ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ АСОЛАТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТО ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

АЗ АСОЛАТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТО ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

02 октябр 2023, Душанбе
65
0

 
«Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст». Ин таъкиди Сарвари давлат моро водор месозад, ки ба «забон – ҳастии миллат» арҷи махсус бигузорем ва барои таҳкиму густаришаш тамоми тадбирҳоро биандешем. 
Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ танҳо ба хотири ҷашну тантанаи махсус нест, балки, ҳамзамон, тухми муҳаббати онро дар замири насли наврас коштан аст, то барои бақои миллат заминаи мусоид фароҳам оварда бошем. Дар арафаи ин рӯзи фархундаву муборак хабарнигори рӯзнома бо узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон дар ин хусус ва дигар масоили забони давлатӣ ҳамсуҳбат шуд.  
– Нақши Истиқлоли давлатиро дар таҳкими забони тоҷикӣ чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?
– Истиқлоли давлатӣ, ки мо дар таърихи 9-уми сентябри соли ҷорӣ 32-солагии онро бошукӯҳ таҷлил кардем, барои побарҷоию устуворӣ ва бақову пояндагии забони модарии мо шароит ва имконоти мусоид фароҳам овард.
Муҳимтар аз ҳама, дар рӯзгори Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба сифати бинои ҳастии миллат таҳкиму устувории бештар ёфт ва мақоми воқеии расмию давлатӣ пайдо карда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифодаи густурда қарор гирифт. 
Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки пеш аз даврони Истиқлол, дар давраи ба истилоҳ бозсозию ошкорогӯйии даврони охири давлатдории шуравӣ, бо саъю эҳтимоми ҷомеаи илмию фарҳангии тоҷик, дар таърихи 22-юми июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба тасвиб расида, забони тоҷикӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ забони давлатӣ эълон шуда буд ва барои рушду боландагии он заминаи созгор ба вуҷуд омад. Вале, бо вуҷуди ин дастоварди бузурги таърихӣ, азбаски Тоҷикистон ҷузъи давлати муқтадири шуравӣ маҳсуб меёфт, забони тоҷикӣ дар сояи забони русӣ қарор дошт ва дар соҳаҳои муҳими илм, ба истиснои илмҳои башарӣ, ҳамчунин, дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, низомию мудофиа, технологияи нав ва ғайра камтар истифода мегардид. 
Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки забони тоҷикӣ бидуни маҳдудият дар ҳамаи соҳаҳову бахшҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор бигирад ва рушду боландагии бештар касб намояд. Ин воқеияти айнӣ барои бунёду ташаккули истилоҳоти соҳаҳои гуногун заминаи созгор муҳайё кард.
Яке аз иқдомҳои муҳим дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар самти арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллат, эҳёи дубораи номҳои таърихии ҷуғрофист. Бидуни шак, эҳёи номҳои таърихии Суғд, Бохтар, Хуҷанд, Хуросон, Левакант... ва эҳёи номи сулолаву шахсиятҳои таърихии Кӯшониён, Спитамен, Деваштич, Сомон, Сомониён, Исмоили Сомонӣ ва дигарҳо, на танҳо аҳамияти забонию фарҳангӣ доранд, балки онҳо барои худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ аз аҳамияти фаровон бархӯрдоранд.

– Ба назари Шумо муҳимтарин навгонӣ ва иқдомҳои замони Истиқлоли давлатӣ дар робита ба мавқеи корбурди забони тоҷикӣ кадомҳоянд?
– Мусаллам аст, ки дар рӯзгори имрӯз тавону иқтидори ҳар миллату мамлакат бастагӣ ба артиш ва неруҳои мусаллаҳи он дорад. Ба шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ забони артиш, неруҳои мусаллаҳ ва дигар мақомоти қудратии Тоҷикистон қарор гирифт ва имрӯз ҳама гуна расмиёт ва машқҳои низомӣ ба забони тоҷикӣ анҷом мепазиранд.
Дигар  аз  иқдомҳои  муҳими  рӯзгори Истиқлоли давлатӣ забони илм эътироф шудани забони тоҷикӣ дар ҳудуди мамлакат ва таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таълифи асарҳои илмӣ дар ҳамаи бахшу соҳаҳо, бахусус  дар илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ барои сайқал хӯрдани забони модарӣ, ҳамқадами замон рушд кардан ва ба пояи забони илми муосир расидани он беш аз пеш мусоидат менамояд.

– Ба таври иҷмолӣ вазъу ҳолати забони тоҷикиро дар рӯзгори Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна метавон натиҷагирӣ кард?  
– Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт ва ҷойгоҳи воқеии худро дар ҳамаи идораву вазоратхона ва корхонаву муассисаҳои кишвар, қатъи назар аз шакли моликият ва дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба даст овард.
Муносибати аҳли ҷомеа ба забони тоҷикӣ ба гунаи мусбат тағйир ёфт ва бетафовутӣ нисбат ба ин забон, ки дар даврони шуравӣ дар байни баъзе табақаҳои аҳолӣ ба мушоҳида мерасид, комилан аз байн рафт. 
Забони таълифи асарҳои бадеӣ, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар гардид ва лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳоти мамлакат бештар симои тоҷикона гирифт.
 Номҳои аслии таърихию ҷуғрофӣ, ки дар умқи таърих ва забони мо реша доранд, дубора эҳё гардиданд, ки дар роҳи рушду таҳкими забон ва болобурди сатҳи худшиносию худогоҳии миллии мо аҳамияти бузург доранд.
Чунонки пештар гуфтем, забони тоҷикӣ ба сифати забони артиш ва неруҳои мусаллаҳи мамлакат пазируфта шуд ва иҷрои ҳама расмиёту машқҳои низомӣ ба ин забон ба роҳ монда шуданд.
Забони тоҷикӣ дар мамлакат забони илм эълон гардид. Дар баробари ин,  таъсис  гардидани Комиссияи олии  аттестатсионии  назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълифу дифои рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ барои ба пояи забони илми муосир расидани забони мо роҳ боз кард.
Муҳимтар аз ҳама, забони тоҷикӣ дар зарфи бештар аз сӣ соли Истиқлоли давлатӣ боризтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид ва бори дигар матлаби бинои ҳастӣ ва бақову пойдории миллат будани забонро ба ваҷҳи аҳсант ба исбот расонд.

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.10.2023 №: 195
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив