ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ЗАФАРМАНДОНИ ЗАФАРОБОД”. КИТОБИ НАВ ДАР БОРАИ ФОТЕҲОНИ МИРЗОЧӮЛ

“ЗАФАРМАНДОНИ ЗАФАРОБОД”. КИТОБИ НАВ ДАР БОРАИ ФОТЕҲОНИ МИРЗОЧӮЛ

17 сентябр 2024, Сешанбе
15
0
Корнамоии деҳқонони асил ва аҳли заҳмати ноҳияи Зафаробод, ки як макони холӣ, биёбони беоб ва дорои иқлими сӯзону бодҳои шадидро дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба мавзеи ободу файзбор табдил додаанд, мактаби бузурги мардонагиву диловарӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН 
 
Дар ноҳияи Зафаробод китоби “Зафармандони Зафаробод”-и Саидмурод Шарифов муаррифӣ гардид. Дар он раиси ноҳия Зуфар Исмоилзода, собиқадорони меҳнат ва рӯзноманигорон иштирок доштанд. Китоби «Зафармандони Зафаробод»-ро муаллиф ҳамчун аввалин таҷриба дар ҷодаи фурӯзон кардани таърихи як гӯшаи диёр ба ному осори неки ободгарони Мирзочӯл бахшида, тарҷумаи ҳол, акс ва корномаҳои фарзандони барӯманди ин диёрро хона ба хона гашта, ҷамъ овардааст.
– Ноҳияи Зафаробод, ки парвардаи замони нав аст, бо муъҷизаи дастони одами нав бунёд шуд. Имрӯз баъзеҳо, махсусан ҷавонон, бовар намекунанд, ки бигӯӣ замини Зафаробод ҳамагӣ шаст сол қабл аз ин шӯразору хушкистон буд. Бале, ин ҷоро бо номи таърихии Мирзочӯл мешинохтанд ва чӯл маъниҳои дашт, биёбон, саҳрои беобро дорад. Маҳз дар ин ҷо монанд ба НБО “Роғун”, ки ҳоло инсон бо сангу кӯҳу об созиш мехоҳад, муборизаи инсону табиат сурат мегирифт. Аввалин бунёдгарони ноҳия бидуни техникаҳои пурқудрати имрӯза бо каланду бел, табару теша ҷигари хокро мешикофтанд ва онро ба ҳосилбахшиву шукуфоӣ даъват мекарданд. Бештари онҳо, ки мардони солор ва бонувони солдида буданд, на барои хеш, балки барои фарзандону пайвандони худ, яъне барои мову шумо ранҷ бурданд, то диёри нозанинеро ба мову шумо мерос гузоранд, – изҳор дошт муаллифи китоб.
С. Шарифов омӯзгори фанни таърих буда, муддате дар ҳафтаномаи “Зарбдор”-и ноҳия хома рондааст. То бознишастагӣ қариб 30 сол омӯзгорӣ карда, аз соли 2021 то ҳол роҳбари ҷамъияти собиқадорони шаҳраки Меҳнатобод мебошад.
Раиси ноҳия Зуфар Исмоилзода чунин ибрози назар кард: “Боиси хурсандист, ки қаҳрамониҳои наслҳои калонсол – фотеҳони Мирзочӯли тоҷик ва идомадиҳандагони анъанаҳои онҳо, дар якчанд китобҳои арзишманд, аз ҷумла “Книга степи” (муаллиф Леонид Пашенко, 1974), “Мирзочӯли тоҷик”  (муаллифон Г.А. Домишлинетс, М.А.Муинов, 1976), “Омили пешрафти хоҷагии мо” (муаллиф Қ.Ҷумъаев, 1977), “Дашт гулистон гашт” (муаллиф С.М. Парпиев, 1979),   “Чӯли дирӯза – гулистони имрӯза” (муаллиф  Б.Бердиев, 1996), “Фотеҳони Мирзочӯл” (муаллифон Ҷ.Муродбеков, С.Акбарзода, 2015), “Рисолати ободкорӣ” (муаллиф Д.Бердиев, 2015), “Зафаробод – диёри родмардон” (муаллиф З.Рустамов, 2016), ҳамчунин, асарҳои ба қаҳрамонони алоҳидаи Мирзочӯл бахшидаи  Саидумари Султон “Роҳбари фидокор”, Неъмат Оташ “Фидокори Мирзочӯл”, Ҳусейни Нарзулло “Фотеҳони чӯли Мирзо” инъикос ёфтаанд.
Омӯзгори собиқадор Саидмурод Шарифов солҳо дар бораи таърихи азхудкунии заминҳои нопайдоканори Мирзочӯл ва кошифони он маводи муҳим ҷамъоварӣ намуда, китоберо ба нашр расонд, ки мо аз ин марди наҷиб сипосгузорем”.
Ёдовар бояд шуд, ки ноҳия 20-уми декабри соли 1965 таъсис ёфта, дорои 2 шаҳрак ва 3 деҳот аст. Марказаш шаҳраки Зафаробод.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.09.2024 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив