ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОЙ ДОДАНИ ҲАҚИҚАТ ДАР МАҒЗИ ҶОН

ҶОЙ ДОДАНИ ҲАҚИҚАТ ДАР МАҒЗИ ҶОН

06 феврал 2025, Панҷшанбе
17
0


Ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа карда, барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҷаҳлу худпарастӣ, косташавию заифшавии фарҳанги миллӣ таъкид намуда, ба Ҳукумати мамлакат ва мардуми бошарафи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Дар Паёми навбатӣ яке аз масъалаҳои иҷтимоии ҷомеаи имрӯза дар иртиботи хешовандӣ қарор доштани аъзои оила буд, ки аз забони Пешвои миллат бо як лаҳни ғамхорона садо дод ва дарди дили ҳар як падару модари имрӯза низ ҳаст. Президенти кишвар ҳамчун падари миллат ба мардуми кишвар нисбат ба ин масъала бо нигаронӣ ва таассуф муроҷиат карданд.
Воқеан, дар иртибот қарор доштани хешовандон дар фарҳанги тоҷикон аз рукнҳои асосии пойдории сулҳ ва меҳру муҳаббат мебошад. Рафтуомад кардани хешовандон бо пайвандону наздикон ва дасти сахо дароз намудан ба ҳамсоягон дар фарҳанги хешутабордории тоҷикон нишонаи иззату эҳтиром аст. Ҷомеаи анъанавии тоҷикон иззату эҳтиромро дар мадди аввал мегузоранд, зеро маҳз эҳтиром доштану иззат кардани шахс боиси лутфу каромат ва хулқу атвори наку мегардад. Чунин хусусиятҳои инсондӯстӣ метавонад дар рушди шахсияти инсон ва тафаккури солим доштани ӯ нақш бозад. Маҳз эҳтиром доштану қобилияти эҷодии касро мусбат арзёбӣ кардан боиси ба комёбиҳои ҳамешагӣ муваффақ гаштани ӯ мегардад.  
Агар ба ин масъала аз нигоҳи шариат назар кунем, албатта, амрҳои қатъӣ дар Қуръону ҳадис мушоҳида мешаванд ва агар аз даричаи фарҳанги миллӣ ва зиндагиномаи аҷдодонамон назар намоем, бешак, ба таъкидоте, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ҳамоҳанг мешавем. Ин масъала, агар ба назари бархе аз ашхос чизи одӣ ва маъмулӣ бошад, вале бисёр нигаронкунанда ва, ҳатто ба носолимии ҷомеа бурда мерасонад. Вобаста ба ин, дар ояти якуми сураи Нисо таъкид шудааст: «Ва аз қатъи хешовандӣ битарсед...». Ва дар ҳадисҳои паёмбари ислом (с) низ борҳо таъкид гаштааст, ки «бо хешовандонатон рафтуомад кунед ва ҳаргиз қатъи иртиботи хешовандӣ накунед, ҳатто агар онҳо бо шумо қатъи робита карда бошанд». 
Дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза иртиботи хешовандӣ дар зеҳни насли наврас ва ҷавон ба монанди вақти зиёдатӣ сарф кардан ҳисобида мешавад. 
Ин масъала дар ҷомеаи муосир ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст, зеро ҷои бештаре аз фаъолиятҳои инсонро шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтаанд. Албатта, интернет аз василаи тараққиёфта ва тараққидиҳандаи ҳамагуна фаъолияти инсон ба ҳисоб меравад ва дар аксари ниҳодҳо, ҳатто ба ҷои инсон зеҳни сунъӣ фаъолият карда истодааст. Вале ҷои нигаронӣ аз истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки имрӯзҳо на танҳо барои пеш бурдани фаъолияти корӣ, балки нуқтаи шиносоию дӯстӣ, ба намоишгузорию якдигарбаҳодиҳии ҷавонон гардидааст. Яқин аст, ки дар баробари истифода бурдани технологияи муосир ва шабакаҳои интернетӣ ҳар як фарди солимташаккулёфта имкони вақт ҷудо кардан ва аз ҳоли наздикону пайвандон бохабар шуданро дорад. 
Ҷои таассуф ва нигаронист, ки барои дар иртиботи хешовандӣ қарор надоштан бархеҳо баҳонаҳои гуногун пеш меоранд. Дар чунин сурат аз онҳо чи умеде доштан мумкин аст, чи расад ба аз дари ятиме, фақире, бепарасторе, пиронсоле, камбизоате даромадану дар рушди маънавии онҳо замина гузоштан. Ин ҳама мушкилоту нигарониҳо ва таъкидоти Пешвои муаззами миллат баҳри эҳтироми волидону наздикон, зиёд кардани меҳру муҳаббат ва дар умум афкори гузаштагонро барои ояндагон нигоҳдорӣ кардан аст.
Зиндагӣ собит кардааст, касе, ки аз фарҳангу анъана ва амри волидайн сар мепечад, метавонад ба Ватан, ба ҳамаи оламиён хиёнат биварзад. 
Дарвоқеъ, дар иртиботи хонаводагӣ қарор доштан василаи асосии меҳру муҳаббат, раҳму шафқати инсон мегардад. Ба ин маънӣ суханони Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатии худ ба мардуми шарифи тоҷик бо лаҳни ширини ғамхорона, яъне: «Ҳеҷ гоҳ фарзанди падариро фаромӯш накунед, акаву додариро фаромӯш накунед, апаву хоҳариро фаромӯш накунед, писарон ҳамавақт баъд аз вафоти падару модар аз ҳолу аҳволи апаву хоҳари худ бохабар шавед..., аз сад сӯзандоруи табиб як маротиба ба хонаи апаву хоҳар даромадани бародар беҳтар аст» иброз доштанд, метавон ёдовар шуд, ки дар дилҳо тухми гул кориданро мемонад ва дар ин замина дар зеҳнҳо тафаккури нави миллӣ пайдо шуда, миллатро ба шукуфоӣ мерасонад.

О.ВАЛИЗОДА, Ш.ОДИНАЕВА, кормандони Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи нашр: 06.02.2025 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив