ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ТАБИАТРО АЗ ХАТАРИ НОБУДШАВӢ ҲИФЗ МЕКУНАНД

ТОҶИКИСТОН. ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ТАБИАТРО АЗ ХАТАРИ НОБУДШАВӢ ҲИФЗ МЕКУНАНД

16 май 2023, Сешанбе
84
0


22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид. Ин Конфронси дуюми СММ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд тақрибан баъди панҷоҳ соли конфронси якуми СММ доир гардид. Бояд зикр намуд, ки Конфронси якуми СММ вобаста ба масъалаҳои марбут ба об соли 1977 баргузор гардида буд. 

Агар Конфронси якуми СММ дар оғози ба вуҷуд омадани тағйирёбии иқлим баргузор гардида бошад, пас Конфронси дуюми СММ дар шароит ва вазъияте доир шуд, ки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният табдил ёфта, рӯз то рӯз ҳаёти инсону табиатро зери таҳдиди нобудшавӣ қарор дода истодаанд. Яъне, имрӯз хатари тағйирёбии босуръати иқлиму мушкилоти об ба инсоният камтар аз хатарҳои дигари мушкилоти муосири ҷаҳонӣ нест. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳибаи махсуси худ бо шабакаи телевизионии СММ дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” масъалаҳои вобаста ба обро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла таъкид доштанд: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан оби тоза, зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ, сол то сол муташанниҷ гардида истодааст” .
Мувофиқи арзёбии Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, айни ҳол дар ҷаҳон то ду миллиард одам аз одитарин шароити санитарӣ маҳрум аст. Дар баробари мавҷуд будани чунин мушкилот дар байни сокинони ҷаҳон, ҳамзамон, хатари тағйирёбии иқлим ва муаммоҳои экологӣ давлатҳоро нигарон намудааст. Тайи ду даҳсола аст, ки дар нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ сиёсатмадорону коршиносон аз хатарҳои тағйирёбии иқлим сухан карда, оқибатҳои ин равандро барои инсоният манфӣ баҳогузорӣ менамоянд. Воқеият ва оқибатҳои манфии онро аз баланд шудани сатҳи оби баҳрҳо ва ба амал овардани харобкориҳо, инчунин, дар об шудани пиряхҳои азим, ки яке аз сарчашмаҳои асосии зуҳури обҳои тоза мебошанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Тағйирёбии босуръати иқлим боис гардидааст, ки оби баҳри Арал то кунун 50 фоиз кам шавад. Албатта, ин ҳолат ба ҳаёти сокинони ҳавзаи баҳри Арал таъсири манфӣ мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир панҷ ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул ва эътироф гардида, мавриди амал қарор доранд.  Ҳамакнун муҳим аст, ки вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу экология чанд нуктаи мушаххасро баён намоем, то арзишмандӣ ва аҳамияти онҳо барои имрӯз ва ояндаи ҳаёти башарият маълум гардад. 
Нуктаи аввал ин аст, ки мувофиқи таҳлилҳо даҳсолаи охир мушкилиҳои вобаста ба об дар ҳоли афзоишанд. Ҳамасола ба ҳалокат расидани то ним миллион инсон аз бемориҳои сироятии марбут ба об, афзоиши шумораи одамоне, ки аз шароити одии беҳдоштӣ бархурдор нестанд, гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо далели афзоиши мушкилоти об аст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои ҳалли мушкилоти мазкур равона гардидаанд. Ибтикороти Тоҷикистон ҷомеаи башариро водор менамоянд, ки дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ҳалли мушкилоти вобаста ба обро дар авлавият қарор диҳанд. Чунки идомаи ҳаёт ва бақои инсону табиат ба об вобастагии ҷиддӣ дорад. 
Нуктаи дуюм ин аст, ки ҳамасола афзоиши шумораи аҳолии сайёра боиси сарфи бештари захираҳои об мегардад. Аз тарафи дигар, бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ ва ихроҷи газҳои гулхонаӣ боис шуда, ки ҳарорати ҳаво дар сайёраи Замин боло равад. Ин омил обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии босуръати иқлимро ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин, дар меҳвари ташаббусҳои Тоҷикистон масъалаи мудирияти об ва муносибат ба табиат мақоми асосиро касб намудааст. Ин нуктаро метавон дар ташаббуси навбатии кишвар оид ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мушоҳида намуд. Дар рӯзномаи Конфронси дуюми СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” низ, яке аз мавзуъҳои асосӣ масъалаи мудирияти об буд. Дар робита ба ин, ба кишварҳои ҷаҳон пешниҳод гардид, ки Рӯзномаи амал дар соҳаи обро пайваста пайгирӣ намуда, роҳи самараноки мудирияти обро дар давлат ва минтақаи худ афзоиши диҳанд. 
Нуктаи сеюм ин аст, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, бахусус ташаббуси баргузории Конфронси дуюми СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, раванди нави ҳамгироӣ ва ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об аст. Дар раванди Конфронс Рӯзномаи амал дар соҳаи об пурра гардида, тақвияти ҳамкорӣ дар ин соҳа зарур шумурда шуд. Албатта, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидгоҳ, уҳдадорӣ ва нақшаҳои амали давлатҳоро ҳамоҳанг намуда, муносибати самаранок ба об ва табиатро шакл медиҳад. 
Нуктаи чорум ё худ муҳимтарин нукта ин аст, ки дар матни ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон арзишҳои башардӯстона мақоми махсусро соҳибанд. Хатари тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши бемориҳои сироятии марбут ба об, нодурст ва ғайримақсаднок истифода гардидани об, муносибати бераҳмона ба табиат омилҳое мебошанд, ки хатари умумиро барои башарият ба вуҷуд овардаанд. Имрӯз ин таҳдидҳо дар байни ҷомеа эҳсос гардида, вазъиятро мураккаб менамоянд. Мақсад аз ташаббус ва иқдомҳои Тоҷикистон наҷоти башарият ва сайёраи Замин аз фоҷиаи нестшавӣ аст. Ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар бақои сулҳу субот, амнияти ҷаҳонӣ ва пешгирии муноқишаву низоъҳои мусаллаҳона миёни давлатҳо нақши муҳим  мегузорад. Бинобар ин, имрӯз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва эҳтиром менамояд. Ҳамзамон, иқдомҳои кишвари моро якдилона ва ба таври фарогирӣ татбиқ намуда, дар амалӣ гардидани онҳо саҳм мегузоранд. 

Алиназар АШУРОВ, 
сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 15.05.2023 №: 100 - 101
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив