ХУМОРИ СУҲБАТУ СУРУДИ ОДИНА ҲОШИМ
Ӯро ёд кардам. Мехоҳам даме дар суҳбаташ бошам, мехоҳам, ки ӯ чун пири хирад панду андарзам диҳад; қиссаю ривоятҳо кунад аз бузургон, аз азизу авлиёҳо, аз шоирону олимон. Вале ӯро, он марди ҳунарро, он шахси саропо шеъру наворо намеёбам, намебинам. Худ ба худ мегӯям:
– Куҷоӣ, акаи Одина? Садқаи овозат шавам, садқаи қиссаю шеърхониҳоят шавам! Ӯро ёд кардаам… Ва аз хотираҳо, аз ёдҳо ҷустуҷӯ дорам. Ӯро меёбам, мебинам, вале наметавонам ба наздаш равам, ҳамсуҳбат шавам.
Ӯ рафт, рахти сафар баст.
– Салом, устоди ҳунар, салом, эй пири ҳунармандон, ман Шуморо зиёрат омадам, мехоҳам каме суҳбат намоям…
Лек ӯ хомӯш… Ва хокдони ӯ ғарқи нури Офтоб; яке суруди ӯ ба гӯш мерасад, аз дуриҳо, аз ким-кадом ҳавлие, хонае.
Ӯ суруд мехонад. Аҷиб, ҳар суруди ӯ, ҳар навои ӯ ба кас руҳу илҳом, тасаллою оромӣ мебахшад; дилу ҷони кас роҳат мекунад, дилу ҷони кас равшан мешавад ва ба андеша дода мешавӣ… Андеша дар бораи ҳаёту мамот, дар бораи одаму одамгарӣ, некию бадӣ, равшанию торикӣ.
Чи гӯем, ки ҳар суруди ӯ, ҳар таронаи ӯ зодаи меҳру муҳаббат, зодаи оташи қалб, зодаи ишқи ёру диёр… Ва ӯ ҳар суханро дона-дона, ҳар мисраъро равшану гӯё мехонад ва оҳанг ҳам хеле мувофиқу ҷолиб асту торҳои дили касро ба ларзиш меоварад.
Чи гӯям, ки ба кам ҳунармандон, шоирон, олимон даст медиҳад, ки ҳам дар ҳунару ҳам дар гуфтор мумтоз бошанд. Вале Худо ба устод Одинаи Ҳошим ҳам санъати баландро лоиқ дидаву ҳам суҳбаторо будани ӯро, ҳам фаҳмиши баланду дарки маониро раво дида.
Чун гӯш ба сурудҳои ӯ, ба ғазалсароии ӯ диҳем, мехоҳем ҳеҷ гоҳ поён наёбад, ба охир напазирад ва агар дар суҳбаташ бишинӣ, ҳеҷ гоҳ ёди аз ҷой хестанро намекунӣ. Охир, ӯро суҳбат шакарину панду андарзбор аст; ҳар суханаш як олам маъно дорад, як дунё панд дорад; пур аз қиссаву ривоятҳост, пур аз шеъру шоҳбайтҳои бисёр волост.
Ӯ чун медид, ки ман бо тамоми ҳастӣ, бо дилу ҷон ба суханҳои намакинаш гӯш медиҳам, боз меафзуд, боз ба ҷӯшу хурӯш меомаду ба нақлҳои нав ба нав мепардохт.
Устоди санъат Одинаи Ҳошим, бо шӯру шавқ, бо дилу ҷон сухан мегуфт, нақл мекарду нақл.
Ӯ заршинос буд, ба қадри сухан, шеъри баланд мерасид ва инро ба ҳамагон талқин мекард, ки сухан ҷон аст, сухан гавҳар аст, умри инсон аст. Ва бояд ба қадри он бирасид. Лек аз беэътиноиҳо, аз бемағзиҳо, аз сактахониҳои шеър сахт ба ғазаб меомад.
Дар ҳар маҷлису ҷамъомад, махсусан ба ҷавонон, муроҷиат карда мегуфт, ки суханро хор накунанд, ба қадри сухан, модару Меҳан бирасанд, бештар омӯзанд.
Ба бисёр кам шахсон ва бузургон ин ҳолат рух медиҳад, ки ҳар қадар калонсол шаванд, ҳамон қадар ташнаи шеъру нуктаи мавзун, ҳамон қадар ишқи суруд хондану оҳанг эҷод кардан пайдо шавад.
Одинаи Ҳошим аз чунин шахсон ба шумор мерафт, ки дар ҳар вохӯрӣ, ҳар суҳбат аз ӯ бисёр чизҳои нав, суханҳои баландро мешунидӣ, мегирифтӣ. Аз ин рӯ, ҳар рӯзу ҳар соат ташнаи суҳбатҳои ӯ, шеъргӯиҳои ӯ, сурудхониҳои ӯ буданд.
Ёдҳо…
Боре ӯро парешону хастаҳол ва озурдадил дарёфтаму гуфтам:
– Устоди азиз, хаста шудаед, аз чизе сахт дилгиред?
Ӯ нишасту орзуи дилашро, хоҳиши дилашро гуфт. Ва ба афсусу надомат сар ҷунбонд, ки ман ин қадар ғазалҳои волоро, оид ба одаму одамгариро барои кӣ хондам, барои кӣ гуфтам? Куҷо шуд он гӯши суханшунав, куҷо шуд он дили равшану бекина?! Куҷо?…
Ӯ худро ба даст гирифту ин абётро бихонд:
Имрӯз қадри нуктаи мавзун намондааст,
Инсоф дар қаламрави гардун намондааст.
Як умр метавон сухан аз зулфи ёр гуфт,
Дар банди ин мабош, ки мазмун намондааст.
Офтоб агар ба ҷисм гармӣ бахшаду пеши чашмонро равшан намояд, ӯ бо суруду навоҳои худ, бо суҳбатҳои шакаррезу андарзбораш дилу ҷонро гармӣ мебахшид, нуру зиё мебахшид, аз гардҳои ғаму ғусса пок менамуд…
Маро ва, албатта, бештари мардуми сухансанҷу сухандонро, аҳли ҳунарро хумори суҳбатҳои Одинаи Ҳошим гирифта, хумори сурудхониҳои ӯ гирифта.
Вале ӯро, акнун, аз синаҳои мардуми ориф меҷӯему меёбем…
Шаҳобиддини ҲАҚНАЗАР
Санаи нашр: 09.11.2023 №: 221