ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БЕҲ АЗ САНОЪИ ОЛАМ

БЕҲ АЗ САНОЪИ ОЛАМ

14 апрел 2023, Ҷумъа
144
0


Кӯҳистони Бадахшон. Ин гӯшаи воқеан, зебои Тоҷикистони маҳбубамон дар тули ҳазорсолаҳо дар домони худ шахсиятҳоеро ба воя расондааст, ки дар бунёди давлати тоҷикон, рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар саҳми босазо гузоштаанд. Гадоалӣ Отамбеков аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо мебошад, ки баъди вафот ҳам шиносону ҳамкорон ва хешу ақрабо бо номи ӯ ифтихор доранд. Ӯро дар Вилоят кишоварзи рақами 1 унвон карда буданд. 22 сол зимоми роҳбарии самти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар даст дошт. Давлату Ҳукумат ҳам заҳматҳои ӯро сазовор қадр кардаанд. Аммо, барои ӯ ва шахсиятҳое мисли ӯ  муҳимтар аз ин имкони амалӣ намудани ниятҳои нек ва дар рушди ҷомеа саҳми босазо гузоштан буд. Таҷрибаи дар ин роҳ андӯхтаашон худ мактаби таҷрибаи пешқадамест, ки аз он садҳо шогирдон сабақ омӯхта, ба ҷомеа манфиат овардаанд.

ОТАМБЕКОВИ МАШҲУР
Ёдгор Файзов, собиқ раиси ВМКБ, ки худро боифтихор  аз шогирдони Гадоалӣ Отамбеков меҳисобад, зикр кард, ки  дар бораи бародарон  Отамбековҳо ба ғайр аз тавсиф дигар  чизе гуфтан амри маҳол аст. Аслан, ба мақсади таъриф кардан ҳам не, ба хотири  баёни ҳақиқат агар дар ҳаққашон чизе  мегӯӣ, вай ҳатман таърифӣ мебарояд. Бинед, ки Отамбеков Некқадам  23 сол раиси ноҳияи Ишкошим   ва  додараш Гадоалӣ  беш аз 20 сол мудири бахши кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданду барои пешрафти ин сарзамин азхудгузаштанҳои зиёде нишон додаанд. Замоне ки онҳо дар ин вазифаҳо кор мекарданд, тули солҳои зиёд бар душ доштани чунин вазифаҳои пурмасъул амри маҳол буд. Вале онҳо дар воқеъ ҳам бештар аз 20 сол дар ин вазифаҳо кор карданд. Ман боварии комил дорам, ки сабаби фаъолияти тулонии онҳо ин  заҳмати ҳалол, дилсӯзӣ ба иҷрои вазифа ва ҳисси масъулияти баландашон буд.
Ёд дорам  як рӯз  Гадоалӣ Отамбеков бо як ҳайати бонуфуз ба деҳаамон – Поршиневи ноҳияи Шуғнон омаданд. Ба идораи хоҷагӣ даромаданд, сари заминҳо рафтанд, аз фермаи ширӣ дидан карданд. Сипас, ҳама бо мақсади анҷоми хӯроки нисфирӯзӣ ба хонаамон омаданд, ҷуз Гадоалӣ. Ӯ аз дур деҳқонеро , ки ба парвариши тарбузу харбуза машғул буд, дида, наздаш рафт. Мудири бахши кишоварзии вилоят бо ин деҳқон хеле  суҳбат кард, сипас бригадирро ба наздаш даъват намуду чизе машварат дод. Фақат баъди ин сари дастархон нишаст. Ӯ, ба фикрам, тамоми бригадирҳои Вилоят ва деҳқонони асилро ном ба ном мешинохт. Ҳофизаи фавқулода дошт, тамоми маълумотҳои омории он давраи вилоятро аз ёд медонист. Дар вақти аз вазифаи  мудири бахши кишоварзии Вилоят рафтанаш бисёре аз кишоварзон ғамзада шуданд, вале ӯ рафтани худро бисёр ором қабул карда гуфт: “Акнун вақти он расидааст, ки имконро ба ҷавонон диҳем”. Аз он хеле болидахотир буд, ки  вазифаашро ба шогирдаш – Қозидавлат Қоимдодов месупорад.
Аз  ӯ  тарс  ҳам доштанд, - мегӯяд собиқ муовини Раиси Шурои Олӣ, муовини Сарвазир, сафири Тоҷикистон дар чандин кишварҳо  Қозидавлат Қоимдодов. Ин шахсияти шинохта ҳам аз он ифтихор дорад, ки дар вақташ аз мактаби таҷрибаи Гадоалӣ Отамбеков  гузаштааст:
– Пас аз хатми донишгоҳ маро ба ВМКБ  роҳхат доданд. Солҳои аввал дар колхоз  кор карда, баъд ба кори комсомол гузаштам. Дар маҷлисҳои ҳизбӣ бо ҳам зиёд вомехӯрдем. Ҳамеша дар маҷлисҳои ҳизбӣ ва комиҷроияи Вилоят  ҳарфи муҳиму асосиро дар бахши кишоварзӣ ҳатман Гадоалӣ Отамбеков мегуфт ва касе ба он мухолифат карда наметавонист.  Аз танқиди касе намеҳаросид. Ба назарам, аз  Гадоалӣ Отамбеков ба сифати як мансабдори принсипнок ҳама тарс доштанд. Вале дар баробари ин, Гадоалӣ инсони хубу хайрхоҳ буданд. Ба мо – ҷавонон дар замони худаш кумаку раҳнамоии зиёде карданд. Чандин нафарамон аз баракати кору раҳнамоии он кас баъдан ба мансабҳои баланд ҳам расидем. Дуруст аст, ки талаботи сахт доштанд ва танҳо онҳое ба мактаби роҳбарии ӯ тоқат меоварданд, ки ҳадафашон пешрафти кор буд. Аз ҳамин ҷост, ки вақте пас аз он кас маро мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи кумитаи вилоятии ҳизб таъин карданд,  мушкилиеро  ҳис накардам. 

БАҲСИ АБАРМАРДОН ДАР САРИ ЗАМИН
Дар ҳаққи Отамбековҳо таърифи зиёд шунида будам. Соли 1982 буд. Ман,  омӯзгори мактаби рақами 23-и ноҳияи Шуғнон, дар таътили тобистона  дар лагери меҳнатӣ-истироҳатии мактаббачагон масъул будам. Лагер он сол дар мавзеи Седаки деҳаи Барсем, ки дар кӯҳдомани болои деҳа ҷой гирифта буд, алаф дарав мекард. Як рӯз дидем, ки ба тарафи мо мошинаи УАЗ – 469 меомад. Ин ғайриинтизор буд, зеро ба ин мавзеъ ба ғайр аз мошинҳои боркаши совхоз дигар  мошине  намеомад. Аз мошин чанд нафар фаромада, ба назди мо, даравгарон омаданд. Директори совхоз Шофақир Ҷумъаев, ки  меҳмононро ҳамроҳӣ мекард, онҳоро муаррифӣ намуда, ба марди кушодарӯй ишора карда гуфт: “Ин касро, албатта, ҳама мешиносед, мудири шуъбаи кумитаи вилоятии ҲК Тоҷикистон Гадоалӣ Отамбеков.  Байни мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзии Вилоят чун кишоварзи рақами 1 шинохта шудааст. Муаллимро на ҳама бо фаъолияти кориашон қонеъ гардонда метавонанд, вале кори шумо ба муаллим маъқул шуд. Офарин!”
Меҳмонон бо ҳидояти директори совхоз ба тарафи хонаи  деҳқони асил  – Ибодатшо роҳ гирифтанд. Вале Отамбеков  директори совхозро ба баҳс кашид. Мо бо хонандагон дарзаҳои охирини алафро баста, натиҷаи корамонро ҷамъбаст кардем. Ин дам Шоҳфақир Ҷумъаев «суҳбатамонро сари дастархон давом медиҳем», – гуфта, бо ишораи он кас мо  ҳам равон шудем. Баъд фаҳмидем, ки муҳтавои баҳси ин ду абармарди соҳаи кишоварзӣ сари роҳҳои ташкили хоҷагиҳои иҷоравӣ ва пудратӣ дар заминаи барҳам додани совхозҳо, ки ҳамаашон рӯ ба муфлисӣ ниҳода буданд, будааст. Се-чор сол пас аввалин таҷрибаи хоҷагиҳои пудратӣ дар базаи совхози «Ватан» таҳти роҳбарии Шоҳфақир Ҷумъаев ҷорӣ гардид. Гадоалӣ Отамбеков, ки ҷонишини раиси Агропроми вилоят таъин шуда буд, зуд-зуд аз ин хоҷагиҳо дидан намуда, аз пешрафти кори соҳа изҳори қаноатмандӣ мекард.  
Баъдҳо бо ин марди шариф дар ҷамъомадҳои гуногун вохӯрда, аз суҳбатҳои устодонааш баҳраҳо бурдаам. Вақте дар шуъбаи хоҷагии қишлоқи рӯзномаи «Бадахшони советӣ» кор мекардам, аз он кас тавсияҳои зиёди судманд мегирифтам. 

Муаррифинома:
Гадоалӣ Отамбеков соли 1931 дар деҳаи Рини Бадахшон ба дунё омадааст. Соли 1941 дар мактаби миёнаи нопурраи русӣ таҳсил карда, соли 1947 мактаби ба номи Кирови шаҳри Хоруғро ба итмом расонд. Солҳои 1950–1955 донишҷӯи бахши агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Пас аз хатми Донишгоҳ, як муддат ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуд. Соли 1957 ӯро мудири пункти такягоҳии базаи дар Помирбудаи Академияи илмҳо дар ноҳияи Ишкошим таъин намуданд. Аз соли 1963  то 1983  мудирии шуъбаи хоҷагии қишлоқи  кумитаи вилоятии ҲК Тоҷикистонро ба зимма дошт. Пас аз он, то соли 1986 ҳамчун нозири калони инспексияи давлатӣ оид ба харид ва сифати маҳсулоти хоҷагии деҳот дар Вилоят фаъолият намудааст. Тайи солҳои 1986–2000-ум  ҷонишини раиси Агропроми ВМКБ буд. Бо ордени “Нишони фахрӣ”, медали “Барои меҳнати шоён”, нишони “Меҳнати шуҷоатнок” ва ифтихорномаҳо қадр шудааст.
Соли 2021, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз 90-солагӣ Гадоалӣ Отамбеков аз олам даргузашт, вале мактаби таҷрибаи ӯ бо шогирдонаш ному кори ӯро зинда медоранд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.04.2023 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив