ЗИНДАЮ ҶОВИД МОНД, ҲАР КӢ НАКУНОМ ЗИСТ…

08 май 2025, Панҷшанбе
111

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар таърихи башарият фоҷиаи мудҳиштарин ва хонумонсӯз унвон гирифтааст, ки далелҳои зиёд, аз қабили қурбонии гӯшношуниди одамони бегуноҳ ва харобиҳои бар асари он боқимонда гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар он давра аз шаҳри Ҳисор баҳри ҳимояи Ватан 10 ҳазор нафар сафарбар гардида, 4131 нафар барнагашт.
Онҳое, ки бо ғалаба омаданд, ба корҳои барқарор намудани хоҷагию корхонаю коргоҳҳо, рушди Ватан, тарбияи насли наврас машғул шуданд.
Бино ба иттилои Саидмурод Абдуллоев, муовини раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Ҳисор, айни ҳол аз ин шумораи абармардони шуҷоъ 2 нафар дар қайди ҳаётанд. Инҳо Рашид Каримов, сокини деҳаи Шоҳамбарии деҳоти Алмосӣ (113-сола) ва Раҷаб Исмонов, сокини деҳаи Ҳаёти Нави деҳоти Ҳисор (100-сола) мебошанд. Онҳо ҳамеша зери назорат ва ғамхории Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ҳамзамон, беморхонаи марказӣ, маркази КАТС ва Шурои собиқадорон қарор доранд. Дар ҳамаи чорабиниҳое, ки баргузор мегарданд, аз хизматҳои шоёни онҳо ёд оварда, шахсони масъул пайваста аз шароити ҳифзи иҷтимоии онҳо хабардор мешаванд.
Бо мақсади абадӣ гардондани хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, заҳматкашони ақибгоҳ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 14 кӯча ва 3 маҳалла ба номи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, 4 кӯча дар шаҳраки Ҳисор ва 1 маҳалла дар деҳоти Мирзо Ризо 2 кӯча ва 1 маҳалла дар шаҳраки Ҳисор ба номи сарбозони башардӯст, 17 кӯча ва 10 маҳалла дар ҳудуди шаҳраку деҳот ба номи заҳматкашони ақибгоҳ ва собиқадорони ҷангу меҳнат гузошта шудаанд.
Инчунин, дар шаҳр 6 муассисаи таълимӣ, 10 хоҷагии коллективӣ ва деҳқонӣ ба номи иштирокчиёни ҶБВ, 5 муассисаи таълимӣ ва 1 хоҷагии деҳқонӣ ба номи заҳматкашони ақибгоҳ ва сарбозони башардӯст ва 16 муассисаи таълимӣ ба номи собиқадорони меҳнат номгузорӣ шудаанд.
Ҷанг ва хотираҳои талхи он аз ёди мардуми ҷабрдида, бахусус аз дилу ёди иштирокчиёни он, то ҳанӯз нарафтааст. Корнамоии ҷанговарон то абад ҷовидона хоҳад монд. Қобили зикр аст, ки агар мардон дар майдони ҷанг шуҷоату қаҳрамонӣ нишон дода бошанд, занон ва пирону наврасон дар ақибгоҳ қувваи асосӣ буданд. Иштирокчиёни ҶБВ ҷони худро дареғ надошта, баҳри ҳифзи Ватан, ободию шукуфоии диёр, пешрафту тараққиёти кишвар талошҳои чашмрас кардаанд. Бешубҳа, заҳмату ҷонбозиҳои онҳо ба тамоми ҷоизаву унвонҳо арзанда аст.
Насли ҷавон, ки тақдири имрӯзу фардои Ватани маҳбуби мо ба онҳо вобастагии зиёд дорад, бояд аз корнамоиҳои падару бобоёнашон огоҳ бошанд, ба қадри заҳмату ҷоннисориҳои онҳо бирасанд ва моҳияти ин Ғалабаи оламшумулро дарк намоянд, саҳми худро дар гул-гулшукуфии кишвар ва ҳимояи он бо қалбу нияти пок гузоранд, зеро асари талхи таърихи ҶБВ, инчунин ҷанги таҳмилии шаҳрвандии мамлакат, бори дигар собит менамоянд, ки бузургтарин ва бебаҳотарин неъмати рӯи дунё сулҳ мебошад. Сулҳе, ки ба пойдории он кӯдакон бо шодию нишот, модарон бо хотири ҷамъу болида, ҷавонон бо табъи хуш, дар маҷмуъ, пиру барно зери партавфишонии он осуда умр ба сар мебаранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.05.2025 №: 91