ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРЯМ ИСОЕВА РАМЗИ МОДАРИ ТОҶИК ДАР САҲНА

МАРЯМ ИСОЕВА РАМЗИ МОДАРИ ТОҶИК ДАР САҲНА

28 феврал 2023, Сешанбе
94
0
 
Дар арсаи ҳунари тоҷик нақшбозони симои нотакрори модар хеле зиёд буданд, аммо шояд нақши офаринишгарии ду ҳунарманди шаҳир, яке Мушаррафа Қосимова ва дигаре Марям Исоева аз ҳар нафари дигар мондагортар бошад. 
Албатта, Марями ҳунар дар 65 сол беҳисоб нақш офарида, аммо дар аксари нақшҳо ӯ зан-модари ормонӣ аст ё балки офариниши нақши зан дар масири ҳунарии ӯ ҷойгоҳи мумтоз доштааст. Бавижа, падид овардани чунин нақши моноро дар бузургтарин ва баргузидатарин осори пурбору ғаноманди адабиёти ҷаҳонӣ моҳияти аслии кори худ ва шеваи расидан ба ормонҳои эҷодиаш медонад. Ӯ бо дарки асли сурату сирати занони ҷаҳонӣ ва миллӣ аз ҳар ҷиҳат наздик шудааст: дар бештар маврид ҳунаре нотакрор дар офариниши образи зан аз фоҷианомаҳои ҷаҳонӣ дошт. Дар ин замина, ба арсаи ҳунари тоҷик ворид шудану руҳи тоҷикӣ ёфтани сурату сирати Эмиля – зани Яго ва хидматгори Дездемона дар “Отелло”, Синора Капулетти – модари Ҷулетта дар “Ромео ва Ҷулетта”, Гертруда – модари Ҳамлет дар “Ҳамлет”-и Уилям Шекспир, Клея – зани файласуф Ксанф дар “Эзоп”-и Фигерейдо, Малика Иокаста – зани Эдип дар “Шоҳ Эдип”-и Софокл, Медея – зани Ясон дар “Медея”-и Еврипид дар нусхаи офаринишии Марям Исоева ба амиқрафти завқи ҷаҳоншиносии аҳли он замон, вусъату густурдагии андешаву тафаккури бинандаи тоҷик хеле хуб мусоидат кардаанд. Бо чунин образҳои барозандаву мондагор фарозу фуруди андешаи зан – ҳам сирати қаҳрамонӣ ва ҳам ихтилофоти дунёи андешаи булъаҷаби зан аз олами офаринишгарии ҷаҳон ба саҳнаи тоҷик рехтанд. Ростӣ, ин образҳо ҳам аз қаҳрамонии занони юнонӣ ҳикоя мегӯянду ҳам аз ихтилофи дунёи зан перомуни муҳимтарин бархӯрдҳои руҳиву равонӣ сухан ба миён меоваранд. 
Инро ҳам бояд гуфт, ки офаридани характери нодир – модари ҷасур дар спектакли маъруфи “Модар ва Темур”-и Максим Горкий, ҳам дар нусхаи коркарди театрӣ ва ҳам варианти телевизионӣ, насиби ҳамин Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон будааст. Ҳам дар ин асар ва ҳам дар фоҷиаи “Медея”-и Еврипид зан-модареро чунон ҷозибадорона ва ҳунармандона офаридааст, ки наҷоти фарзанди башарро аз шарри пайвандонаш муҳим медонад ва барои аз байн бурдани амали хиёнат, ҳатто даст ба қатли шавҳар мезанад ва наслҳои ӯро ба нобудӣ мекашад. Ин дардро бардоштану баровардан на ба ҳама аҳли саҳна даст медиҳад. Зимни офариниши ин образҳо, фикр мекунам, Марям Исоева чи қадар дар азоби равонӣ буда бошад, чи қадар бо нозукиҳои руҳиёт даст ба гиребон шуда бошад. Беҳтар ин ки ин гуна мушкилро худи ҳунарманд шарҳ диҳад ва чигунагии ҳолати худро зимни чунин образҳо бозгӯяд. 
Дар образи ошиқдухтар (масалан, Силвия дар “Ду веронӣ”) ҳам сурату сирати миллиро бо андӯхтаҳояш аз осори қадимии урупоӣ бисёр ҷолиб ба ҳам оварда тавонистааст. Бо офариниши образи бонуи эронинажодон Таҳмина – модари Суҳроб дар “Рустам ва Суҳроб” аз рӯйи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ранги фоҷианомаи миллии моро аз қаъри таърих ба аҳли замона пеш мекашад ва зани эронинажодро бо ҳама шукӯҳ рӯи саҳна меоварад. Маҳз дар ҳамин ҳол Марям Исоева яке аз беҳтарин ва усулитарин пайвандгарони дирӯзу имрӯз ва фардои андешаҳои хуби инсонсози мардумии мост.
Як  хосияти  вежа  ва  бисёр  нодири  чеҳраофаринии   Марям Исоева дар эҷоди образи зани давраи муосир ба зуҳур омадааст. Истеъдод, кайфият ва маҳорати фавқулодаи ӯ дар иҷрои нақши зан дар “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло – Бонушоҳ, “Бой ва хизматгор”-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ – Ҳоҷӣ-она (модари Ҷамила), “Садо аз тобут”-и Абдуллоҳи Қаҳҳор – Нетайхон, зани Сухсуров, “Лайлат-ул-қадр”-и Юсуф Акобиров – Лайло, “Дили модар”-и Рамазон Раҳимзода – модари сарбоз, “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё”-и Х. Хурсандов – Холдона ва даҳҳо нақшҳои хотирмони дигар аҳли завқи тоҷикро бо умдатарин хислатҳои миллӣ ошно карда, дар ин замина чеҳраи офаринишгар ҳамчун ҳунарманди хос ва мумтози миллӣ мушаххас шудаанд. 
Силсилаи нақшҳои модаронааш дар арсаи синамои тоҷик низ сутуданист. Манзараҳои якдасти хушрангу ҳарранг ва камранги зиндагии иҷтимоии мардум дар ин гуна асарҳо мушаххасан тасвир ёфтаанд: Рухсора аз “Занги сарбоз”-и М. Қосимова, Сурайё аз “Садама”-и С. Ҳомидов, модар аз “Дар чорроҳа”, Малика аз “Тӯфон”-и Т. Собиров, котиби райком аз “Депутат”-и Ю. Юсупов, Заррагул аз “Ҳасани аробакаш”-и Б. Кимёгаров, Зумрад аз “Вохӯрии кӯтоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, Лайло аз “Бо амри дил”, Сафина аз “Рустам ва Суҳроб”-и Б. Кимёгаров дар тасдиқи ин андешаи мо асаргузоранд.
 
Филмдӯстони тоҷик чеҳраи модари “Дар орзуи падар”-и нависандаи маъруф Кароматуллоҳи Мирзоро низ, дар ёд доранд, ки ҷолибу диққатмон аст. Ҳамин гуна Марямбонуи ҳунар образҳои Офатро аз “Гузаргоҳи фаромӯшшуда”-и С. Ҳомидов, сардори фермаро аз “Об аз куҷо меояд”-и О. Тураев, модари Навоиро аз “Ҷомӣ ва Навоӣ”-и М. Ғаниев, Дилбарро аз “Сирри оила”-и В. Аҳадов, Салтанатпочоро аз “Тӯй”-и С. Ғанӣ, чандин силсиламодаронро аз “Ормони Модар”-и С. Ғуломова, “Модари гургалӣ”-и Н. Наимов, “Ту ятим нестӣ”-и С. Рустам ва ҳам модари полковникро аз “Қарзи виҷдон”-и М. Ортиқзода ва ғайра бисёр муассир офарида, ки онҳоро ҳаргиз фаромӯш карда намешавад.
