НАВРӮЗ ДАР АДАБИЁТИ АРАБ
Мақолаи фарогиру пурмуҳтавои олими араб Раҳмон Халифа Башшор «Наврӯз дар фарҳанги Араб» ба таърих, таҳаввул ва вижагиҳои хоссаи Наврӯз бахшида шуда, аз чанд нигоҳ собит менамояд, ки ҷашни мазкур ба фарҳанги арабҳо таъсири амиқу шоистае доштааст. Тарҷумаи мақола аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ ба қалами доктори илмҳои филология, арабшиноси варзидаи тоҷик Тоҷиддин Мардонӣ тааллуқ дорад.
Раҳмон Халифа нахуст ба таърихи зуҳури ислом дар Аҷам (Хуросони куҳан – Б.Б.) ва равобити гуногунҷабҳаи аҷамиёну арабҳо аҳамият дода, менависад: «Барои мо рӯшан аст, ки форсҳо дар ҳамон замонҳои қадим ба фарҳангу забон ва одобу русуми арабҳо таъсир гузошта буданд, вале худ низ таъсири муайяни арабҳоро пазируфтанд. Яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин падидаи таъсиргузорӣ ва таъсирпазирӣ гузариши Иди Наврӯз аз фарҳанги мардумони эронӣ ба фарҳанги халқҳои араб мебошад. Ин таъсир то ба андозае буд, ки пас аз зуҳури давлати Аббосиён Иди Наврӯзро ҳатто амирон ва подшоҳони араб низ ҷашн мегирифтанд».
Муаллиф гуфтаҳои худро дар асоси сарчашмаҳои муътамад қувват мебахшад ва аз «Ал-Хитат ал-Мақризия» (Қоҳира, 1998) ном асари ҷуғрофиядони маъруфи араб Ал-Мақризӣ ин иқтибосро меорад: «Ибни Аббосро дар бораи Наврӯз пурсиданд, ки чаро онро ид гирифтаанд, гуфт: «Дар ҳақиқат, он аввали Соли нав ва поёни соли гузашта мебошад».
Далели ҷолиби дигаре, ки муаллиф меорад, моро бо ҷанбаи таърихии масъала хуб ошно мекунад. Тибқи он, дар замони халифаҳои аввалини аббосӣ, хусусан халифа Ал-Мутаваккил (ҳукмронӣ 847-861), ҷашн гирифтани Иди Наврӯзро боисрор талаб ва худ риоя мекард. Аз ҷумла, соли 856 бо амр ва дастури ӯ рӯзи Иди Наврӯз, оғози ҷамъоварии хироҷ эълон гардид.
Дар мақола зикр мешавад, ки Наврӯз ва вижагиҳои он дар осори бузургони илму адаби араб, аз ҷумла Ан-Нувайрӣ, Ал-Ҷоҳиз, Ал-Қалқашандӣ, Ал-Масъудӣ, Ал-Саолабӣ, Ал-Мақризӣ, Таҳа Нада, Аҳмад Муҳаммад ал-Хуфӣ, Ҷурҷӣ Зайдон, Ал-Холисӣ, Ҳасан Иброҳим Ҳасан, Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол, борҳо ёд шудааст. Дар ин росто, ёдовар мешавад, ки шоирони бузурги қадим ва муосири араб ҳам ба монанди Ал-Бухтурӣ, Абунувос, Ар-Ровандӣ, Ат-Туғроӣ, Ибн ар-Румӣ, Ибн ал-Муътаз, Ибн ат-Таовизӣ, Аббос Маҳмуд ал-Аққод ва Муҳаммад ал-Асмар ба Наврӯз қасидаҳо бахшидаанд.
Бавижа, вожаи куҳани тоҷикии «наврӯз» дар забони арабӣ ҳазм шуда, шаклҳои навишт ва ҷамъбандии арабии он низ то имрӯз роиҷ аст. Ба арабӣ рӯзи навро «ал-явм, ал-ҷадид» гӯянд ҳам, аммо бино ба маълумоти Ал-Мақризӣ, арабҳо аз калимаи “наврӯз” феъли нави «найраза» сохтаанд. Қобили зикр аст, ки ин маълумотро Ал-Берунӣ (973-1048) низ тасдиқ намудааст.
Мутафаккири дигари араб Абулало-ал-Маарӣ маънои решавии калимаи «наврӯз»-ро дар асараш «Абас-ал-валид» шарҳ дода, менависад, ки «Ан-Найрӯз» вожаи форсии арабишуда буда, аз замони Аббосиён мавриди истифода қарор гирифтааст. Устоди Донишгоҳи Ҳалаб доктор Муҳаммад ат-Тунҷӣ боз ҳам рӯшантар шарҳ дода, менависад: «Наврӯз иди баҳор ва аввали соли шамсии форсҳо аст, ки, одатан, 21-уми март оғоз меёбад. Аслан, бо ҳарфи «вов» талаффуз мешавад, лекин арабҳо онро ба тарзи худ гардонда, ба «Ан-Найрӯз» табдил додаанд. Ҳамчунин, аз он феъли «найраза» ва шакли ҷамъи «навориз» сохтаанд».
Наврӯз дар ашъори шоирону нависандагони араб ба ҳар навъ дучор меояд. Масалан, шоир Ибн ар-Румӣ аз «наврӯз» исми фоили «ал-мунвариз» сохтааст.
Боз яке аз шоирони маъруфи араб Абунувос дар ҷое Меҳргону Наврӯзро бад-ин шакл истифода мебарад:
Биҳаққил Меҳриҷону Нукруз
Ва фаррухрузу ибсол-ал-кабисӣ.
Абунувос дар ҷои дигар мақому мартабаи Наврӯзу Меҳргонро бо идҳои Фитр ва Қурбон ҳамвазн дониста менигорад:
Ҷавонон ду рӯзи ид доранд, ки он ҳам
Иди Фитр ва иди Қурбон
Ва ҳар ду ҳам ҳастанд мисли
Наврӯзу Меҳргон.
Намунаи охирин ва зебо аз шоир Абутамом ат-Тоӣ аст, ки гуфта:
Субҳ аз даргоҳи худ шабро биронд,
Ва қабул дошт ҳар чиро, ки аз Шарқ омад.
Рӯзҳои Наврӯз низ ба мардум шифо
меорад
Ва онҳо гӯё дар ҳаёт аз нав таваллуд
мешаванд.
Ин чанд далел собит менамояд, ки иду ҷашнҳои миллии мо дар тарғибу тарвиҷи забонамон низ саҳмгузор будаанд.
Раҳмон Халифа Башшор панҷ навъи ҷашнгирии Наврӯзи Аҷамро дар сарчашмаҳои арабӣ ёдрас мекунад, ки ҷолиб аст. Аз ҷумла, «Наврӯзи омма», «Наврӯзи хосса», «Наврӯзи султонӣ», «Наврӯзи деҳқонон» ва «Наврӯзи хоразмшоҳӣ».
Мавсуф гардиши Наврӯзро дар насри арабӣ мавриди таҳлил қарор дода, мисолҳо меорад, ки барҷастааш ба қалами адиб Ал-Карачӣ тааллуқ дорад: «Ин рӯз рӯзест, ки аҷамиён онро баланду пуршукӯҳ мешуморанд ва арабҳо худ он рӯз мисли аҷамиён рафтор мекунанд, ба сабаби он ки, онро шариф медонанд ва фазилати онро эътироф мекунанд».
Аз он ки арабҳо Наврӯзро пазируфтаанд, адибонаш наврӯзияҳо суруда, адабиёти наврӯзиро ба вуҷуд овардаанд, метавон фоли нек гирифт, ки арабҳо ба ҷашни ниёгони мо эҳтирому ихлоси хосса қоил будаанд.
Мақолаи Раҳмон Халифа Башшор бори дигар муҳри тасдиқ мезанад, ки Наврӯзи дилафрӯз аз қадим ҷашни муттаҳидкунандаи миллатҳо будааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”