НОМОВАР
Дар бораи раиси даври колхози ба номи Сталини ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат)-и вилояти Сталинобод, Устоди пахтаи Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Хоҷа Зиёбеков на танҳо худам чизе намедонистам, балки матлабе фарогири рӯзгори ин марди даврон ҷое ба чашмам нахӯрда буд.
Танҳо баъд аз суҳбати мондагоре бо писари ӯ, омӯзгори собиқадор Акрамҷон Зиёбеков маълум гашт, ки Хоҷа Зиёбеков иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 будаанд. Чун банда ба диловарони он ҳарб эҳтироми зиёдро қоилам, дар пайи навиштани матлабе дар бораи қаҳрамони ҷабҳаи ҷангу меҳнат, раиси овозадор Хоҷа Зиёбеков шудам.
ХОҶА ЗИЁБЕКОВ
21-уми январи соли 1914 дар деҳаи Ҷартеппаи Ҷамоати Хоҷабойқули ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат)-и собиқ вилояти Сталинобод, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Маълумоти асосиро дар мактаби деҳа гирифта, аз 17-солагӣ ба хоҷагии коллективӣ (колхоз) пайваст. Ҷавони қобилу уҳдабаро, узви колхоз (аз соли 1930), иттифоқи касаба (аз соли 1934), колхозчии зарбдор (1935) Хоҷа Зиёбеков бомаром қуллаҳои нав ба нави меҳнатиро фатҳ мекард.
Номбурда соли 1931 донишҷӯи Институти муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд мешавад. Пас аз хатми Донишкада фаъолияташро дар мактаби деҳаи Ҷартеппа ба симати муаллими синфҳои ибтидоӣ оғоз мекунад. Солҳои 1935-1942 ӯ ҳамчун ҷавони босавод дар шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва шуъбаи молияи ноҳияи Орҷоникидзеобод масъулият дошт.
ҶАНГ
Хоҷа Зиёбеков бо оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чанд маротиба кӯшиши ба ҷабҳа рафтанро кард, аммо иҷозат нашуд. Ниҳоят, 5-уми апрели соли 1943 аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Орҷоникидзеобод даъватнома гирифт.
Ҷавонмарди таҳамтан сар аз моҳи майи соли 1943 то моҳи майи соли 1945 дар муҳорибаҳои зиёд, дар ҳайати полки 4-уми тирандози дивизияи 10-уми тирандози эҳтиётии фронти 1-уми Белоруссия, бар зидди фашистони истилогар ҷангидааст. Ӯ дар озод кардани шаҳру деҳоти қисмати аврупоии СССР, кишварҳои Полша ва Германия саҳм гирифтааст.
Сержанти хурди тирандоз Хоҷа Зиёбеков соли 1944 ду дафъа аз пойи рост ҷароҳат бардошта бошад ҳам, баъди ҳар бори рухсат шудан аз госпитал, боз ба ҷабҳа баргаштааст.
Диловарӣ дар муҳорибаҳо ва хизмати шоистаи ҷанговар Хоҷа Зиёбеков бо медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва «Барои озодсози Варшава» қадр мешавад. Баъдан, солҳои осоишта Хоҷа Зиёбеков бо медалҳои ҷашнии 25 ва 30-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 50, 60 ва 70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР сарфароз мегардад.
ҶАБҲАИ МЕҲНАТ
Пас аз бозгашт аз фронт, ҷанговари зафарёрро котиби Ҷамоати Хоҷабойқул (ҳоло деҳоти Раҷаб Исмоилов) таъин мекунанд.
Соли 1949 бошад, дар рӯзгори ин марди меҳнат саҳфаи тозае боз шуд. Деҳқонон Хоҷа Зиёбековро раиси колхози ба номи Сталини ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира хоҷагии «Гулистон») интихоб намуданд ва ӯ дувоздаҳ сол ин вазифаи пурмасъулро пеш бурд. Дар ин давра он таҳти роҳбарии раиси заҳматкашу қобил ба яке аз колхозҳои пешқадами ҷумҳурӣ табдил ёфт. Нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ боло рафта, сатҳи зиндагии мардум низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Колхози мазкур, бахусус дар самти парвариш ва истеҳсоли пахта, ба натиҷаҳои баланд ноил гардид.
Солҳои 50-уми асри XX давраи гулгулшукуфии колхози ба номи Сталин ва раиси он Хоҷа Зиёбеков буд. Ҳукумати давр хизмати раиси маъруфро 14-уми майи соли 1953 бо унвони Устоди пахтаи Тоҷикистон ва соли 1957 бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ қадр намуд. Сари синаи раисро, ҳамчунон, орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ» ва медалҳои зиёди ҷангиву меҳнатӣ зеб медоданд. Соли 1955 Хоҷа Зиёбеков депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати IV) интихоб гардид.
Раиси номвар моҳи январи соли 1952 вакили съезди пахтакорони РСС Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи феврали соли 1958 дар Маҷлиси умумииттифоқии пахтакорони СССР (Москва) иштирок мекунад. Се сол пайи ҳам (1956, 1957, 1958) дар Намоишгоҳи умумииттифоқии хоҷагии халқ дар шаҳри Москва ширкат варзида, барандаи медали нуқра мешавад.
Бо ташаббусу ғамхориҳои Хоҷа Зиёбеков дар ҳудуди хоҷагӣ мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта мешаванд. Аз ҷониби раёсати хоҷагӣ ба мактабҳо ва кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ мудом кумакҳои моддиву молиявӣ расонда мешуд. Аз ин рӯ, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Хоҷа Зиёбековро ба унвони Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон лоиқ медонад.
ГИРУДОР
Соли 1960 КМ КПСС санҷиши фаврии хоҷагиҳои ҷумҳуриро роҳандозӣ кард. Ҳангоми санҷиш гӯё дар фаъолияти як зумра роҳбарони колхозу совхозҳо, шаҳру ноҳияҳо, бахусус хоҷагиҳои пахтакор, камбудиву норасоиҳои зиёд, аз ҷумла изофанависӣ дар истеҳсоли пахта, ошкор гардид. Бо назардошти «гуноҳҳои собитшуда», як зумра роҳбарони гуногунсатҳи хоҷагиҳои ҷумҳуриро аз вазифа гирифта, қисме аз раисони колхозу совхозҳо ва роҳбарони ҳизбию давлатиро ҳабс намуданд.
Дар ин қатор, аз ноҳияи Орҷоникидзеобод котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия Р. Мавлонов, раисони номдори хоҷагӣ, ду Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Қара Дӯстов ва Хоҷа Зиёбеков равонаи зиндон шуданд.
Ҳамин хел, Хоҷа Зиёбекови маъруф даҳ соли ҳаёти хешро (1961-1971) пушти панҷара гузаронд.
АДОЛАТ
Бо гузашти солҳо баъди паст шудани ҳамҳамаи изофанависӣ дар кишвар, Суди Олии РСС Тоҷикистон парвандаҳои солҳои 60-умро мавриди муҳокима қарор дода, бинобар бе гуноҳ ҳукми судӣ гирифтану ҳабс шудани баъзе аз онҳоро собит ва бо қарори худ ишонро сафед кард. Бо иқрори фарзанди мавсуф Акрамҷон Зиёбеков, дар он қатор Р. Мавлонов, Қ. Дӯстов ва Х. Зиёбеков низ будаанд.
Баъдан, ӯ дар совхози махсусгардондашудаи чорвопарварии ба номи Э. Телмани ноҳияи Орҷоникидзеобод, дар вазифаи сардори бригадаи боғпарварӣ фаъолият намуда, соли 1974 ба нафақа баромад.
Раиси овозадори кишвар Хоҷа Зиёбеков 31-уми июли соли 1994 дар 80-солагӣ ба дорулбақо пайваст.
Ба андешаи ғолиб, имрӯз вақти он расидааст, ки аз фарзандони заҳматкаши Ватан ёд орем ва ному меҳнати рӯзафзуни онҳоро ба ҳукми фаромӯшӣ напартоем.
Умари ШЕРХОН, адиб
Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206