УСТУВОНАИ КУРУШ. МАТНИ КОМИЛИ ОНРО ХОНДАЕД?
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 28-уми декабри соли 2024, баъди таҳлили дастовардҳои соҳаи фарҳанги кишвар, аз ҷумла зикр карданд: «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд».
Воқеан, ҳанӯз аз соли 2016 дар мақолаи аввалини китоби пурмуҳтавояшон «Чеҳраҳои мондагор» дар бобати Куруши Бузург ва Эъломияи ҳуқуқи башари ӯ Пешвои миллат фикри худро чунин идома медиҳанд: «Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки тақдири онро ба куллӣ тағйир дода, маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Барои тамоми халқҳои эронитабор чунин шахсият Куруши Кабир буд». Муаллифи таърихдон аз сарчашмаҳои зиёди хаттӣ, алалхусус, китобҳои таърихӣ, тазкираҳо, катибаҳо, пурсамар истифода бурда, пас аз зикри кишваркушоиҳои Куруши Бузург, бештар аз адолатгустарӣ, инсондӯстӣ, раҳмдилии ӯ қалам ронда, бобати эъломия гуфтаанд: «Ин эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст, шояд намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният бошад. Эъломия, ки бо хат ва забони бобулӣ навишта шуда буд, олими шинохта П.Ҷамшедов тарҷума ва нашр кард».
Ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Шерзот Абдуллоев «Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат» ном мақолааш нигоштааст: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО боз як пешниҳоди таърихии моҳияти умумиинсонидошта ва барои шиносондани фарҳанги миллат ба ҷаҳониён муҳиму саривақтӣ карданд. Пешниҳоди ҷолибе дар бораи Ҷашни 2550-солагии «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир», дар соли 2025. Аҳамияти ин пешниҳод дар ошкоро эълон кардан ва ба миён гузоштани ин воқеияти раднопазир аст, ки ниёгони мо аввалин поягузори маншури ҳуқуқи озодии башар аз ғуломӣ, озодии виҷдон дар интихоби дин ва баробарии нажодиву миллӣ будаанд”.
Омӯзгори факултети журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода даҳ моддаи аввали "Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир"-ро ба чоп омода намудааст, ки овардани онҳоро муҳим донистем. Бояд гуфт, ки ин устувонаи таърихӣ дар баробари пайкараи Куруш дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз гаҷ сохта шуда, дар боғи ҳамноми шоҳи номвари ҷаҳон дар намоиш аст. Инак, матни комили он, ки бори нахуст чоп мешавад:
Моддаи 1: Ҳама одамизодагон озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози ҳайсият ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд. Ҳама дорои ақлу виҷдон мебошанд ва бояд нисбат ба якдигар монанди бародар рафтор кунанд.
Моддаи 2: Ҳар кас метавонад бидуни ҳеҷ гуна бартарибахшӣ, бавижа аз назари нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, мазҳаб, ақидаи сиёсӣ ё ҳар ақидаи дигар ва, ҳамчунин миллият, вазъи иҷтимоӣ, сарват, таваллуд, ё ҳар мавқеияти дигар аз тамоми ҳуқуқ ва ҳамаи озодиҳое, ки дар эъломияи ҳозир зикр шудааст, баҳраманд гардад. Ба илова, ҳеҷ бартарибахшие ба амал нахоҳад омад, ки вобаста бар вазъи сиёсӣ, идорӣ ва ҳукми байналмилалии кишваре ё сарзамине бошад, ки шахс ба он тааллуқ дорад.
Моддаи 3: Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ, озодӣ ва амнияти шахсӣ дорад.
Моддаи 4: Касеро наметавон дар бардагӣ нигаҳ дошт ва доду гирифти бардагон ба ҳар шакле, ки бошад, мамнуъ аст.
Моддаи 5: Ҳеҷ касро набояд мавриди зулму шиканҷа ё рафтори таҳқиромез, ё хилофи инсонӣ ва шаъни башар қарор дод.
Моддаи 6: Ҳар кас ҳақ дорад, ки шахсият ва ҳуқуқи ӯ дар ҳама ҷо ба унвони як инсон дар муқобили қонун шинохта шавад.
Моддаи 7: Ҳама дар назди қонун баробар ҳастанд ва ҳақ доранд бидуни бартарибахшӣ аз ҳимояти қонун бархӯрдор шаванд. Ҳама ҳақ доранд дар муқобили ҳар табъизе, ки пайи шикасти эъломияи ҳозир бошад ва алайҳи ҳар ҳаракате, ки барои чунин табъизе ба амал ояд, ба таври баробарӣ аз ҳимояти қонун баҳраманд шаванд.
Моддаи 8: Дар баробари аъмоле, ки ҳуқуқи асосии фардро мавриди таҷовуз қарор бидиҳад ва он ҳуқуқ ба василаи қонуни асосӣ ё қонуни дигаре барои ӯ шинохта шуда бошад, ҳар кас ҳаққи руҷуъ ба муҳокимаи миллии покиза дорад.
Моддаи 9: Касеро наметавон худсарона боздошт, ҳабс ё пешдоварӣ намуд.
Моддаи 10: Ҳар кас ба баробарии комил ҳақ дорад, ки даъвояш ба василаи додгоҳи худсолор ва бетарафе боинсофона ва ошкор расидагӣ шавад ва чунин додгоҳе дар бораи ҳуқуқ ва пирӯзии ӯ ё ҳар иттиҳоми ҷазое, ки ба ӯ нораво зада шуда бошад, тасмим бигирад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.07.2025 №: 137
