ШОМИ ШАНБЕ

11 июл 2025, Ҷумъа
34



ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ДАРЁ»
Дар ин филворд номи дарёҳои кишварҳои гуногуни олам ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛОҲ
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ФУТБОЛ»:
1. Пеле 2. Марадона
3. Зайдон 4. Кройф
5. Роналдинйо 6. Яшин 7. Роналдо 8. Салоҳ
9. Гарринча 10. Месси
11. Инйеста 12. Ривалдо 13. Беланов 14. Блохин 15. Ҳакимӣ 16. Неймар 17. Мбаппе 18. Аленичев 19. Суарес 20. Бэкҳэм
21. Левандовский 22. Буффон 23. Дембеле
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:
238-53-82
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР


ДАР 300 СОЛ ЯК ТАЛОҚ
Дар яке аз деҳаҳои Руминия ҳуҷрае бо номи «Талоқ–оштӣ» вуҷуд доштааст. Ҳамсароне, ки мехостаанд аз ҳамдигар ҷудо шаванд, тайи ду ҳафта дар он ҳуҷра, ки танҳо як курсӣ, як қошуқ ва як коса дошт, нигаҳдорӣ мешуданд.
Табиист, ки ҳамсарон дар нишастану хӯрдану нӯшидан, аз ноилоҷӣ ба ҳамдигар навбат медоданд. Асрори чунин як ҳуҷраи ғайриодӣ ана дар ҳамин фалсафаи одӣ ниҳон будааст. Яъне чун ҳамсарон ба ҳам навбат медиҳанд, табиист, ки байни худ чанд ҳарфе ҳам мезананд. Бо ҳамин роҳ аз аспи ҷаҳл оҳиста-оҳиста поён мешаванд. Бовар нокарданист, вале бо шарофати ҳамин ҳуҷраи пурасрор тули 300 соли охир дар ин деҳ танҳо як талоқ сабт карда шудаасту халос.

Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА

ПУЛЕ, КИ ДАР ЯК СОЛ 551 880 000 ДОЛЛАРИ ИМА ДАРОМАД МЕОРАД

Соҳилҳои баланди Манҳеттен ва Ню-Ҷерсиро пули аҷибу зебое бо номи «Ҷорҷ Вашингтон» мепайвандад, ки он яке аз пулҳои сердаромадтарини ҷаҳон эътироф шудааст. Пули мазкур дорои 14 хатти ҳаракати дутарафа ва гузаргоҳҳои васеъ буда, бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст. Тавассути ин гузаргоҳи аҷиб давоми як шабонарӯз 290 000 воситаи нақлиёт равуо менамояд.
Пули сердаромадтарини олам аз рӯи ҳисоб бо назардошти нақлиёти сабук дар як дақиқа 1050 доллар даромад дошта, дар як соат 63 000, дар як моҳ 45 360 000 ва ё худ дар як сол 551 880 000 долларро ба буҷети давлат ворид мекунад.
Таҳияи Кароматулло АТО


ОДАТҲОИ АҶИБИ МАРК ТВЕН
Номи аслии нависандае, ки барои ҳамагон чун Марк Твен маъруф аст, аслан Сэмюэл Лэнгҳорн Клеменс мебошад. Яке аз одатҳои ӯ дилбастагӣ ба сигоркашӣ буд. То ҷое мерасид, ки давоми рӯз то 40 дона сигор мекашид.
Ба ҷуз ин, Твен миёни ҷонварон гурбаҳоро меписандид ва дар хонааш даҳ гурба дошт. Ӯ, ҳатто ҳангоми ба ғазаб омадан, мисли гурбаҳо садо бароварда, бад-ин васила, асабҳои худро ором мекард.
Таҳияи Кароматулло АТО


ХИРСУ ЗАНБӮРИ ҶАНГӢ
Дар бораи муҳорибаҳои таърихан маъруф ва ҳам тарзу усулҳои номвартарин сарлашкарон зиёд хондаву шунидаем. Вале кам касоне медонанд, ки дар баъзе аз чунин задухӯрдҳо на аз аспу филу шутур, балки аз ҳайвонҳои дигари ваҳшӣ низ истифода шудааст. Фарзи мисол, наздики солҳои 71-уми пеш аз милод муҳофизони шаҳраки Фемискии Юнон ба муқобили лашкари забткори Рим хирсу занбӯри ваҳширо шӯрондаанд.
Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки вақте римиҳо бо роҳбарии консул Лутсий Лукулл дар ҳуҷуми аввал мағлуб мешаванд, қарор медиҳанд, ки дуртар камин гирифта, аз таги деворҳои азим роҳи зеризаминӣ кобанд ва бо ҳамин усул вориди шаҳр шаванд.
Юнониҳо, ки пешакӣ аз найранги душман огоҳӣ доштанд, дар лаҳзаи зарурӣ теъдоди зиёди хирсони ваҳширо аз ҷониби муқобил ба роҳи зеризаминӣ ба «истиқбол»-и ҷосусони римӣ сар медиҳанд. Баъди фурсате, ки фиғони римиҳо ба фалак мепечад, юнониҳо чанд оилаи занбӯри ваҳширо низ ба майдони муҳориба раҳо мекунанд. Ҳамин тавр, соҳибмулкони оқил аз иттифоқи хирсу занбӯр истифода бурда, шаҳри худро аз душман эмин нигоҳ медоранд.
Аз русӣ тарҷумаи С. РАҲМОНЗОДА

МЕДОНЕД, КИ ДАР ПОКИСТОН ИТТИҲОД ВА ҲАФТАНОМАИ “ТОҶИК” ҲАСТ?
Тоҷикони Покистон ҳамчун ақаллияти миллӣ аз аввалинҳо шуда соли 1974 ҷамъияти худро дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис доданд. Ҳадафашон ҷустани ҳамбастагӣ, ҳувияти хеш ва дақиқ намудани шумораи тоҷикони ин сарзамин аст.
Аз таъсиси Ҷамъияти тоҷикони покистонӣ 51 сол пур шуда, ҳоло он ба Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон табдили ном кардааст. Аъзои расмии он сад ҳазорро убур карда, таъсисгараш Сардор Мунир Аҳмадхони Тоҷик мебошад. Иттиҳод ҳафтаномаеро рӯйи чоп овард, ки “Тоҷик” ном дорад.
Бояд гуфт, ки моҳи феврали соли ҷорӣ Юсуф Шарифзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон бо сардор ва ҳайати ин Иттиҳод мулоқот карда, омодагии ҳамкориро дар таҳкими дӯстии Тоҷикистону Покистон изҳор дошт.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР

ҶАРРОҲИИ НОДИР

Технологияҳои ҷадид имкон фароҳам овардаанд, ки амалҳои мушкилтарину нозуктарини ҷарроҳӣ аз масофаи дур идора карда шаванд. Масалан, як ҷарроҳ аз масофаи чандин ҳазор километр бо кумаки робот-ҷарроҳ мардеро амал намуд. Ҷарроҳ дар шаҳри Флоридаи ИМА буду бемор дар Ангола.
Фернандо да Силваи 67-сола ба бемории саратони ғадуди зери меъда гирифтор буд. Чун мутахассисон дар табобати он оҷиз монданд, барои кумак ба кормандони Донишкадаи роботикунонидашудаи глобалии «Advent Health» муроҷиат намуданд. Профессори ин Донишкада, ҷарроҳи дараҷаи олӣ Випул Пател бо кумаки робот ин амалро гузаронд.
Ҳоло бемор худро хуб ҳис мекунад.
Аз русӣ тарҷумаи Барноз РАҲМОНШОЕВА

ҲАБИБ НУРМАГОМЕДОВ

Ҳабиб Нурмагомедови доғистонӣ, размикори муҳорибаи омехта, яке аз чеҳраҳои тобони ин риштаи варзиш мебошад. Ӯ соли 2012 таҳти сарпарастии UFC рақобатро оғоз кард. Моҳи апрели соли 2018 Ҳабиб бар Эл Яквинтаи амрикоӣ пирӯз гашта, қаҳрамони UFC шуд. Баъдан ӯ Конор Макгрегори ирландӣ, Дастин Порйе ва Ҷастин Гэтҷии амрикоиро мағлуб карда, се маротиба унвони қаҳрамониро ҳимоя кард. Рақобати Ҳабиб Нурмагомедов бо Конор Макгрегор сердаромадтарин дар таърихи MMA (даромади UFC аз ин мубориза 86,4 миллион доллар буд) гардид.
Рейтинги Шердог (портали бузурги иттилоотӣ, ки ба санъати муҳорибаи омехта бахшида шудааст) Ҳабиб Нурмагомедовро ҳам дар вазнҳои сабук ва ҳам дар феҳристи беҳтарин размкор, новобаста аз дараҷаи вазн, дар ҷойи аввал гузоштааст.
Ҳабиб дар сатҳи ҳирфаӣ 29 набард анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб омадааст. Ӯ соли 2020 бо хоҳиши модараш ба корномаи варзишии худ хотима бахшид.

Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО


38 СОЛ ДАР КОФТУКОВИ ДОЯ
Марди фаронсавӣ дояеро, ки ӯро дар кӯдакӣ парасторӣ мекард, солҳои зиёд ҷустуҷӯ намуд. Ниҳоят, пас аз 38 соли ҷустуҷӯ муваффақ шуд, ки ӯро дарёбад ва дар таъмини зиндагии шоистаи дояаш саҳм бигирад.
Ҳини вохӯрӣ ӯ ба ин зан 16 000 доллар тақдим кард. Ҳамчунин, ҳар моҳ ба ӯ кумакпулӣ муқаррар намуд, то подоши заҳматҳои кашидаи дояи меҳрубонашро баргардонад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА

НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АФСАР
Дар дидбонгоҳи қисми ҳарбӣ:
– Аскари қаторӣ, чаро шумо дар гузаргоҳи сарҳадӣ бе яроқ навбатдорӣ мекунед?
– Милтиқамро фаромӯш кардам, рафиқ майор?
– Медонӣ, ки аскари бе милтиқро чӣ мегӯянд?
– Бале, афсар.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА


ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ
Сурхҳо:
– Ними шаб шаш тайёраи ҷангӣ ва 12 ракетаи баллистикии душман, ки муҳимтарин нуқтаҳои муҳофизатии артиши моро ҳадаф қарор дода буданд, зада сарнагун карда шуданд.
Сафедҳо:
– Ҷониби муқобил барои нашикастани руҳияи аскаронаш ҳамеша дурӯғ мегӯяд. Ҳақиқат ин аст, ки на танҳо тайёраҳои ҷангӣ, балки ракетаҳои баллистикии мо низ наздики субҳ бомуваффақият ба пойгоҳ баргаштанд.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА


ЧӢ ТАВР ДЕҲҚОНБАЧА ШОҲИ АВИАТСИЯ ШУД?
Уилям Боинг соли 1892 дар Айова, дар оилаи камбизоат, таваллуд шудааст. Дар синни 15-солагӣ мактабро тарк карда, ба дарахтбурӣ машғул мешавад. Соли 1910 дар Намоишгоҳи Сиэлт ӯ ҳавопайморо дида, дар ҳайрат мемонад. Ҳамагӣ 10 доллари доштаашро барои парвози кӯтоҳ сарф намуд, ки ин тақдири минбаъдаашро ҳал кард.
Соли 1916 ӯ ширкати худро бо номи «Boeing Airplane Company» таъсис дод. Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳон, Уилям артиши ИМА-ро бовар кунонд, ки ҳавопаймоҳояш босуръаттар, боэътимодтар ва арзонтар шуданд. Дар солҳои 1930-юм, «Boeing», аллакай, ҳавопаймоҳои мусофирбар месохт ва ҷаҳони авиатсияро тағйир дод.
Имрӯз, «Boeing» ширкати азими ҷаҳонист. Ин ҳама аз завқи писаре оғоз ёфт, ки аз орзу ва таҷриба кардан наҳаросид. Бояд гуфт, ки баъзан як орзу метавонад тамоми ҳаётро тағйир диҳад.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН


МОДАРИ 69 ФАРЗАНД
Зане, ки дар таърих аз ҳама бисёр фарзанд ба дунё овардааст, Валентина Василйева мебошад. Ӯ соли 1707 таваллуд шуда, соли 1782 даргузаштааст.
Вай зани Фёдор Василйев, марди деҳқон аз деҳаи Шуяи Россия буд. Он замон усулҳои пешгирии ҳамл вуҷуд надоштанд ва фарзанддорӣ барои занон вазифаи имонӣ ва иҷтимоӣ дониста мешуд.
Валентина 27 маротиба таваллуд кардааст: 16 маротиба дугоник, 7 маротиба сегоник ва 4 маротиба чоргоник. Дар маҷмуъ, 69 фарзанд ба дунё овардааст. Ин корномаи Валентина расман ҳуҷҷатгузорӣ шуда, тибқи “Китоби рекордҳои Гиннесс” зани дар таърих бештар аз ҳама фарзанд таваллудкарда эътироф шудааст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА

ЛАҒМОНИ
КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН

Дар шаҳри Алмаато мувофиқи дастури анъанавии уйғурӣ «Калонтарин лағмон дар таърихи башарият» пухта шуд. Тибқи гуфтаи намояндаи «Guinness World Records» Бенҷамин Бэкхаус лағмонро 30 ошпаз омода кард ва он 680 килограмм вазн дошт (беш аз 1500 ҳисса). Лағмон ва чошнии онро дар чанд деги калон пухта, дар охир онро ба як деги азим рехтанд.
Ин лағмони рекордӣ - «Лағмони дӯстӣ» ном гирифта, он ба муносибати Ҷашни Рӯзи Ваҳдати халқҳои Қазоқистон, ки 1-уми май таҷлил мешавад, омода шуд. Идеяи пухтани калонтарин лағмон ба Ҷамъияти ҷуғрофии Қазоқистон тааллуқ дорад, ки мехост ба таври ғайриодӣ 5-солагии худро ҷашн гирад. Пас аз расман сабт гардидани рекорд ва супурдани диплом аз ҷониби «Guinness World Records Ltd» ба ҳамаи хоҳишмандон лағмон пешниҳод шуд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР

ЁДИ ДӮСТ
Медони чӣ Аҳмад, вақте ки ман бо ту вомехӯрам, Шариф ба ёдам мерасад.
– Чаро ин тавр?
– Зеро ӯ ҳам аз ман қарз гирифтаву онро то ҳол барнагардондааст.
БЕАҚЛИИ ЗАН
Ҷавоне гуфт:
– Зан ақл надорад.
Марди солхӯрдае дар ҷавоб гуфт:
– Беақлии зан дар он аст, ки туро 9 моҳ дар батнаш нигоҳ дошт. 2 сол шири сафед дод, 18 сол бо меҳр нигоҳ кард, то ту имрӯз биёиву беақлаш бигӯию таҳқираш кунӣ.
ҚИССАИ СЕ ДӮСТ
Илму Сарват ва Иззат се дӯст буданд. Онҳо замоне дар мунозира шуданд. Илм гуфт: “Маро дар синфхонаҳои дарсӣ ҷустуҷӯ мекунанд”.
Сарват гуфт: “Маро дар иморатҳову қасрҳои амирону подшоҳон метавон дарёфт”.
Иззат хомӯш гашт. Илму Сарват ба ӯ гуфтанд: “Чаро хомӯшӣ?”
Иззат бо оҳи сард гуфт: “Ҳар гоҳ ман аз касе рӯй гардондам, дубора ба сӯяш бознамегардам ва дигарбора ба даст оварда нахоҳам шуд”.

Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ

ОШХОНАИ ҶОПОНӢ

Таомҳои ҷопонӣ бо содагӣ ва ҳам мураккабӣ, бо таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт фарқкунанда мебошанд. Ин ҷо ба мазаи табиии маҳсулот афзалияти бештар медиҳанд. Аз ин ҷост, ки аксар таомҳо дар шакли хом истеъмол карда мешаванд, махсусан моҳии туршкардашуда ва дигар маҳсулоти баҳрӣ.
Хӯрокҳои маъмул дар ҷаҳон – суши, сашими, рамен, удон, темпура, якитори ва маҷмуи банто маҳз аз ошхонаи Ҷопон сарчашма гирифтаанд. Агар ба тарзи тайёр кардани темпура назар андозем, дар он маҳсулоти баҳрӣ ва сабзавот дар омехтаи орд, об ва тухм тар карда шуда, зуд то қаҳваранги тиллоӣ шудан бирён мегардад. Темпура аксар вақт бо чошнии ғӯтонда, ки аз чошнии соя ва дачи (шӯрбои ҷопонӣ) ва шалғамчаи резашуда иборат аст, ба мизоҷон пешкаш карда мешавад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК

ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ

Роберт Левандовский, футболбози лаҳистонӣ, зимни дар дастаи «Бавария» бозӣ кардан, дар бозии даври 6-уми чемпионати Олмон ба дарвозаи «Волфсбург» (5:1) панҷ гол зад. Ин пента-трик, ки дар 9 дақиқа анҷом ёфт, тезтарин дар таърихи 4 беҳтарин чемпионати Аврупо гардид. Ӯ бо панҷ голи задааш якбора се рекорд гузошт: тезтарин хет-трик (3 дақиқаву 22 сония), тезтарин покер (5 дақиқаву 42 сония) ва тезтарин пента-трик (8 дақиқаву 59 сония). Илова бар ин, Левандовский баъди аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромадан панҷ гол зад, ки дар 4 чемпионати беҳтарини Аврупо ба ҳеҷ кас муяссар нашудааст.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО

«MERCEDES-BENZ»
«Мерседес-Бенс» ширкати машҳури автомобилсозии олмонист, ки мошинҳои боркаш, автобус ва дигар намуди воситаҳои нақлиётро истеҳсол мекунад.
Он соли 1926 дар натиҷаи муттаҳидшавии ширкатҳои «Benz & Cie» (муассис Карл Бенс) ва «Daimler-Motoren-Gesellschaft» (муассис Готтлиб Даймлер) таъсис ёфта, таърихи бой дорад. Тули фаъолият ширкат дар соҳаи мошинсозӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гаштааст.
Тибқи маълумот, ширкат ба ҳисоби миёна ҳар сол ба маблағи 150 миллиард евро мошин истеҳсол намуда, фоидаи софи он ба 14,8 миллиард евро мерасад.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА


Дания. Тухми хоми мурғ дар зодрӯз
Дар Дания агар касе то синни 25-солагӣ издивоҷ накарда бошад, дӯстон ва оилааш ба ӯ дар зодрӯзаш тухми хом ва орд туҳфа мекунанд. Ин як шӯхиест, ки ба анъана табдил ёфтааст.

Тайланд. Ба сари кас даст нарасонед!
Дар Тайланд сар муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳатто ба сари кӯдак даст расондан беэҳтиромӣ ба ӯ ҳисобида мешавад.
Норвегия.
Ба дастшӯӣ бо китоб
Аксари хонаводаҳои Норвегия китоб ё маҷаллаҳоро дар дастшӯӣ нигоҳ медоранд. Онҳо ин ҷоро “ҳуҷраи ором” мешуморанд ва бо осудагӣ дар он китоб мехонанд.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА


Санаи нашр: 11.07.2025 №: 135