Ба ин маънӣ дуруст ба хулоса расидаанд, ки “силсилаи модарномаи ин ҳунарпешаи бузурги театри тоҷик хеле ғанӣ ва рангин” буда, дар арзи фаъолияти эҷодии беш аз 60-сола номбурда образҳои мондагори адабиёт ва ҳунари дунёро офаридааст. Як ҷиҳати назаррас он аст, ки ӯ ҷаҳони рангини образҳои занони классику муосир ва миллатҳои гуногунро бо ҳам оварда тавонистааст.
Аз диди ман яке аз умдатарин равиши шинохти махсусияти ҳунарии ҳунармандоне мисли Марям Исоева таҳсили ӯ дар ҳавзаҳои бузурги ҳунарӣ аст. Зимни андеша аз хусуси падидаи офаринишгарии нафароне чун Марям Исоева ба ин натиҷае меоям, ки ҳар адиб ва ё адабиётшиносе, ки дар Институти адабиёти ҷаҳонии М. Горкийи Маскав чӣ будани адабиёт андӯхта ва ҳар ҳунарманди саҳнаву киное, ки дар Институти театрии ба номи Луначарскийи Маскав (ГИТИС) ва ё дигар муассисаҳои бонуфузи завқи адабиву ҳунарӣ румузи офаринандагӣ ёфтааст, воқеан ҳам, ба умқи адабу ҳунар расидааст, дар адабиёту ҳунари нафисаи халқаш ибдоъ ва нодиракорӣ кардааст, идеали шоиставу муҳассани адабиёту ҳунари халқи худро то дуриҳо парвоз дода, адабиёту ҳунари халқашро ба ҷаҳон бурда, дар айни ҳол, иқтидори ҷаҳонро ба арсаи адабиёту ҳунари халқаш овардааст. 
Натиҷаи ҳамкории пурфайзаш бо устоде монанди Б. В. Бибиков – такондеҳи тақдири Марям Исоева дар ГИТИС боиси пайдоиши нақшҳои Арина дар “Камбағалӣ айб нест”-и А. Н. Островский ва Смералдина дар “Шоҳгавазн”-и К. Галдони гаштааст. Ин нақшҳоро ҳунарманди тоҷик ба сифати рисолаи хатми донишкада офарида, рисолаҳоро ҳам дар сатҳи назаррас дифоъ карда ва ба Тоҷикистон офаринишгаре дар сатҳи хуби умумииттифоқӣ омада ва ҷойгоҳашро дар муассисаҳои ҳунарии онзамон мушаххас намудааст.
Дар замоне ки ҳайати ҳунармандони Театри ба номи Лоҳутӣ ашхоси бузургсоле буданд, омадани гурӯҳи барозандаи ҳунар бо дипломи Маскав ва маълумоти баланди театрӣ дар сатҳи умумииттифоқ ба муҳити муассиса руҳи тозаи модернӣ оварданд. Марям дар ин даргоҳ ҳам аз нобиғаҳои шуҳратманди саҳнаи ҳунар Муҳаммадҷон Қосимов, Туҳфа Фозилова, София Тӯйбоева, Хайрӣ Назарова, Ато Муҳаммадҷонов ва дигарон хеле хуб таҷриба андӯхту ҳам он андӯхтаҳоро бо донишҳои нави ҳунаршиносиаш имтизоҷ додааст. Бо истеъдоди воло нақшҳои драмавӣ ва лирикиро дар сатҳи аҳсант офарида, кӯшиш ба харҷ медодааст, ки дар ҷомеаи он вақт ба сифатҳои наҷиби инсоние ҳамчун поктинатӣ, дилрабоӣ ва ростқавлӣ имтиёз бидиҳад. Мавҷударо аз “Иродаи зан”-и Аъзам Сидқӣ, Ҳилолро аз “Ҳукми модар”-и Ғанӣ Абдулло, Манзураро аз “Гавҳари шабчароғ”-и Сотим Улуғзода, Нозиро аз “Ҷанги танбатанӣ”-и М. Байҷиев, Гулҷонро аз “Қуллаи Фудзияма”-и Чингиз Айтматов ва Қултой Муҳаммадҷонов агар бубинем, рамзҳои ҷолиби зиндагишиносӣ доранд ва ба завқҳо таконбахшанд.
Дар боло ҳам ишора шуд, бо саъйи Марям Исоева фоҷианома дар арсаи ҳунари тоҷикӣ рангу бӯи хос гирифт ва ин боиси дарки эстетикии аҳли замона ва шинохти моҳияти драматизм ва осори драмитикӣ гардид. Марям дар ин замина чун “актрисаи пухтаву расидае” эътироф шуд ва бо силсилаи нақшҳои фоҷиавиаш фоҷиаофарии тоҷикро ба сатҳи назаррас расонд. Маҳораташ дар саҳнавӣ кардани сарнавишти чанд қаҳрамони фоҷиавӣ ва офаридани лаҳзаҳои пуршиддату тезутунди зисту зиндагӣ ба мушаххасоти офаринишгарии ӯ хеле афзудаанд. Образи зани Марям Исоева дар осори драмавӣ хислатҳои матинӣ ва қавииродагӣ дорад. Таҳминаро аз “Рустам ва Суҳроб”-и Ғанӣ Абдулло бо дарки ҳамон лаҳзаҳои сӯзиши занонаи Таҳмина метавон қиёс кард, ки дар ин тасвир шахсияти мавриди назари мо чӣ гуна нодиракорӣ кардааст. Ҳамин гуна бо шӯру шаафи Марям Исоева ба василаи Шафақ аз “Шаби гирифтани Моҳ”-и Мустай Карим, Бонушоҳ аз “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абудулло, Бернарда аз “Хонадони Бернарда Алба”-и Ф. Гарсиа Лорка, Медея аз “Медея”-и Еврипид, Геретруда аз “Ҳамлет”-и Уилям Шекспир, Иокаста аз “Эдип”-и Софокл ошно мешавем ва дақиқан, ба руҳи хоссаи пурфутуҳи падари инсони ҳунарофарин ҳазорҳо сипос мефиристем.
Нақшофариниҳои Марям Исоева дар мазҳакаҳо низ, аз муҳимтарин паҳлуҳои эҷоди ҳунарии ӯст. Магар аз Нетайхони спектакли “Садо аз тобут”-и А. Қаҳҳор ва ё Лайло “Лайлат-ул-қадр”-и Ю. Акобиров сухан накарда мешавад? Хосса, Нетайхон аз образҳои бисёр писандидаи саҳнаи мазҳакавии тоҷикон аст, ки норавоиву ноҳамгунии рӯзгори иҷтимоиро бисёр баланд ошкор ва маҳкум мекунад. Макру айёрии Нетайхон ҳамеша дар ёди насли аҳли завқ бо рангҳои ҷолиб боқӣ мемонад. Соттиро дар “Исёни арӯсон” чӣ? Онро беҳисоб аз "оинаи нилгун"-и телевизион дидаем. Шояд битавон гуфт – образи ғулғулафкани саҳнаи ҳунари тоҷик буд, ки дар он Марямбону бисёр баланд бӯқаламуниҳои рӯзгори замонро нишон додааст: 
Ҳунарманди ду арсаи завқбахши тоҷик – театр ва синамо Марям Исоева махсусияти ин дуро ҳам тавонистааст синтез намояд ва номашро дар саҳифаҳои рангини ҳунарӣ сабт кардааст. 
Ба ин манзур ҳунаре, ки дар парвозгоҳи умдаву густурда сайқал ёфт, ба дуриҳои дур хоҳад рафт. Шояд имрӯз ҳамин имкони баҳрамандӣ аз мактабҳои вежаи офаринандагӣ барои вусъат ва нуфузи мактаби ҳунари тоҷик боз ҳам бештар зарур бошад.
 
Субҳони АЪЗАМЗОД,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 
номзади илмҳои филология
Санаи нашр: 28.02.2023 №: 45
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив