ИБТИКОРИ ТОЗА ДАР АЙНИШИНОСӢ
(Дар ҳошияи рисолаи «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ», Саймумин Ятимов, «Ҷумҳурият», 21 майи соли 2025, №101 (25216)
Устод Садриддин Айнӣ дар канори ин ки бунёди адабиёти давраи нави тоҷикро замина гузошт, бо усулҳои равишманд ва аз зовияҳои мухталиф дар таҳқиқи муаммоҳои таърихи халқи тоҷик, аз ҷумла таърихи забон ва адабиёти миллӣ, тадвини фарҳанги тафсирӣ, баррасии ғояҳои пешқадам дар тарҳандозии низоми нави мактаб ва таҳсилот, таълифи китобҳои дарсӣ бо шеваи нав ва амсоли ин иқдом намуд, ки ҳамагӣ вусъати корномаҳояшро бозгӯӣ мекунанд. Таълифи чандин асари бадеӣ, мақолоти муҳташаму рисолаҳои арзишманд, фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, иншои садҳо нома ба унвони адибону донишварон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ба хотири пешрафти равандҳои ҷомеаи худ паҳнои биниш, андеша ва ҷаҳоншиносии фавқулодаи як тан зиёии равшанфикр ва адиби маорифпарвари тоҷикро шарҳу тафсир мекунанд, ки бегумон дар сароғози як марҳалаи дигаргунсозиҳои маънавии таърихӣ қарор гирифтааст.
Бо вуҷуди он ки мероси бозмонда аз устод Айнӣ дар сатҳи матлуб дар Тоҷикистон ва берун аз он мавриди пажӯҳиш қарор гирифтаанд, вале паҳлуҳои зиёди ҷаҳони фикрӣ ва маънавӣ, самараҳои руҳи созанда ва афкори пешқадам, бавежа назариёти иҷтимоӣ ва ҷомеашиносии ӯ ҳанӯз ниёзи афзун ба шинохт ва таҳқиқ доранд. Аз ин нигоҳ, рисолаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимов “Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ” аз зовияи дигар дар шинохти шахсият, андеша ва ҷаҳоншиносии бунёдгузори адабиёти навини тоҷик роҳ мекушояд, ки то кунун аз манзари аҳли таҳқиқ камтар ба он таваҷҷуҳ шудааст. Ба таъбири худи нигорандаи ин мақола, он бар пояи “зарурати иҷтимоии айнишиносӣ” ба қалам омадааст, ки дар заминаи он ҳадафҳои муҳими бунёдӣ қарор гирифта, яке аз онҳо “тавассути хотиррасон кардани заҳматҳои эҷодии ин нобиғаи илм ва каломи бадеӣ, кӯшиши наздик кардани адибон ва адабиёти муосир ба дарки ҳолати буҳронии руҳиву равонӣ ва воқеияти вазъи маънавии қисме аз аъзои ҷомеаи имрӯза мебошад”.
Дар навбати аввал, ҳамин шеваи шинохт имконият додааст, то муаллиф устод Айниро ҳамчун шахсияти нобиға ва соҳиби қудрати фавқулодаи фикриву маънавӣ муаррифӣ намояд, ки воқеан дар қаламрави афкор ва андешаи инсонӣ дар роҳи тайкардаи хеш назир надорад. Муаллиф дар ин росто ҷойгоҳи устод Айниро дар баробари бузургтарин адибони ҷаҳонӣ муқаррар намуда, ҳатто дар бархе маврид аз назари такмили ҷаҳоншиносӣ ва андешаву афкор фаротар аз онон мегузорад ва бамаврид таъкид мекунад: “Бартарии Садриддин Айнӣ дар кори эҷодӣ, дар замири як шахс тавъам омадани хотироти таърихӣ, истеъдоди камназири нависандагӣ бо донишманди бузурги илмҳои таърих, мардумшиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва руҳшиносист. Баркамолӣ ва безаволии асарҳои бадеии ӯро низ сабаб ҳамин аст. Ин хосиятро дар ҳар шакл нависандагони машҳури олам, аз ҷумла, Уилям Шекспир (1564 -1616), Иоганн Волфганг Гёте (1749 – 1832), Оноре де Балзак (1799 – 1850), Лев Толстой (1828 -1910), Робиндранат Такур (1861 — 1941) нишон дода буданд”.
Ҷасорати устод Айнӣ, аз худгузаштанҳои ӯ дар роҳи исботи таърихии халқи тоҷик ва эҳёи арзишҳои миллӣ, мубориз будан ва руҳияи инқилобӣ доштан дар шумори он фазилатҳое муаррифӣ шудаанд, ки ба ин нобиғаи миллати тоҷик нисбат ба дигарон афзалият бахшидаанд. Дар баробари донишу андеша, афкори созандаву андешаи пешқадам, ҳунари эҷод, ки бештари нависандагони ҷаҳонӣ соҳиби ин аносири инсонсоз ва муаррифгари як адиби пуртавон ҳастанд, ин чанд фазилати дигари баршумурда танҳо хоси афроде худсӯзу ҷомеасоз мисли устод Айнӣ ҳастанд. Азхудгузаштагӣ барои таъмини бақо ва ҳастии миллат, роҳкушоии назариву фикрӣ ҷиҳати бунёди давлати миллӣ, ҷонбозиву талош ва зуҳури пайкорҳои созанда тавассути эҷоди осоре арзишманд, ки ҳамагӣ чунин ғояҳо дар онҳо муҷассам гардидаанд, танҳо марбути устод Айнист ва ҳамин корномаҳо ӯро чун “нобиғаи бани башар” муаррифӣ кардаанд. Ба таъкиди қобили таваҷҷуҳи муаллифи рисола “Агар Айнӣ Аҳмад – махдуми Донишро “доҳии модарзод” номида бошад, худи ӯ низ аз ҷумлаи нобиғагони бани башар буд, ки қобилияти ирсӣ, табиӣ ва фавқулодаи дарки воқеияти ҳастиро дошт. Бидуни инқилоб ҳам, то дами марг рисолати худро мисли Гомер, Шекспир, Гёте, Байрон, Мартин Лютер ва дигар қаҳрамонони миллатсоз иҷро мекард. Як шахсияти одӣ набуд”. Ин усули равишманди маърифати ҷаҳони фикрии устод Айнӣ имкон додааст, ки муаллифи рисолаи пуразиш ин нобиғаи беназири миллатро ҳамчун “сарчашмаи маънавии таъсис ва таҳкими сохти давлатдорӣ” ба хонандаи имрӯз бишносонад. Ин шеваи шинохт барҳак, комилан нав, бо равише дигаргуна ва омӯзанда аст.
Заминаҳои аслии ҷаҳони андешаи устод Айнӣ дар асоси баҳрамандӣ аз осори бузургтарин адибони қаламрави адабиёти гузаштаи мо, сар карда аз устод Рӯдакӣ то Мирзо Абдулқодири Бедил шакл гирифтанд. Афзун бар ин, худи ӯ аз файзи афкор ва андешаҳои ин бузургмардони адабиёти гузашта муваффақ шуд, ки афкор ва андешаҳои созанда, назарияҳои пешқадами давлатсозиву давлатдорӣ, шарафи ҳувияти миллӣ ва дар ниҳоят тавфиқ дар роҳи эъмори давлати миллиро дар сурати китобу рисолаҳо, мақолоти арзишманд манзур намояд. Талошу пайкор ва иқдомоти устод Айнӣ бо иншои “Намунаи адабиёти тоҷик” танҳо бозгӯии таърихи адабиёти тоҷик ба шумор намерафт, балки ибтикор дар роҳи исботи ҳастии таърихии тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсоз ва офаринанди арзишҳои олии инсонӣ буд, ки ин амр аз муҳимтарин аркони бунёди давлати миллӣ низ маҳсуб меёбад.
