«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН – 2023». 30 КОРХОНАИ ВАТАНӢ МАҲСУЛОТИ ИСТЕҲСОЛИИ ХУДРО ПЕШНИҲОД НАМУД
2-юми ноябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад», дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон–2023», бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Палатаи савдо ва саноат, Агентии содирот, ташкилкунандагону шарикон, соҳибкорон, меҳмонони хориҷӣ, воситаҳои ахбори омма ва сокинон намоиш-фурӯши молу маҳсулоти хӯрока, молҳо барои хона ва хизматрасониҳои гуногун баргузор гардид. Дар намоиш-фурӯш беш аз 30 корхонаву ширкатҳои ватанӣ молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии худро бо сифати аъло ва нархҳои дастрас пешкаши харидорон гардонданд.
Тавре зимни ифтитоҳи ҳамоиш, иброз гардид, ширкати «Тайрон» бо мақсади дастгирии сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022–2026) дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ лоиҳа-озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд. «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» яке аз лоиҳаҳои муваффақи солҳои истиқлол буда, ба намоиши муҳим дар ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Дар лоиҳа-озмуни бонуфуз ҳамасола даҳҳо корхонаву ширкатҳои хурду бузурги кишвар иштирок карда, молу маҳсулот ва хизматрасонии гуногуни худро пешкаши доираи васеи истеъмолкунандагон менамоянд. Масъулон зимни суханронӣ ҳадафи асосии лоиҳаро муаррифии маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ба вуҷуд овардани рақобати солим ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти мамлакат арзёбӣ карданд.
Дар намоиш-фурӯш корхона ва ширкатҳои машҳури ҷумҳурӣ, аз ҷумла “Сиёма”, “Артел”, “Coca-Cola”, “Покиза”, “Файзи Расул”, “Доро”, “Шири Душанбе”, “Молочная радост”, “Қолин-сервис”, “Беҳамто”, “Баракат”, “София”,“Слобода”, Шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Газпромнефт”, “GMP”, “АКФА”, “Рамис”, “Химус” ва ғайраҳо, молу маҳсулоти гуногунро бо нархҳои нисбат ба бозор пасттар ба харидорон пешкаш намуданд. Инчунин, дар намоиш-фурӯш телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯйӣ, чангкашак, кондитсионер, гармкунакҳои барқӣ, гӯштқимакунаку тафдон ва дигар намудҳои техникаи маишӣ аз тарафи ширкатҳои истеҳсолии «Artel» ва «Karcher» ба муштариён бо нархи яклухт пешниҳод гардид. “Душанбе ситӣ” ва “Тавҳидбонк” низ, аз ҷумлаи иштирокчиёни фаъоли лоиҳа буданд, ки хоҳишмандони зиёд барои анҷоми амалиёт ва хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ муроҷиат мекарданд.
Роҳбари шуъбаи маркетингии ширкати «Молочная радост» Аюбҷон Аюбов иштироки молистеҳсолкунандагону соҳибкоронро дар чунин намоишҳо муҳим ва манфиатбахш арзёбӣ кард.
– Ҳоло 25 намуди маҳсулоти шириро ба бозори мамлакат пешкаш менамоем. Нархи маҳсулоте, ки имрӯз ба харидорон пешниҳод мегардад, нисбат ба бозору мағозаҳо арзонтар аст. Берун аз мамлакат низ дар намоишгоҳҳои Россия, Ӯзбекистон ва Туркия иштирок кардаем. Маҳсулоти ширкат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Кӯшиш дорем, ҳарчи бештар маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол ва аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти худӣ таъмин намоем, – гуфт ӯ.
Зебунисо Алиева, сокини шаҳри Душанбе, баргузории намоиш-фурӯшро мусбат арзёбӣ карда, гуфт: “ Нархҳо дар ин ҷо нисбат ба бозор арзонтар буда, маҳсулоти дилхоҳамро бо нархи дастрас пайдо ва харид кардам. Ба ташкилкунандагону соҳибкорони ватанӣ, ки дар ин чорабинӣ иштирок доранд, изҳори сипос менамоям».
Намоиш-фурӯш се рӯз идома меёбад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”