“МАРДЕ, КИ ПАРАНДА ШУДА БУД”

12 феврал 2025, Чоршанбе
20


Бо ин ном чанде пеш китоби нависанда Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) ба табъ расид. Ин ном, албатта, номи ҳикояи “Гунҷишки сафед”-и Сайф Раҳимзоди Афардиро ба хотир меорад, ки он нахустин бор аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) нашр гардида буд. 

Дар ин китоб яке аз навиштаҳои муаллиф, ки жанрашро таъкид надоштааст, бо номи “Парвоз ё марде, ки паранда шуда” ҷой дорад ва номи китоб бо ороиши муқова, фикр мекунам, аз он бархостааст. Навишта чунин оғоз мешавад: “Мард инро дар хобаш дида буд ё муъҷиза шуда дар бедорӣ? Намедонист яқин. Вале мусалламан ҳамин ки муяссараш гашта парвоз кардан. Яъне, паранда шудан.
Фикр кард: чӣ зарурат дорад мурғ гаштану парвоз намудан? Охир одам будан афзалтар. Зеро, одамӣ он чиро бубинаду бифаҳмаду бидонад, ки паранда набинаду надонаду нафаҳмад. Пас мурғ шудан фақат барои парвоз бошад? Ё шояд парвоз кардан лозим барои ҳар инсон” (с. 82)”.
Мақсади муаллиф дар ин чанд ҷумла барои хонанда маълум мегардад. Ба ҳар ҳол хонандаи зирак ба пурсишу тааҷҷуби қаҳрамони навишта таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад: хоб ё муъҷиза? Бешак, медонад, ки муъҷиза ба маънии истилоҳияш, истилоҳи динияш ба кор нарафтааст. Як амалест он, ки худаш ба тааҷҷуб меафтад ва намедонад кадом аст. Чунин тарзи нигориш хонандаро ба худ ҷалб месозад ва мехоҳад асарро то ба охир мутолаа бикунаду ба пурсишҳои қаҳрамони он посух биёбад.
Дар баробари ин, нависанда аз ҷумлаҳои содаву кӯтоҳ, на мураккабу печ дар печ ё худ сертаркиба истифода мекунад, то хонанда дар фаҳмиши асару мақсади нависанда ба душворӣ мувоҷеҳ нашавад. Инчунин, мехоҳад ҷумлаҳои содааш шоирона ва пурмаъно бошанд.
Муаллиф дар оғоз ё худ қисмати “Ба ҷойи пешгуфтор” баҳои чанд тан аз саршиносонро меорад. Ин як навъ муаррифии худу бедор кардану афзудани таваҷҷуҳи қироаткунандагони асарҳояш мебошад.
Аз ҷумла Анатолий Ким навиштааст: “ Нигоштаҳои басо пуробуранг ва неруманд ва ҷаззоби Абдурофеъ Рабиеви тоҷик (Шераки Ориён) таваҷҷуҳамро ба худ кашиданд.
Навиштаҳои ҷаззоби ин қаламкашро хонда, боварие аз дилам бархест, ки Худованд ба инсон беҳуда истеъдод ато накарда ва дар истеъдод чизе, ки зиёд қадр мешавад, ин ҳақиқатро ба асос гирифтан бошад, аз рӯи ин  ҳақиқат амал намудан бошад, ё онро ба тасвир кашида тавонистан бошад. (Аз пешгуфтори китоби “Когда ушел дорбоз”, – М.: Молодая гвардия).
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи ин нависанда ва эҷодаш нигоштааст: Эҷодиёти Шераки Ориён басо самимӣ, пур аз одамгарӣ ва бо сюжаи қавӣ, бо хисолҳои аёну барҷаста ва ибратбахшу хотирмон офарида шудаанд.
Шераки Ориён насри тоҷик ва ҳамчунин, филмномаҳои тоҷикро пур аз меҳру умеду назокату самимият карда тавонист, ки ин ҳама аз ботини покиза ва истеъдоди арзанда ва фардияти шоистаи ин эҷодкор гувоҳӣ медиҳад”.
Дар китоб навиштаҳое бо номи “Ҳандалак ё таъми духтарак”, “Муҳаббат ва ҷавонмардӣ”, “Афсонаҳои маҳтобӣ”, ки муаллиф жанрҳои онҳоро низ зикр накардааст, ҷой дода шудаанд.
Дар охир ё худ қисмати “Ба ҷойи пасгуфтор” хонанда андешаҳову баҳои шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногуни илму матбуоту фарҳангро дар бораи ин муаллиф мутолаа карда метавонад. Аз ҷумла, Сотим Улуғзода, нависандаи зиндаёд, дар мавриди аввалин китоби ин адиб навиштааст: “Ҳикояҳои нахусти Абдурофеъ “Обхез”-ро хонда хулоса намудам: ба адабиёт ҷавони боистеъдод ва хушсалиқа ворид гардидааст ва оянда ба насри мо нафаси тоза ва маъниву фаҳмиши дигар ворид карда метавонад”.
Ҳамин тавр, китоби “Марде, ки паранда шуда буд” туҳфаи хубест ба алоқамандону ҳаводорони ин адиб ва адабиёти муосир.

Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.02.2025 №: 32