Шарҳи муҳтаво ва дарунмояи асарҳои бадеии устод Айнӣ, ки саршор аз ғояҳои мубориза дар муқобили истибдод, ақибмондагии иҷтимоӣ ва мафкураи дар таъсири хурофот қароргирифтаи ҷомеаи асримиёнагӣ мебошанд, боис бар он шуда, ки дониш, хираду заковат, афкори созанда ва дидгоҳҳои муҳими ҷомеашиносии устод Айнӣ дар заминаи таълифоти бадеии ӯ низ муқаррар ва мушаххас гарданд. Аз шеваи равишманди таҳқиқи муаллифи рисола бармеояд, ки устод Айнӣ назариёти судманди иҷтимоӣ, афкори ватандӯстона ва ақидаҳои муҳками хешро дар самти зарурати бунёди давлати миллӣ на танҳо дар осории илмие чун “Таърихи инқилоби Бухоро”,“Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, таълифоте андар шинохти чеҳраҳои барозанда, монанди Муқаннаъ ва Темурмалик баён созад, балки дар симои бадеии роману повесту ҳикояҳояш бозтоб бахшад, ки таҳлили қиёсии образҳои Ятим, Одина, Ёдгор ва дигарон шореҳи ҳақиқати ин амранд. То ба пирӯзии инқилоб расидани бархе аз ин қаҳрамонони устод Айнӣ дар асарҳои вай танҳо нишони ғалабаи инқилоби сиёсӣ нест, балки нуфузи ғояҳои арзишманд ва ба амал пайванд ёфтани инқилоби маънавии хостори худи устод ҳам мебошад.
Тасвири таҷлили Наврӯзи Ширбадан дар китоби “Ёддоштҳо” танҳо бозгӯӣ ва шарҳи баргузории як чорабинии идона дар Бухоро нест, балки тафсири шукӯҳи як ҷашни бузурги миллии мост ва устод Айнӣ бо иншои донишмандонаи он дар таркиби як асари бадеии хеш ин ғояро ҳам талқин мекунад, ки бояд маҷмуи ин падидаҳои нодири миллӣ эҳё ва дар мақоми таърихии хеш ҳамчун унсури муаррифгари миллат барқарору устувор гарданд. Афзун ба ин, “Ёддоштҳо” саршор аз ғояҳои тарғиби ҳунармандӣ, шинохти ҳунарҳои миллии тоҷикист, ки он ҳам рукне аз худшиносӣ, омили заминасози инқилоби маънавӣ, тарғибгари зарурати ҳифозати ин падидаҳои фарҳанги миллист.
Бахши муҳими ин ормонҳои устод Айнӣ дар замони истиқлоли миллӣ маҳз ба кӯшиши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуданд. Ҳамон инқилоби маънавие, ки устод Айнӣ назария ва тарҳи онро дар осори хеш манзур карданд, дар корномаҳои фардосоз ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат татбиқ ёфтанд. Наврӯзу Тиргону Садаву Меҳргон на танҳо эҳё гардиданд, балки ҷаҳонӣ ҳам шуданд, ҳазорон навъ ҳунарҳои миллӣ низ эҳё шуда, садҳо ҷилд осори ҷовидонаи ниёгони мо ба чоп расидаву “халоиқ мавлавихону ҳофизхон” шуданд. “Тоҷикон” ба тамоми хонаводаҳои мардуми Тоҷикистон тақдим гардид ва акнун навбати “Шоҳнома” аст.
Албатта, мутолааи ин рисола ангезаҳои зиёдеро бар аҳли мутолаа меафзояд, то дар заминаи онҳо бештар ба пайкор ва афкори устод Айнӣ биандешему дар эҷоду иншову андешаронӣ аз онҳо сабақ омӯзем. Аз зовияву равишҳои дигар бар таҳқиқи назариёти ҷомеашиносии устод Айнӣ қадам бардорем.
Нуралӣ НУРЗОД, директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои
ҷомеашиносии МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров", доктори илмҳои филология
Санаи нашр: 10.07.2025 №: 134
