АЗ ШИНОХТИ АСОЛАТ ТО ИСЛОҲОТХОҲӢ

04 июн 2025, Чоршанбе
26
Тавре муҳаққиқи зиндаёд Соҳиб Табаров дар рисолааш бо номи “Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим” таъкид доштааст, агар Мунзим ҳеҷ кору хидмате дигар намекард, кофӣ буд, ки бо китобати “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш номашро дар саҳифаи таърихи миллат барои абад бинависад. Воқеан, ки имрӯз ин асари аллома дастраси хонандагон гардидааст, туфайли заҳмати ин мирзо ё хаттоти даври худ аст. Китобати асари мазкур дар хонаи Садри Зиё дар пай хавфу хатарҳои зиёд дошт, аз ин рӯ, он ниҳонӣ сурат мегирифт. Хидмати устод Садриддин Айниро низ дар ин маврид бояд махсус зикр кард. Китобати мазкур андешаи ислоҳотхоҳиро дар ниҳоди устод Айнӣ ва Мунзим ба вуҷуд овард. Он водор сохт, ки дар андешаи ин афрод таҳаввулоти ҷиддӣ рух бидиҳад.
Мавқеъ ва манзалати илмро аллома баён дошта, менависад: “Ва мумкин аст, ки ба саъю касб ҳукумату аморат таҳсил шавад, то ба усули молу манол чӣ расад”.
Пеш аз ин манфиати кӯшишу ранҷу машаққатро дар мавриди ғино ёфтан зикр мекунад, инчунин, он афродеро, ки то ба кӯшишу ранҷу машаққат тоб намеоранд, менависад, ки ба фақр гирифтор мешаванд. Ҷойи таассуф барои муаллифи асар он аст, ки фақрро мепазиранд ва онро мояи шараф низ медонанд, ҳол он ки ихтиёри фақр барои ғанӣ ба ҳиммати баланди ӯ иртибот мегирад. Аммо агар фақир ғиноро хостор шавад, бар ӯ зарур аст, ки заҳмату газандро таҳаммул намояд.
Ба андешаи аллома, агарчи хилъати ғанӣ ва фақир аз маҳкамаи қазову қадар мебошад, аммо “ҷузви ихтиёр ба дасти тасарруф ва тамаллуқи ғанӣ ва фақир додаанд”. Яъне, набояд, ки инсон ҳама: фақру ғиноро аз қазову қадар донад.
Аҳмади Дониш барои тақвияти андешаҳояш аз шеърҳои адибони классик ва маъруф истифода мекунад. Дар ин миён метавон номҳои Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедилро ёдовар шуд.
Аз ҷумла, Фирдавсӣ аз забони Бузургмеҳр ба пурсиши Кисро дар хусуси шигифтии ӯ чунин посухи омӯзандаро гуфтааст.
Бипурсиду гуфто: чӣ дидӣ шигифт,
К-аз он бартар андоза натвон гирифт?
Чунин гуфт бо шоҳ Бузурҷмеҳр,
Ки “яксар шигифт аст гардонсипеҳр.
Яке мард бинӣ ту бо дастгоҳ,
Расида кулоҳаш ба абри сиёҳ.
Ки ӯ дасти чапро надонад зи рост,
Ба бахшиш фузунӣ надонад зи кост.
Як аз гардиши осмони баланд
Ситора бигӯяд, ки чун асту чанд?
Фалак раҳнамунаш ба сахтӣ бувад,
Ҳама баҳри ӯ шӯрбахтӣ бувад”.
Ин низ, истисно нест, ки “рӯзгор дар тарбияти нокасон ва бардоштани хасон мустаид аст...”, – менависад аллома ва бо тааҷҷубу норизоӣ изҳор медорад: “Ва сабаб чӣ будааст”.
Ҳарчанд ки пештар аз баёни ин андеша байти мазкури Ҳофизро чун далел иқтибос мекунад:
Фалак ба мардуми нодон диҳад
зимоми мурод,
Ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин
гуноҳат бас.
Оқилон дар рӯзгори Аҳмади Дониш ва пештар низ ба нудрат, бисёр кам ба ҷоҳ расидаанд, аммо “лаззату ҳаловат надида, масдари ҳазор инқилобу офат” гардидаанд.
Андешаи хираду бехирадии инсонҳои рӯзгораш алломаро сахт ба ташвиш овардааст. Ӯ изҳор медорад, ки оқилон дар ҳар ҷое, ки бошанд, “соҳиби худро монеъ аз иқдом ба корҳои хатарнок ва ба сабру сукун ва қаноат даъват кунад”.
Дар ин зимн, аллома як ислоҳоти ҷиддиро дар аморати Бухоро ва дигар кишварҳои исломӣ, ки дар ҳоли қафомондагӣ қарор доштанд, хостор буд. Василаи ислоҳоти мазкурро дар маърифатнокии мардум, бедории миллӣ медид. Аз ин рӯ аст, ки он давраро чун давраи аввали маорифпарварӣ пазируфтаанд. Давраи дувуми он аз аввали асри XX оғоз меёбад, ки ба он ҷадидия ё худ давраи дувуми маорифпарварӣ номгузорӣ шудааст. Таъсири Аҳмади Дониш бо “Наводир-ул-вақоеъ” зиёд аст. Намояндагони ин давра устод Айнӣ, Мунзим, Фитрат, Ҳамдӣ ва дигарон ба адабиёт таҳаввулоти ҷиддӣ ворид карданд ва мактабҳои ҷадидиро таъсис доданд. Дар оғоз намояндагони давраи дувум бо ислоҳоти куллӣ қонеъ буданд, аммо баъдҳо дарёфтанд, ки то аморати Бухоро, ки манғитиён сарварашон буданд, аз миён наравад, ба мақсаде, ки доранд, нахоҳанд расид.
Пас аз Инқилоби Октябр нахустин бор порчаҳои осори Аҳмади Донишро устод Садриддин Айнӣ дастраси хонандагон гардонд.
Аз солҳои 50-уми асри XX аллома Аҳмади Дониш бештару беҳтар муаррифӣ шуд.
Нахустин маҷмуаи асарҳои аллома соли 1957 бо номи "Порчаҳо" аз "Наводир-ул-вақоеъ" ба табъ расид.
Омӯзиши васеъву густардаи осори аллома, махсусан, дар замони истиқлоли давлатӣ бисёр муҳим аст. Инчунин, нашри тамоми осори ӯ ба тариқи академӣ ва бо таҳқиқоти арзандаву муҳим дар бедории миллӣ, шинохти асолати хешу ҳақиқати таърих мусоидат мекунад.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 04.06.2025 №: 111