд. Дар чойхонаи «Тоҷикон» наздик ба 20 нафар кор мекунад, ки аксар тоҷиконанд. Чойхона рӯзона тақрибан ба 300 нафар хизмат мерасонад ва дар шаҳри Истамбул ҷойи ҷашну маъракаҳо гаштааст.
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ТОКО. МАРДЕ, КИ ПУЛ ДОДА «САГ» ШУД
Марди ҷопонӣ бо номи сохтаи Токо 2 миллион йен (13 ҳазору 504 доллари ИМА) сарф карда, худро ба саг «табдил» дод. Рӯзи аввали ба «сайругашт» баромадан, касе гумон намекард, ки саги зебое аз зоти колли ҳамагӣ як ниқоб асту марди ғайриодие зери он нақш меофарад. Бовар нокарданист, вале далел аст, ки, ҳатто, сагҳои дигар якбора бо ӯ унс гирифтаву ҳамроҳӣ карданаш мехостанд.
– Рӯи худро аз инсонҳое панаҳ мекунам, ки маро мешиносанд, зеро метарсам, ки ин амали маро дуруст дарк намекунанд,– мегӯяд Токо.
– Дар асл ман аз хурдӣ орзуи саг буданро доштам, ки танҳо имрӯз амалӣ шуд.
Воқеан, ширкати ҷопонии «Zeppet» барои омода сохтани ниқоби колли 40 рӯз сарф намудааст.
Аз русӣ тарҷумаи С. РАҲМОНЗОДА