ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЛИКО, ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД! АНДАР ЧИГУНАГИИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

МАЛИКО, ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД! АНДАР ЧИГУНАГИИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

28 октябр 2024, Душанбе
28
0


Меҳргон омад, гирифта фолаш аз некӣ мисол
Неквақту некҷашну некрӯзу некҳол. 
УНСУРӢ

Меҳргон маросими аҷдодии мост, ки дар оғози фасли тирамоҳ – ҳангоми эътидоли шабу рӯз баргузор мешуд ва дар тули таърих, бино бар тафовут дар тақвимҳои гуногун, замони он иваз шудааст. Меҳр ба рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳ аз тақвими хуршедӣ ва моҳи ҳафтуми он гӯянд ва ба ҳам омадани рӯзи Меҳр бо моҳи Меҳрро Меҳргон (аз Меҳр ва пасванди ҷамъбандии – гон) хонанд. Меҳр баргирифта аз авестоии miθra, дар ориёӣ miθrakāna – ҷашни Митро (Mithra) ва рӯзи 16-уми моҳи Меҳр (меҳррӯз) Ҷашни Меҳргони хурд ва Меҳргони омма ва рӯзи 21-уми моҳи Меҳр (ромрӯз) Ҷашни Меҳргони бузург ё Меҳргони хосса барпо мешуд. Ва низ “Меҳргони бузург ва Меҳргони хурдак” номи пардаест дар илми мусиқӣ (Фарҳанги Низом,1921). Дар забони арабӣ муарраби ин вожа “Меҳрҷон” ба маънии ид, ҷашнвора, фестивал истифода мешавад. Арманиҳо маросими диниеро бо номи Меҳекон – рӯзи пирӯзии паҳлавон Георг ва гурҷиҳо маросими Меҳраканисайро баргузор мекунанд.  
Аз куҳантарин сарчашмаҳо  дар бораи Ҷашни Меҳргон “Китоб-ут-тоҷ”-и Ҷоҳиз, “Таърихи Табарӣ”-и тарҷумаи Балъамӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ буда, дар  бархе аз мутуни зардуштӣ ҳам гузоришҳое аз моҳи Меҳр то замони мо расидаанд. Дар осори зардуштӣ Меҳри эзад ва фариштаи муваккили рӯшанӣ ва паймонҳо ситоишу парастиш шудааст, аз ҷумла дар  Меҳряшти Авесто (банди 13) омадааст, ки “Меҳр эзади нигаҳбони фурӯғ ва посдори паймон, нахустин эзадест, ки пеш аз дамидани Хуршед аз кӯҳи Ҳара ба саросари сарзаминҳои эронӣ менигарад” (Авесто, 625).  Ё дар асари паҳлавии “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” дар бахши андар ситоиши ”Меҳри фарохчарогоҳи ҳазоргӯши беварчашм” чунин омадааст: “Эй Меҳр, андар гетӣ ва мену, касе фаррухтар аст, ки ба ҳеҷ ойина меҳрдуруҷӣ накунанд на бо ҳамдинон ва на бо друвандон ва низ на бо он  кас, к-аш аз паймон шикастан зиён кам аст. Чи ҳар ду меҳр (паймон) аст <бо> ашавон ва низ  <бо> друвандон. Ба василаи ту, эй меҳртухмаи мардумон, дар гетӣ ороста аст, ки пайванди ҷаҳониён ба роҳи ту биравад”. Ва дар андарзҳои зардуштӣ дар бораи фазилатҳои рӯзи Меҳр омадааст, ки дар ин рӯз шафоат хостан дуруст аст: “меҳррӯз агарат аз касе гиламандие абар расидааст, пеши Меҳр-эзад аз Меҳр доварӣ хоҳ ва гила кун!” (Аша Р. Озарбоди Маҳраспандон).  
Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” андешаҳои гуногуну ҷолиберо аз донишмандон ва ашхоси муътабар ба монанди Салмони Форс, Эроншаҳрӣ, Саид ибни Фазл, Кисравӣ овардааст.
Дар “Таърихи Табарӣ” низ ривояте аз Ҷашни Меҳргон ва пайванди он бо пирӯзии Фаридун ва бар тахт нишастанаш омадааст: “Афридун зафар ёфт ва Заҳҳокро бигирифту бикушт ва ҳамон рӯзгор тоҷ бар сари Афридун ниҳода, ҷаҳон бар вай супурд ва он меҳррӯз буд аз меҳрмоҳ ва онро Меҳргон ном карданд ва Афредун ба мулк нишаст” (Таърихи Табарӣ, Фарҳанги Низом).   
Дар “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ низ Ҷашни Меҳргонро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун мансуб дониста, аз ойинҳои кеши ӯ будани  Меҳргон таъкид шудааст:
Чунон чун Фаридуни фаррухнажод,
Дар ин Меҳргон тоҷ бар сар ниҳод.
***
Бикард андар он кишвар оташкада,
Бад-ӯ тоза шуд Меҳргону Сада.
***
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хурдан ойини ӯст.
Муаллифи “Фарҳанги Низом” Сайид Алӣ Низом дар бораи арзиши ҷашни Меҳргон мегӯяд, ки “агарчи баъд аз Ислом Иди Меҳргон аз аҳамияти динӣ афтода буд, валекин аз ҷиҳати ин, ки ёдгори фатҳи Фаридуни Пешдодӣ – подшоҳи қадими афсонаии Эрон  буда ва дар аввали поиз ҳам воқеъ шуда буд, ки ҳаво муътадил ва муқтазии ишрат аст, муддате нигоҳ дошта шуд ва баъд матрук гардид”. Дар аксари ривоятҳои ҷойдошта Ҷашни Меҳргонро мисли Ҷашни Наврӯз ба шоҳони Эрони бостон нисбат додаанд ва Рӯдакӣ дар ин маврид гуфта:
Малико ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Дар китобхонаи Навсории Ҳинд дастнависи F 61, 77-119 маҳфуз аст, ки рисолаи хурде ба форсӣ дар бораи тақвим ва расму ойинҳои порсиёни бостон аст. Муаллифи он аз баъзе сарчашмаҳои дуюмдараҷаи порсӣ, ба хусус «Наврӯзнома»-и Хайём маълумот гирифтааст. Манекҷи Рустамҷи Унвала дар бораи ҷашнҳои форсӣ, ки дар рисолаи фавқ оварда шудааст, бар асоси нусхаи хаттии қадимии Рустами Гуштоспи Ардашер дар соли 1087 ҳиҷрии қамарӣ – 1718 милодӣ гузориш додааст, ки онро донишманди маъруф Раҳом Аша бознависӣ кардааст. Дар фасли “Дар чигунагии ҷашни Меҳргони омма, ки рӯзи Меҳрҷон хонанд” омадааст: “Ва ин ҷашнро рӯзи Меҳр ва моҳи Меҳр бошад. Ва Меҳрро ба забони порсӣ Офтоб хонанд. Ва дар ин рӯз хусравони Каён шодӣ ва нишот кардандӣ, ин рӯзро нек бузург доштандӣ ва ҷашни шоҳ Офаридун хондандӣ, азеро, ки дар ин рӯз Беварсп, ки араб ӯро Заҳҳок мехонанд, бигирифт ба замини Бобил, аз он ҷой банд карда ва ба Дамовандкӯҳ фиристод. Ва дар ин рӯз ҷашн будӣ  ва ҳамаи мардумон рӯз ба шукри неъмати Ҳаққ субҳона таоло машғул шудандӣ ва ҳар сол дар ин рӯз замзама кардандӣ”. 
Суғдиён дар рӯзи дувуми  Нимсард (Nēm-sarδ), яъне нимсол пас аз оғози соли нави хуршедӣ – Наврӯз, ҷашне доранд бо номи Манядхора (mn‘yd xvāra), ки дар оташкадаҳои худ ҷамъ мешаванд ва хӯроки хосе мехӯранд, ки аз орди арзан, равғани маска ва шакар таҳия мешавад. Бархе Нимсардро панҷ рӯз пештар, яъне аввалин рӯзи Меҳр баргузор мекарданд, то бо тақвими порсиён мутобиқат кунад. 
Аз гузоришҳои кӯтоҳ бар меояд, ки  рӯзи 16 – меҳррӯзи моҳи ҳафтуми тақвими шамсӣ – Меҳр (баробар ба 8-уми октябр) Ҷашни Меҳргони  хурд ё Меҳргони омма ва рӯзи 21 (ромрӯз)-уми моҳи Меҳр (13-уми октябр)  Ҷашни Меҳргони бузург ё Меҳргони хосса барпо мешуд, ки минбаъд ин ду ҷашн ягона шудаанд.   Аз сайри таърихии ойинҳо маълум аст, ки Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои  суннатии фарҳанги ориёиён  аст ва таърихи чандҳазорсола дорад ва дар тули таърих бо дину ойин ва фарҳангҳои мардумони мухталиф даромехта, дар худ розу ҳикмати офариниши гетӣ, гардиши аҷроми осмонӣ ва табиат, фалсафаи некӣ ва ҷовидонагиро нигоҳ доштааст. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ  ба муносибати Ҷашни Меҳргон гуфтанд: “Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад... Аз ин хотир, эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус Ҷашни Меҳргон, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад”. Маҳз ба шарофати Истиқлоли кишвар ва ибтикори Президенти фарҳангсолорамон ин  ойини бостонӣ дубора эҳё шуд ва ҷашни он гувоҳи ворисони аслии фарҳангу тамаддуни қадимӣ будани мо – тоҷикон аст ва арҷ гузоштан ба ин фарҳангу тамаддуни бостонӣ вазифаи ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ  аст.
Турост неъмат, парварданӣ ҳаме парвар,
Турост фармон, фармуданӣ ҳаме фармой.
Муборакат бод, ин ҷашни Меҳргони бузург,
Насиби шодӣ аз ин ҷашни баргузар бирабой!
Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти 
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ


АЗ КАРДА ПУШАЙМОНАМ...
МАН БА МОДАРАМ РАНҶ МЕДОДАМУ Ӯ БА МАН МУҲАББАТ
Дашти бекарон. Анбуҳи одамони сардаргум ҷамъ шудаанду чи кор карданашонро намедонанд ва гӯё интизори муждае бошанд. Дар уфуқ нуре дурахшид ва ба зудӣ он масоҳати фаррохро фаро гирифт. Ҳама, беихтиёр саф кашида ба самти нур мерафтанд. Лаҳзае баъд, ман низ худро миёни онҳо дарёфтам, ки дар даст қуттие доштанд ва ҳамин, ки навбаташон расад, онро ба каси масъул супурдаву дар дурахши нур нопадид мешуданд. Ҳотифе хабарам дод, ки дар маҳшарам. Ҳоло навбати ман омада, ки қуттии ба орият дар даст гирифтаамро ба соҳибаш биспорам. Аммо ман ин ориятро супурдан нахостам....
Чашмамро боз намудам. Рӯшании чароғи болои сарам ба чашмони дер боз накушодаам гаронӣ меовард. Бесаранҷом шудам. Ба канор нигаристаму модарамро дидам, ки сокит нишаста. Аз диданаш дилам ором гирифт. Модарам мижа таҳ накарда, чашм ба ман медӯхт, аз он ки чашм кушодам, аз шодӣ ба қавле дар куртааш намеғунҷид, дар як дам чеҳрааш чун гул шукуфт. Даст сӯи осмон карду Худоро шукр гуфт, ҳамду сано хонд. Дар аввал асрори хурсандии модарамро пай набурдам, то замоне, ки ҳушёртар шудаму худро болои кати шуъбаи эҳё дарёфтам. Ӯ ҳақ дошт хурсандӣ кунаду ба қавле дойра навозад. Модарам худ ва Худо медонад, ки пас аз ҷарроҳии бебарори ман чи қадар ғам хӯрда. Ҳоло, ки фарзандаш дида кушод, дилаш ба зиндагӣ дубора гарм шуд. 
Аз нав рӯи по монданамро самари дуои модар медонам. Инро баъдтар табибон ба ман фаҳмонданд. Яъне, ҳатто, худашон бовар надоштанд, ки ҷисми як шабонарӯз беҷони ман дигарбора зинда мешавад. 
Ин аввалин воқеае нест дар зиндагии ман, ки модарамро ба ташвиш андохта бошад. Ҳанӯз ёдам нарафтааст, ки даврони мактабхонӣ бо ҳамсолонам бозичаҳо дар даст “туфангчабозӣ” мекардем. Рӯзе, ба иборае, бахт ба рӯям нахандид ва маро бачаҳо “парронданд”. “Туҳфа”-и тақдир ба чашмам зад. Инро аз модарам пинҳон доштам, то замоне, ки чашм дигар тавони пӯшондани сирри маро надошт. Варам карду сиёҳ шуд. Аз дидани ин ҳол дар чеҳраи модарам осори дилсӯзӣ намудор шуд, вале ашк намерехт, худро устувор нигоҳ медошт, ҳатто ҷангам мекард, ки дигар чунин бозӣ накунам. Он вақт аламам карда буд, ки чашми ман варам кардаасту боз ӯ, ба ҷойи меҳрубонӣ, ба қавле болои сӯхта намакоб, маро ҷанг мекард. Акнун донистам, ки ӯ бо ин рафтораш маро тарбия кардан мехост. Чун пешаи сангини омӯзгориро бар дӯш дошт, мехост фарзандаш намуна бошаду ба беҳудагӣ вақт нагузаронад. 
Маро дар панҷсолагиам ба мактаб бурдаанд. Ин корро аслан модарам ба ман раво дидааст. Нақл мекунад, ки беҳад шух будаам. Ҳатто, дару девори хона аз мани хурдакак халосӣ надоштаанд. Бо қалам ва ё бур дар тани онҳо расми мехостаамро мекашидам. Барои ин ҳама густохиву бетакаллуфиам ба хулосае меоянд, ки маро ба мактаб баранд. 
Баръакси интизорӣ, мактабхон шудани ман ташвиши модарамро кам накард. Рӯзе набуд, ки ман бо либоси тамиз ба мактаб рафтаву аз онҷо тозаву озода баргашта бошам. Як рӯз бо сумка, рӯзи дигар шим ва ё ҳатман бо куртаи дарида меомадам. Падарам барои ман як қуттӣ ручкаву қалам харида буданд, он ҳам барои як сол. Аммо ин қуттӣ пас аз ҳафтае холӣ гашт. Аз мактаб фақат беручка ба хона меомадам. Илоҷи инро ҳам модари мушфиқам ёфт. Як қуттӣ ручкаи нав хариданд. Вале ручкаро дигар дар сумка не, балки бо ришта баста дар гарданам овезон карданд, то дигар гум нашвад. Ин ҳол то интиҳои синфи якум идома ёфт.  
Модарам роҳнамои беҳамтоянд бароям. Дар айёми наврасӣ ба хотири ба корҳои беҳуда даст назаданам, истеъдоди маро ба инобат гирифта маро ба мактаби бачагонаи рассомӣ бурд. Ман низ аз нозукиҳои ин касб бархӯрдор шудам. 
Бо вуҷуди оне, ки ман Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси фарматсевт хатм намудааму касбам дорусоз аст, вале дар ин соҳа амалан ба кор напардохтаму пешаи омӯзгориро, ки бо шири модар дар рагу пайвандам ҷо гирифтааст, интихоб намудам. Алҳол шукр мекунам, ки омӯзгори Донишгоҳи тиббии Хатлонам. Ман аз ин касб ифтихор дорам, чунки ин аз модарам ба ман мерос монд. Нисбати ин касб эҳтиром мегузорам, зеро дар ин пайроҳа дуои модар ҳамсафари ман аст.      

Қурбонзода ДАВРОН,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТХ

Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив