СОҲИБМАКТАБ. (БА ИФТИХОРИ 100-СОЛАГИИ ХОДИМИ СИЁСӢ, ҲИЗБӢ, ДАВЛАТӢ, ҶАМЪИЯТӢ НИЗОРАМОҲ ЗАРИФОВА)
Арбоби сиёсӣ ва давлативу ҷамъиятӣ, бонуи нексиришт, хизматнишондода, мураббии садҳо шахсиятҳои маъруф, ватанпарвару миллатдӯст, худшиносу худогоҳ ва фидоии равшанзамир Низорамоҳ Зарифова садсола шуд.
Ӯ тули умри пурбаракаташ нақши неку босазое гузошта, тамоми ғайрату кӯшишашро баҳри рушди Тоҷикистони азизу мардуми босаодати он ва тарбияти кадрҳо бахшидааст. Аз ҷумла, котиби вақти Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Давлат Гадоев аз шахсҳое мебошад, ки аз мактаби бузурги ин бонуи хирад баҳра бурдааст.
– Давлат Гадоев шахси бузург буд,– мегӯяд Низорамоҳ Зарифова. – Ман ӯро ҳамчун ходими давлативу ҷамъиятӣ, вакили Шурои Олии РСС Тоҷикистон, узви пленуми КМ ПК Тоҷикистон медонам. Давраҳои ҷавониямон ҳамкор будем. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватании (1941-1945) ӯ дар ноҳияи Колхозобод (Восеи имрӯза) ҳамчун котиби якуми комитети комсомолӣ ифои вазифа мекард. Ман дар комитети комсомолии вилояти Кӯлоб фаъолият доштаму маҳз ҳамон замон бо ӯ шинос шудам. Вай ҷавони хушрафтору хушгуфтор буд. Зеҳну истеъдоди модарзодии баланд дошт. Мудом ӯро дастгирӣ мекарда.
Баъдтар, ман ба комитети ҳизбии вилоят гузаштаму ӯ раиси кумитаи иҷроияи Шурои вакилони ноҳияи Колхозобод (Восеъ), яъне раиси ноҳия, таъин шуд. Давлат Гадоев ҳамон замонҳо дар қатори роҳбарони маъруфу боиззат меистод.
Чанд сол пас, ман як бор яксолаву бори дигар сесола ба мактаби олии ҳизбӣ рафта, таҳсил намуда омадам. Аниқ ба ёдам ҳаст, соли 1955 дар Маскав мехондаму шунидам, ки дар миёни дигарон Давлат Гадоев низ вакили Шурои Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуд.
То хатми таҳсил шаш моҳ монда буд. Рӯзе шахси масъули Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав, ки сафириро Маҳмадсаидов гуфтани шахс ба уҳда дошт, телефон карда, иброз дошт, ки пагоҳ соати 9:00 шуморо котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров барои суҳбат даъват намудааст.
Ман аз ин даъвати ногаҳонӣ дар ҳайрат афтодаму ба фикр фурӯ рафтам. Худ ба худ суол медодам, ки чаро маро ба суҳбат даъват карданд? Ман ҳоло шунавандаи мактаби олии ҳизбӣ, бевазифа. Шояд хатое рафта бошад? Бо ҳамин андешаҳо ва бо сабаби ҷавонӣ, ки ҳанӯз дар тафдони сиёсат обутоб наёфта будам, ба суҳбат ҳозир нагаштам. Рӯзи дигар худи сафир ба наздам омада, каме маро сарзаниш карда, бо худ бурд.
Охири моҳи декабри соли 1955 сессияи Шурои Олии РСС Тоҷикистон будааст ва аз номи раиси Президиуми Совети Олӣ Назаршо Додхудоев ба мо телефонӣ хабар доданд, ки Низорамоҳ Зарифоваро ба вазифаи мудири шуъбаи КМ ПК Тоҷикистон пешбарӣ намуданду рафиқ Бобоҷон Ғафуров мехоҳад бо шумо суҳбат намояд. Мо бо маслиҳати рафиқ Бобоҷон Ғафуров розӣ шудем.
Боиси зикр аст, ки сарвари вақти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар тарбия, дастгирӣ ва фаъолияти ибратбахши Низорамоҳ Зарифова нақши сутуданӣ дорад. Ин шахсияти бузург қобилият ва истеъдоди баланди роҳбарии ин бонуи фидоиро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи КМ ПК Тоҷикистон (соли 1955) пешниҳод намуд.
Бонуи кордон бо меҳнати пурмаҳсулаш то ба дараҷаи котиби КМ ПК Тоҷикистон (солҳои 1956-1966), муовини раиси Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон ва дигар вазифаҳои баланд расид.
Фаъолияти ибратманду ибратбахши шогирди асили Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров Низорамоҳ Зарифова дар байни мардум достон шудааст.
Низорамоҳ Зарифова 6-уми ноябри соли 1923 дар деҳаи Шехвесии ноҳияи Ховалинг ба дунё меояд. Падараш Одина Махсум (1896-1928) дар деҳаи Мазори Ҳазрати Султон камол ёфта, аз зумраи ашхоси донишманд ва марди меҳнатӣ буд. Модараш Шарифамоҳ ҳамчун зани ҳунарманд байни мардум маҳбубият дошт. Авлодони модарӣ ва падарияш шахсони босавод, донишманд, номдору номбардор ва маъруфу машҳури замони хеш, хатмкардагони мадрасаҳои Мазори Ҳазрати Султон, Қуллаки Шехвесӣ ва Бухоро буда, истеъдоди баланди модарзодӣ доштанд.
Оилаи онҳо аз Ховалинг ба деҳаи Пушиёни Поёни ноҳияи Восеъ кӯчид. Падараш Одинаи донишманд дар шашсолагии Низорамоҳ аз дунё рахти сафар баста, ӯ, акааш Абдулазиз, хоҳараш Рухсорамоҳи шашмоҳаро дар тарбияи модараш Шарифамоҳ монд. Баъдтар, модараш ба Зариф ном сокини ҳамин деҳа хонадор шуда, аз ӯ тарбияи дуруст гирифт.
Низорамоҳ Зарифова Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб (соли 1941)-ро хатм карда, дар вазифаҳои мудири шуъбаи кумитаи комсомол ва мудири шуъбаи кадрҳои кумиҷроияи шаҳри Кӯлоб (солҳои 1941-1945), мудири шуъбаи мактабҳои кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб (солҳои 1945-1947), мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб (солҳои 1947- 1952) фаъолият бурдааст. Пас аз хатми мактаби олии ҳизбии шаҳри Москва (соли 1955), мудири шуъбаи занони КМ ҲК Тоҷикистон (солҳои 1955-1956), котиби КМ ПК Тоҷикистон (солҳои 1956-1966), муовини раиси Президиуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1966-1978) интихоб гашта, дар иҷрои вазифаҳо барои дигарон намунаи ибрат буд. Чандин маротиба вакили Шурои Олии РСС Тоҷикистон ва СССР интихоб гаштааст.
Хизматҳои арзандааш бо ду ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони фахрӣ», се медал ва ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии СССР ва РСС Тоҷикистон қадр шудаанд.
Ин модари бузурги нексиришт тули ҳаёту фаъолияташ баҳри ин хоку оби муқаддас – Тоҷикистони азиз, заҳмати арзишманд кардааст.
Хидматҳои ин бонуи фидоӣ дар замони соҳибистиқлолӣ низ хеле бузургу бебаҳоянд. Ӯ солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар паҳлуи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардонавор истода, дар тарғиби худшиносиву худогоҳӣ, ғояҳои ибратбахши соҳибистиқлолӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ҳифзу ҳимояи марзу буми диёр саҳми беандоза гузоштааст.
Ӯ мудом аз хидматҳои бузургу мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, гаштаю баргашта дар ҳаққаш дуои нек мекунад.
Амир Сайиди МУНКӢ,
адиб, ноҳияи Ховалинг