ШУКРОНА КУНЕМ, КИ ЧУНИН ВАТАНИ АЗИЗУ МАҲБУБ ДОРЕМ!
(Эссе)
Замоне буд, ки одамони баднияту бадманиш дар талаби манофеи шахсӣ ва соҳиб шудан ба курсию мансаб ин сарзамини сабзу шукуфо ва ободонро ба коми ҷанги таҳмилӣ кашиданд. Камонбадастони бехирад ба ҷони касе раҳм намекарданд. Гандум нодарав монда, зери пойи чорво пахш гардид. Меваҳо пухта мерехтанд рӯйи замин. Дари мактаб баста, муаллимон ҳайрон, модарон гирён. Ҷамила, ки он ҳангом 10 сол дошт, бо модарашу додарча ва хоҳаракаш аз хона рӯ ба фирор овард, зеро падарашро даст баста, ба самти номаълум бурда буданд. Ҳар гоҳ садои ваҳмовари тирҳо ба гӯш мерасид, духтаракро даҳшат фаро мегирифт, мепиндошт, ки ҳамин ҳоло тирҳои дайду ба пайкараш мерасаду он гаҳ... ҳаёт ба поён мерасад, ин ҳама рангрезию сабзию шукуфоии олами атроф ба таври абадӣ маҳв мешавад. Бар замми ин ҳоли модараш бас вазнин буд, дили Ҷамила месӯхт ба ӯ. Модар аз дасти писараку духтарчааш доштаву тифл дар пушт, ашк аз бари рухсораҳояш шорида, бо азоб, банди андешаҳои ғамовар гаронборона қадам мезад. Лабҳо парсингбаставу гуруснагӣ чу деве хашмӣ бар ҳисори танашон нуфуз карда. Бад-ин ҳолу ҳаво, баъд аз тайи манзилу мароҳил ба деҳе расиданд, ки Гулбед ном дошт, зери дарахте тановару боазамати чанор биншастанду лаҳзае орамиданд. Дар ин ҳангом хоҳарчаву додараки Ҷамила ба гиря сар карданд: “Нон, нон”, – гӯён овозашон баланд шуд. Ҳеҷ ором намешуданд. Дар ин ҳол зани миёнаумре аз даре баромад ва модару фарзандонашро зери чанор дида, оҳиста-оҳиста сӯяшон гом бардошт. Аз зиндагияшон пурсид. Модари Ҷамила бо овози хаста андак-андак аз вазъи талху рӯзи сиёҳаш ба зан ҳикоят кард. Об дар дидагони он зан падид омад, лаби рӯймол бо дандон бурда, сӯйи хонааш шитофт ва лаҳзае баъд нони гандумӣ дар даст берун омад аз хона. Нонро ба модари Ҷамила дод.
– Эҳ Худо, камондоронро ба сулҳ биёр, амонӣ шавад, одамон як лаб нонро орому осуда, беташвишу беминнат ёфта, бо ҳам бинанд,- ҳасрат кард зан ва афзуд:
– Охир, наход, ақли ин худобехабарҳо надарояду ҷангро бас накунанд? Баъд зан аз модари Ҷамила пурсид, ки азми куҷо доранд?
– Рӯ ба раҳми Худо, меравам ба тарафи кӯҳпораҳо.
Зан, ки солеҳаву порсо ва боназокату тарбиятдида буд, аз роҳи раҳму сидқу одамият аз дасти духтару додари Ҷамила бигрифт ва гуфт: “То оромиву осудагӣ дар хонаи мо мемонед” ва худ пеш-пешу Ҷамилаву модараш аз қафо сӯи дари дутабақа равон гардиданд...
Рӯзҳо тирвор гузаштанду андак-андак хабарҳои хуш ба гӯши фирориён расиданд, ки камондорон дар бисёре аз минтақаҳо силоҳи худро супурда, тасмим гирифтаанд, ки аз пайи зиндагии осудаҳолона шаванд...
...Ва он рӯзи фирӯзу пурсурур, ки тантанааш тамоми шаҳру навоҳӣ ва манотиқи ҷумҳуриро фаро гирифт, фаро расид. 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид ва ба “ҷанги бунёдсӯз” хотима гузошта шуд. Падари Ҷамила баъд аз ҷустуҷӯҳои зиёд ҳамсару фарзандонашро аз деҳаи Гулбед ёфт ва ҳамагон ашки шодӣ рехтанд. Ба зодгоҳашон баргашта, ба зиндагии тоза шуруъ карданд. Инак, аз он айём солҳо сипарӣ гардиданд. Ҷамила ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ дохил шуда, онро бо муваффақият хатм намуд ва ҳоло дар таълимгоҳи зодгоҳаш ба пешаи омӯзгорӣ машғул аст.
Вай дар машғулиятҳои тарбиявию маҷлисҳои синфӣ ва ҷамъомадҳо ҳамеша аз айёми ҷангу нобасомониҳо дар кишвар ҳарф мезанад ва ҳамвора таъкид месозад, ки носипосу намакношинос набошем, гузаштаро зуд фаромӯш накунем, ба қадри рӯзҳои пурфайзу саодатманди ин айём бирасем. Ва суханони тиллоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар мешавад: “Шукрона кунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем”.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
нависанда