БОЗЁФТ ВА ТАДҚИҚОТИ АРХЕОЛОГӢ – ШАКЛИ ИНЪИКОСИ ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХӢ
(Т.Г. Филимонова, Х.Ю. Муҳиддинов, Х. Ғаффоров “Ёдгориҳои бостонии Фархорзамин”. Душанбе, 2023)
Яке аз муҳимтарин омилҳои худшиносии миллӣ донистани таърихи Ватан мебошад. Дар ин самт, воситаи асосӣ - таҳқиқи воқеияти таърихи миллат, тафсир ва муътақидгардонӣ тавассути натиҷаҳои муътамаду собитнамудаи аҳли зиё - олимон ва донишмандон ба ҳисоб мераванд. “Донишҳои воқеӣ барои фаъолияти амалӣ зарур мебошанд. Баъдан, кӯшиши донистан аз сифатҳоест мансуб ба инсон, ҳамчун мавҷудоти соҳибшуур ва мақсаднок амалкунанда. Маҳз барои ҳамин дар ҳамаи давраҳои тараққиёти ҷомеа, фаъолияти одамизод барои дарк намудан ва аз худ кардани донишҳо дар бораи табиат ва ҷамъият вуҷуд дошт” (Ковальченко И.Д. Методы исторического исследования. –М.: “Наука”. 2003. –С. 23).
Барои ташаккул додани тафаккури ҷомеа илми таърих мавқеи калидӣ дорад. Ҳамчун қисмате аз донишҳои гуманитарӣ ин илм аҳамияти бузурги амалӣ касб кардааст. Он ба воситаи методҳои гуногуни илмӣ-назариявӣ ва далелҳо ҷиҳати донистани ҳақиқати табиат, ҷамъият ва тафаккур вазифаҳои дар наздаш гузошташударо амалӣ месозад.
Маълум аст, ки дар ҷараёни тадқиқ ва муайян кардани ҳақиқати воқеӣ чанд ҷузъиёт нақши калидӣ доранд: субъект, объект ва методи омӯзиш. Дуруст ва бо мақсадҳои муайянгашта мувофиқ гардондани онҳо замонати муваффақияти тадқиқот мебошад.
Археология аз муҳимтарин воситаҳои донистани ҳақиқати воқеӣ аст. Яке аз мутафаккирони бузурги асри XIX Аврупо таъкид кардааст: “На танҳо натиҷаи тадқиқот, балки роҳе, ки ба ҳамин мақсад истифода мешавад, бояд ҳақиқӣ бошад. Тадқиқоти ҳақиқат худ бояд ҳақиқӣ бошад” (Лихтенштейн Е.С. Слово о науке. –М.: 1978. –С.155). Илмҳои воқеӣ-материалии бостоншиносӣ, ки археология аз ҷумлаи онҳост, таъминкунандаи чунин талаботи илмӣ ба ҳисоб мераванд.
Маҳз ҳамин илм гузаштаро дар асоси маводи аслӣ омӯхта, назария ва фарзияҳои таърихиро бо далелҳои моддӣ исбот менамояд.
Мусаллам аст, ки тадқиқоти археологӣ аз пайдо кардани аввалин асбобҳои сангӣ дар мавзеи Ломеквии Африқои Шарқӣ, ки таърихи зиёда аз семиллионсола дорад, оғоз ёфта, то замони мо мерасад.
Археология ва палеонтология илмҳои муҳим ҳастанд. Сарнавишти мардумони мавзеъҳои гуногуни Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷиконро, ки дар замонҳои пешин шароити сангини рӯзгузаронӣ, бавижа мушкилоти хатту савод доштанд, рӯшан месозанд. Ба бисёре аз муаммоҳои таърихӣ ҷавоб мегӯянд.
Маълум аст, ки хат собиқаи беш аз 5000-сола дорад. Аммо дастрасӣ ба он, ки метавонист муҳимтарин сарчашмаи таҳқиқ бошад, на ба ҳар қавму миллат ва табақаҳои иҷтимоӣ бапуррагӣ муяссар мегардид.
Аз ин лиҳоз, тадқиқоти “Ёдгориҳои бостонии Фархорзамин”, ки аз ҷониби олимони таърихшинос ва археологҳо Т.Г. Филимонова, Х.Ю. Муҳиддинов ва Ҳ. Ғаффоров анҷом ёфта, дар шакли асар пешкаши хонандагон шудааст, ҷолиби таваҷҷуҳи махсуси назариявӣ ва илмӣ мебошад.
Китоби мазкур аз ду боб (I. Бахши муқаддимавӣ, II. Феҳристи ёдгориҳои таърихӣ ва археологӣ) ва замимаҳое иборат аст, ки мазмун, мундариҷа, сарчашмаҳои илмӣ, таърихӣ, археологии асарро дар бар мегиранд ва тафсир менамоянд.
Барои ворид шудани хонанда ба муҳтавои масъала, ҳосил кардани тасаввурот дар бораи ҳудуд, мавқеи ҷуғрофӣ, ҷойгоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Фархор, муаллифон кӯшиш кардаанд маълумотномаи мухтасар дар доираи мавзуоти зикргардида пешниҳод намоянд (Саҳ. 7-12). Таърихи омӯзиши бозёфтҳои археологиро низ тавзеҳ диҳанд. Дар он заҳматҳои сайёҳон, олимони маъруф ва муҳаққиқони давраҳои гуногуни ин минтақа ёдоварӣ ва заҳамоти илмии онҳо доир ба муҳтавои масъала арзёбӣ шудаанд (Саҳ. 13-32).
Таҳлили навиштаҳои Д. Логофет, В.А. Ранов, Б.А. Литвинский, Х.Ю. Муҳиддинов, Л.Т. Пянков, К. Канич, М. Тойфур, Н.Н. Гурина, Э.А. Юркевич, Т.И. Зеймал ва дигарон аз нигоҳи илмӣ, ҳамчун махзани сарчашмашиносӣ ва манбаомӯзӣ, аҳамияти назарию амалии китобро тақвият бахшида, муҳимияти тадқиқи археологии таърихи минтақаро таъкид менамоянд.
Дар тафсири ин қисмати китоб ишораи мантиқӣ бар он аст, ки омӯзиши ҳаматарафаи масъалаҳои археологии макони ниёкон на танҳо барои донистани таърих, рад кардани ҳама гуна таҳриф ва тасаввуроти ғайриилмӣ, балки барои шарҳи дурусти таҳаввулоти замон ва ҷанбаҳои тамаддунии масъала арзишманд аст.
Дараҷа ва қиматнокии инсон ҳамчун мавҷуди соҳибшуур дар “ҳаракати бузурги гузаштан аз дарк намудан, эҳсос кардан ба дараҷаи андеша кардан, соҳибмуҳокима будан” мебошад. Ин мантиқ фарогири таҳлили бозёфт, кашфиёт ва дигар маводи дастрасгардидаи муаллифони китоб ба шумор меравад.
Тавре маълум аст, соли 1836 сарпарасти Осорхонаи миллии шаҳри Копенгаген К. Томсон бо муқаррароти “системаи се аср” баромад карда, назариёти худро “асри сангин”, “асри биринҷӣ” ва “асри оҳанӣ” ном бурд. Минбаъд ин тасниф тули таърихи илмҳои археология ва палеонтология ҳамчун давраҳои аслии муайянкунандаи таҳаввулоти ҳаёти одамизод ба таври васеъ қабул гардид.
Тафсир ва устухонбандии муҳтавои асар ба ҳамин усули классикӣ шакл гирифтааст. Он вобаста ба тавони мардумони маҳал дар сохтани воситаҳои истеҳсолот ва маводи мавриди истифода қароргирифта, тақсимбандӣ шудааст.
Вобаста ба натиҷаи ҳафриёти дастрасгардида, дараҷаи тараққиёти шаҳрсозӣ, маҳалҳои сукунати аҳолӣ ҳамчун сарчашмаи омӯзиш, арзёбӣ ва хулосабарорӣ интихоб шудаанд.
Барои мисол, бо пайдо кардани бозёфтҳои моддӣ, аз қабили зерсутунҳо, сутунҳои боҳашамат, тахтасангҳои коркардшудаи ороишӣ, доираҳои сангини бо гаҷ ороишёфта, олимон ба хулоса омаданд, ки дар мавзеи ҳозираи Куҳандиёр шаҳри бузурге қомат афрохта будааст ва дар маркази он қасри муҳташам вуҷуд доштааст (Саҳ. 16).
Ҳамчунон, дар ноҳияи Фархор аз аҳди қадим бозёфтҳои нодир дар шакли гулдӯзӣ дар матои пахтагӣ дастрас гардидаанд. Омӯзиши он нишон медиҳад, ки чунин санъат дар замони тоисломӣ арзи ҳастӣ кардааст. Он аз салиқаи баланди санъати наққошӣ, тавони бо зарҳал инъикос кардани тахайюлоти бадеии сокинони маҳаллии давр шаҳодат медиҳад. Муҳаққиқон онро ба асри биринҷӣ нисбат додаанд.
Тахмину фарзияҳои олимони тоҷик тавассути озмоишҳои лаборатории бозёфтҳо дар шаҳри Москва тасдиқ шудаанд (Саҳ. 17). Чунин тарзи исбот кардани моҳияти маводи археологӣ намунаи дақиқкорӣ, масъулиятшиносӣ ва эътимоднокии илмии муҳаққиқон нисбат ба таърихи воқеии ниёкон мебошад.
Ҳафриёт дар деҳаи Арчаи ноҳияи Фархор нишонгари он аст, ки дар ин мавзеъ корхонаҳои заргарӣ фаъолият мекардаанд (Саҳ. 18). Қолабҳои аз нефрит сохташуда, ҳамчунон, дастпонаҳои нуқрагии ёфтгардида, далели ин гуфтаҳост.
Умумияти маданӣ ва алоқамандии мардуми Фархорзаминро бо сокинони мавзеи таърихии Саразм чандин бозёфтҳо, аз қабили гараданбандҳо, муҳраҳо ва зарфҳои махсуси сафолӣ, ки аз лиҳози шакл, салиқа ва мундариҷаи тасвирҳо якхела ё ба ҳам наздиканд, тасдиқ кардаанд (Саҳ. 24).
Маҳз аз бозёфтҳои археологӣ олимон ба натиҷа расидаанд, ки мавзеи Фархор ҳам аз тохтутози аҷнабиён эмин намондааст. Ин қаламрав аз лиҳози мавқеи стратегии ҷуғрофӣ, релйеф, иқлим, олами бойи набототу ҳайвонот, заминҳои васеи корам, худкифоии об, чарогоҳҳо, бандар ва гузаргоҳи дарёӣ, ҳама вақт таваҷҷуҳи миллат ва қавму қабилаҳои бегонаро ба худ ҷалб менамудааст.
Ҳафриёти археологӣ (дарёфти маводи чакан, дигар намудҳои либоси миллии тоҷикӣ ва асбобҳои рӯзгор), таҳлилҳои антропологӣ ва семантикии топонимикаи маҳал (Фархор, Сомончӣ, Арча, Аловидин (бидуни шаддаи ҳарфи “д”, истифодаи бандаки изофӣ “и” барои ташкили ибораи тафсирӣ), Шӯркӯл, Золи Зар, Сурхоб, Осмонтеппа, Шаҳртеппа ва дигарҳо) бармало нишон медиҳанд, ки мардуми қадимаи маҳаллии минтақаи Фархор, асосан, тоҷикон будаанд. Онҳо нисбат ба аҷнабиёни ғосиб бо кулли имконот, ҳама сар ба сар бар ивази ҷони худ мубориза бурда, бару бум, зану фарзанд ва пайвандони хешро ҳифз кардаанд.
Оромгоҳҳои умумие, ки ҷавонмардон (мавзеъҳои Золи Зар, Шаҳртеппа) аз захми асбобҳои нӯгтез ба ҳалокат расидаанд, тасдиқи чунин гуфтаҳоянд.
Устувории топонимикаи минтақа низ ҳамин далелро қувват мебахшад.
Ҳафриёт дар макони номбурда ҳаккокиҳои махсусро ошкор кардааст.
Дар маъдани тилло инъикос кардани намунаҳои ҷанговарони мусаллаҳ бо азму иродаи қавӣ, дасту бозуи мустаҳкам ва савораи аспҳои қавипайкар ба муҳофизони асили марзу буми қаламрави мамлакат ишора мекунанд.
Ҳангоми ҳафриёт ашёҳое низ пайдо карда шудаанд, ки аз маданияти Юнону Бохтари то истилои араб шаҳодат медиҳанд.
Нуқтаи ҷолиби таваҷҷуҳ вобаста ба тағйири ҳокимон ва сохти давлатдорӣ, таҳаввулоти худоҳо ва парастишгоҳҳо бо далелҳо нишон дода шудаанд. Муҳаққиқон чунин тағйирёбиро, барҳақ, “маданияти экспансӣ” ном мебаранд (Саҳ. 26).
Олимон ба хулоса омадаанд, ки шакл ва усули меъмории Куҳандиёри қадим ва дигар мавзеоти бузурги аҳолинишин дар атиқа “эленизми қадимиро дар худ таҷассум мекунад” (Саҳ. 27).
Бозёфти муҷассамаҳои занона, ки дар шакли олиҳа тасвир шудаанд, аз манзалати шоистаи зан дар замони бохтариҳо шаҳодат медиҳанд. Онҳоро муаррихон аз ҷумлаи иконографияи замон номбурд кардаанд (Саҳ. 29). Чунин хулоса ба топонимикаи минтақа созгор меояд.
Дастовардҳои зиёди мавзеи Фархорро олимон ба замони Кӯшониён мансуб медонанд. Ҳамчун далели дараҷаи ба замони худ мувофиқ будани тараққиёти илму маърифат тавсиф менамоянд.
Таҳаввулоти баъзе топонимикаи Хатлонзамин, аз ҷумла минтақаи Фархорро муаллифони китоб дар вобастагӣ ба дигаргуниҳои раванди таърихӣ ва забткориҳои замони Қарахониёну Салҷуқиён мансубият додаанд (Саҳ. 31), ки хулосаи мантиқӣ аст.
Ҳамзамон, ба ақидаи муҳаққиқон, номи Фархор ба макони бутҳо будани мавзеи номбурда ишора мекунад. Ин фарзия бо назардошти бозёфтҳои қадимӣ тақвият дода мешавад.
Воқеан, хотирнишон бояд кард, ки дар мавриди истилоҳи “фархор” тафсирҳо, ба тарзи анъанавӣ, асосан дар ҳамин пояанд. Тафсилоти он қисман дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (нашриёти “Советская энциклопедия”. Москва. 1969) оварда шудааст:
“Фархор”:
1) Шаҳре дар Мовароуннаҳр, ки дар замони пеш бо бутхонаҳояш машҳур будааст:
Ҳамчу Фархор аст маҷлис, то ки ӯ дар маҷлис аст,
Ҳамчу Кашмир аст барзан, то ки ӯ дар барзан аст.
Муизӣ
2) Бутхона
Бути ман ҷонвар омад, шаманаш бедилу ҷон,
Манам ӯро шаману хонаи ман фархор аст.
Абулмасали Бухороӣ
3) Фархордес – фархормонанд; маҷ. бисёр ороста ва зебо.
Дар он орзугоҳи фархордес,
Накард орзу бо муомил мукес.
(ҳамон ҷо саҳ.19. Мукес – баҳс, нофорам, нохушоянд – С.Я. ).
Чун топонимика бо археология, палеонтология, антропология, этимология ва дигар илмҳои марбути ин соҳаҳо алоқамандии ногусастанӣ дорад, илова карданӣ ҳастем, ки вожаи “фархор”, ба назари мо, танҳо ифодакунандаи бутхона, макони бутҳо нест. Маънии ин истилоҳ мебояд васеътар аз он бошад. Ин ҷониб муътақид аст, ки истилоҳи “фархор” то ҷойгоҳи зиёди бутҳо шудани мавзеъ арзи ҳастӣ кардааст. Ва муаллиф ё муаллифони истилоҳи машҳур нафарони дониста ва соҳибандеша будаанд. Ба фарзияи мо, калима мураккаб ва аз ду реша иборат аст: фар (р) – 1) нур, дурахш, рахшандагӣ. 2) Зебоӣ, ҳусн, барозандагӣ. 3) Шаън, шавкат... тавоноию ҳашамат (Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. –Д.: 2010. -С. 397). Маънии аслӣ дар нуқтаи аввали истилоҳ маҳфуз аст. Ва 2-юм хор. Ба маънои хуршед. Яъне, маконе, ки ватани нур, хуршед, рахшандагию гармӣ аст, чуноне ки ин қисмат дар номҳои Хоруғ, Хоразм, Тахор ва баъзе топонимҳои дигар омадааст. Воқеан, Фархор макони офтоб, нурҳои рахшанда ва равшанӣ аст.
Маълум аст, ки ҳанӯз аз аҳди қадим то давраи таърихи навтарин, Фархор вобаста ба минтақаи дурдаст ва нисбатан дастнорас будан, ҳамчун макони паноҳгоҳ ва сукунати бисёре аз қавму қабилаҳои дигар, аз ҷумла мардуми туркзабон, низ будааст.
Тавре хотиррасон гардид, истилоҳи “фархор” аз забони қадимаи паҳлавӣ гирифта шуда, бидуни шак, вожаи сирф тоҷикӣ аст. Он бо маънои тафсири маъмулӣ ва эътирофшудааш ба мантиқи идеологияи дини ислом мувофиқат намекард. Аммо қавме, ҳукмрони сиёсие натавонистааст, ки ба номи ин мавзеъ тағйир ворид созад. Истилоҳи мазкур дар замони Шуравӣ ҳам эътироф ва нигаҳдорӣ шудааст. Албатта, дар ин маврид сухан дар бораи сифатҳои семантикӣ, ҳамчунон, маъниҳои аслӣ ва кӯчидаи мафҳум меравад.
Дар китоби “Ёдгориҳои бостонии Фархорзамин” ҳам, сайри таърихии калима аз дидгоҳи муаллифон оварда шудааст.
Бозёфти асбобҳои ороишӣ ва маишии аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда, на танҳо дар бораи тавони коркарди канданиҳои фоиданок, балки аз санъати баланди тавассути филизоти гуногун тасвир кардани одамизод, ҳолати руҳиву равонии ӯ, ҳайвонот ва муҳити атроф шаҳодат медиҳанд (Саҳ. 53).
Муҳаққиқон Х. Муҳиддинов (соли 1964), Е.А. Юркевич (соли 1962), В.А. Ранов (соли 1964) дар макони Мор, ки таърихи 6-5 ҳазор соли пеш аз милодро дар бар мегирад, бозёфтҳоеро кашф кардаанд, ки ба ҳаёти пурсамари заҳматкаши меҳнатқарин ва бофарҳанги ниёкони мо дар водии Сурхоб ва соҳилҳои дарёи Ому ишора мекунанд (Саҳ. 95). Шумораи чунин бозёфтҳо ба яку ним ҳазорто мерасад.
Ҳафриёти муаррихон дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор, ки тақрибан 6 ҳазор гектар замини корами обиро дар бар мегирад, гувоҳӣ медиҳад, ки ин мулк дар асрҳои пеш аз милод ҳам ободу хуррам будааст. Муҳаққиқон дар ин мавзеъ асбобу олотҳои гуногуни коркарди кишоварзӣ ва хоҷагидориро пайдо кардаанд. Далели ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки ҳазорҳо сол қабл дар мавзеи Кокул, айнан мисли имрӯз, дар рӯ ба рӯйи шаҳри машҳури қадима ва акнун харобгаштаи Ойхонум (Афғонистон), аз самти Тоҷикистон гузаргоҳ ва бандари обӣ фаъол будааст. Барои ҳифзи сарҳадот қалъа – истеҳкоми қавӣ бунёд ва истифода шудааст (Саҳ. 89).
Агар аз рӯи принсипи таърихӣ нигоҳ кунем, дар ҳоли ҳозир ҳам, дар ин мавзеъ чандин дидбонгоҳҳои сарҳадии мо ҳамчунон мустаҳкаму побарҷо арзи ҳастӣ мекунанд.
Воқеияти имрӯза фарзияҳои таърихиро қувват медиҳад.
Муллифони китоб барои таъмини айният, мушаххасгардонии далел ва фарзияҳо ҳафриёт ва макони бозёфтҳои қадимаро ба тақсимоти маъмурии ҳудудии имрӯза ҷудо карда, мавзеи шаҳру деҳоти атиқаро тавъам бо топонимикаи кунунӣ шарҳу тафсил додаанд.
Таҳиягарони асар тавассути харитаҳо, истифодаи аксҳои ранга дастовардҳои худро тасвир ва тафсир намудаанд. Ин амал дар мутолиа ва дарки муҳтавои китоб кумак мекунад.
Аҳамияти байналмилалии тадқиқотро ба назар гирифта, муаллифон асарро ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам русӣ дар як муқова нашр кардаанд.
Забони китоб сода, равон ва, асосан, оммафаҳм бошад ҳам, таҳлилгарон бо заҳмат луғати истилоҳоти археологиро ҳам бо ду забон пешниҳоди хонандагон кардаанд (Саҳ. 101-109 ва 307-315).
Бояд таъкид кард, ки “донистан амали абадии беохири наздик шудани тафаккур ба ҳадафи мавриди таҳқиқ мебошад”. Чунин иқдоми нек – корҳои археологӣ ва таҳқиқоти этнографӣ мусаллам аст, ки дар даврони навин бояд бо эҳтимоми комил идома ёбанд.
Мутолиаи китоб ба андешаи ғолиб водор мекунад, ки археологҳо тибқи нозукиҳои касб аз рӯйи принсипи дар зиндагӣ ва кору фаъолият аз худ нишони мушаххас гузоштани инсон ва ҷомеаҳои инсонӣ амал намудаанд. Аз ин лиҳоз, онҳо аз назарияи инъикос ҳамчун категорияи диалектикӣ тахассусмандона истифода кардаанд.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки олимон аз шаклҳои одии асаргузорӣ худдорӣ карда, таваҷҷуҳи хешро бештар ба зуҳуроти мураккаби он сафарбар намудаанд. Тавассути меҳнат ихтироъ кардани воситаҳои истеҳсолот ва ба воситаи онҳо дигаргун сохтан, ба мақсадҳои иҷтимоӣ коркард ва мувофиқ намудани маводи дигари табиат, аз таҳаввулоти шуури инсонӣ ҳамчун намунаи инъикоси фаъол нишона аст.
Ба тарзи дигар, ҳангоми ҳафриёти археологӣ муҳаққиқон таваҷҷуҳи худро, асосан, ба масъалаҳои асаргузории иҷтимоӣ сафарбар намудаанд. Дар ин маврид дарк кардаанд: “Барои он ки ҷараёни инъикоси иҷтимоӣ бо ҳама аломатҳои махсус ва нишонаҳои фарқкунанда аз дигар шаклҳои асаргузорӣ дар табиат тафовут дошта бошанд, бояд ҳадди ақал, ҳатто аз лиҳози сатҳӣ ҳам бошад, дар умум, шаклҳои инъикосро, ки то он замон вуҷуд доштанд, омӯхт ва ба ҷараёни таҳаввулоти зуҳуроти он таваҷҷуҳ намуд” (Живкович Л. Теория социального отражаения. –М.: 1989. –С.16).
Эътироф бояд кард, ки олимон ба чунин натиҷа, яъне бақайдгирӣ ва исботи инъикоси иҷтимоӣ, ноил гаштаанд.
Ҳангоми таҳқиқ таҳиягарон аз илмҳои антропология, таърих, этнология, геология, лингвистика, семиотика, палеография, палеонтолия ҳадафнок ва тахассусмандона истифода кардаанд.
Ҳамчунон, муваффақияти муаллифон аз он иборат аст, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафсири ҳамаҷонибаи мавзуъ ва ҳадафи асар, онҳо аз сарчашмаҳои таърихӣ ва назарияи маълумот, далелҳои таърихӣ, методҳои генетикӣ-таърихӣ, таърихӣ-муқоисавӣ, таърихӣ-системавӣ, таҳлили диахронии ҳақиқати ҷамъиятию таърихӣ хуб истифода кардаанд.
Тадқиқот дар бораи ёдгориҳои бостонии Фархорзамин қадами муҳимест барои донистани ҷузъиёти таърихи Ватани мо – Тоҷикистон.
С. ЯТИМОВ,
узви вобастаи Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, профессор
Бознашр аз маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, №4 (34), 2023
Санаи нашр: 05.10.2023 №: 198
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)