МАНИШИ КУРУШ. ДАР ҲОШИЯИ ПЕШНИҲОДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВОБАСТА БА БУНЁДИ “КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ” ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

10 феврал 2026, Сешанбе
40


Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва пешниҳодҳои ҳувиятсозашро метавон идомаи мантиқии сиёсати ватанпарастона ва равона ба худшиносӣ ва хештаншиносӣ маънидод кард. Хоса, дар мавриди бунёди "Конуни тамаддуни ориёӣ" ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар Душанбе. Таваҷҷуҳ ба “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” (аввалин ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният), ки дар доираи ҳамин тадбирҳост, паҳлуи дигари арзишманди ташаббусҳост.
Дастуру нишондодҳо дар ин маврид пештар оғоз шуда буд, ки мазмуну моҳияташро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мунъакис мекард. Дар маркази Ливо тасвири “Дирафши Ковиёнӣ” инъикос ёфта, рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.
Дар ин раванд корҳои шигарфе низ анҷом дода шуданд. Бигирем аз дастурҳои назарӣ ва амалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар асарҳо ва маърузаҳояшон дар дохил ва беруни кишвар ба нашр расида ва садо додаанд. Дар миён қарору қонун ва тадбирҳои Ҳукумат дар эҳёи ҷашну анъанаҳои миллӣ, ба василаи бунёди боғистон, насби пайкараҳои фарзандони наҷиби миллат, абадӣ гардондани хотираи неки онон аз равиш ва ҷараёни ҳадафмандонаи ҳамин сиёсат будааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, фарзандони меҳанпарасти ҳамзабон ҳамовозӣ ва дастгирӣ меёбад. Яъне, асоси назарӣ ва амалӣ барои бунёди Конун ва Маркази байналмилалии Наврӯз ба вуҷуд омад. Банда ин ҳамаро дарк мекунам, чи дар зиндагиам аз ҳама озодӣ ва тоҷик будан муҳимтар менамоянд ва аз мавҷудияти Тоҷикистони озоду обод ифтихор мекунам.
Агар дар ин матлаб сухан аз Куруши Кабир меравад, бевосита ба ҳар ду вазифаи гузоштаи Сарвари давлат мувофиқ меоянд. Манзур ин аст, ки давлатмардон ҳозиранд дар ҳама давру замон давлат бисозанд ва бунёди фарҳангиро ба вуҷуд биёваранд. Куруш дар ин ҷода дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дошт. Сарвари давлат малакаи идоротро, ки аз даврони Куруш оғоз меёбад “фарҳанги давлатдории тоҷикон” унвон дода, китобашон “Чеҳраҳои мондагор”-ро аз зиндагиномаи Куруши Бузург оғоз мекунад.
Бешубҳа, беш аз 2,5 ҳазор сол аст, ки ному корномаи Куруш аз саҳифаҳои китобҳои таърихӣ, ибтидо аз осори солноманигорони юнонию румӣ, китобҳои муқаддас (Инҷил ва Эзраҳо) ва адабиёти қадиму ҷадид наафтодааст. Ӯро ҳамчун сарлашкари тавонои аҳди бостон, бунёдгузори империяи нахустин ва шахсияти далеру шуҷоъ, ҳикматпараст, закӣ, хоксору заминӣ тавсиф кардаанд. Масъулияте, ки Сарвари давлати Тоҷикистон назди аҳли ҷомеа мегузорад, шинохти воқеии ин абармарди таърих ва ба василаи он марҳалаҳои рушди давлатдорӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ будааст: “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”.
Барои асаргузор будани матлаб, мебояд ба шахсияту маниши Куруш таваҷҷуҳ кард. Адабиёти мавҷуда тасдиқ мекунад, ки аз зиндагӣ ва корномаҳои Куруш бегонагон мафтун буданд. Аз Ҳеродот ва Ксенофонт шуруъ карда, ба баъд Курушро подшоҳи шоиста, намунаи корзор ва сазовори эътибор дониста, ба сифату тараннумаш пардохта, аз зиндагиномаи ӯ “оини шоҳзодагон”-ро тартиб доданд. Мувофиқи он, Ксенофонт “Курушнома” таълиф кард, ки дар дабистонҳои Юнон таълим дода мешуд. Ба Куруш ончунон дилбохта буданд, ки ба муболиға ӯро фарзанди Зевси Бузург муаррифӣ мекарданд, “чӣ аз инсон бад-ин бузургӣ нарӯяд.” Ҳарчанд маълум аст, ки падараш Камбис ва модараш Мандина (Мандана – ба қавле ба маънои монданӣ, ҷовидон) будаанд. Ксенофонт барои исботи фарзанди худоён будани Куруш мисоле аз арафаи муҳориба меорад: “Вақте шаб фаро расид, мегӯянд, ки дар болои сари Куруш ва лашкари ӯ нуре дар осмон дурахшид, ки аз он ҳамаро дар назди фоли илоҳӣ ҳайбати обидона ва ғайрати бештари ҳарбӣ фаро гирифт”.
Бояд гуфт, ки аз рӯйи ривоятҳои мавҷуда сарнавишти Куруш бо Фаридун шабоҳате дорад. Ӯро аз теғи Астиаг модараш Мандина раҳонду 12 сол дар парвариши чӯпон буд, ҳамчуноне ки Фаронак Фаридунро берун бурд ва бо шири Бармоя бузург шуд.
Куруш марди ҳақталош, якрӯ, бо дод ва меҳрубону дар муқобили душманон ғаюру нотарс буд. Ксенофонт менависад, ки нисбат ба худ серталаб буд. Аз наврасӣ нокомиҳои худро ба масхара мекашид ва дар пайи ислоҳаш талош мекард. Чуноне дар аспсаворӣ дар муддати кӯтоҳ аз ҳамсолонаш бартарӣ ёфт. Юнониён менависанд, ки Куруш дар адои корҳои нек аз дигарон бартарӣ дошт, зеро ӯ ҳокими хубро қонуни зиндаи одамон медонист. Ӯ ба тобеонаш ҳамчун ба фарзанд муносибат мекард. Лашкаркаше буд, ки дар боду борон ҳамроҳи лашкариён дар чодар мезист. Тактикаҳои (шеваҳои) тозаи ҷангиро истифода мекард. Дар ин рав ҳикмате баргузида вомедошт, ки алайҳи душман созу ҳилаҳои тозаро ба кор бояд гирифт, яъне талқин мекард, ки дар роҳ эҷодгар бояд буд, мисли: “навозандагон на танҳо мусиқиҳоеро менавозанд, ки аз онҳо бохабаранд, балки барои эҷоди нағмаи нав саъю кӯшиш мекунанд.” Ҳич гоҳ ба таваккал бартарӣ намедод ва асоси дастовардҳоро дар ҳаракат, тамрин ва интизоми оҳанин медонист. Таъкидҳояшро бинед: “Барои онҳое, ки ҳунари аспсаворӣ надоранд, дар ҷанги савора аз худоён пирӯзӣ хостан мумкин нест, ҳамин тавр барои онҳое, ки аз камон тир паронданро намедонанд, нашояд, ки аз худоён пирӯзиро ба онҳое, ки шевотиранд, таманно бикунанд... ё мисли он, ки деҳқононе кишт накардаанд, ҳақ надоранд аз худоён барои ҳосили фаровон илтиҷо намоянд”.
Боз барои он аз аҳди бостон ба баъд намунаи барҷастаи одамият, роҳбарӣ ва сипаҳсолорӣ мубаддал шуд, ки бенизомон ва коҳилонро, комилан намепазируфт. Ӯ таъкид мекард, ки беинтизомон ва коҳилон мисли занбӯрони муфтхӯранд. Бинобар ин, мебояд аз лашкар ронда шаванд. Таҷриба карда буд, ки танҳо бо парвариш ва асаргузорӣ дар майдони ҳарб ба пирӯзӣ мешавад ноил гардид. Дар ҳамин рав талқин мекард: “Суханони зебое вуҷуд надорад, ки баробари шуниданаш тарсуро далер гардонад. Сухан камондореро, ки муддати дароз машқ накарда бошад, тирандози моҳир намесозад”. Куруши Кабир ибрати шахсӣ нишон медод, қабл аз муҳориба бо аскарон суҳбат меорост, онҳоро ба корнамоиҳо ҳидоят менамуд ва дар ҷараёни ҳарб бо шамшери заррин дар сафи пеш меистод. Дар замираш худогоҳӣ ва ватанпарастӣ ҷӯш мезад. Солноманигори юнонӣ аз гуфтаҳои Куруш дар суҳбат бо ҷанговарони ошӯрӣ ба ваҷд меояд: “Акнун бояд Шумо мардонагиатонро исбот кунед. Шумо барои ҷони худ, барои замине, ки дар он ба воя расидаед, барои хонаҳои худ, барои занону фарзандонатон ва барои ҳар чизе, ки барои Шумо азизтар аст, мубориза хоҳед бурд. Пирӯзӣ ба даст оварда, мисли пештара соҳиби ҳамаи онҳо боқӣ мемонед, вале агар мағлуб шудед, донед, ки ҳамаи он ба дасти душман хоҳад гузашт”.
Магар он чи гуфта омад, дар ҳамин шабу рӯз муҳим нест? Магар борҳо инчунин таъкидҳоро аз забони Сарвари давлат нашунидаем? Шахсиятҳои таърихӣ барои ҳамин вориди саҳна мешаванд, ки огоҳанд, хирдманданд ба жарфнои масоил ворид мегарданд. Дар андешаву амал аз ашхоси муқаррарӣ чанд қадам пештаранд.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, Куруш марди фурӯтану нафсшикаста буд ва ба молу сарват таваҷҷуҳ намекард. Аз ғаниматҳо даст мекашид. Ҳангоме ки шоҳ Крез андар боби сарват машвараташ дод, гуфт: "Ба ман маслиҳат медиҳӣ, ки ганҷҳо дар хона ҷамъ оварам, то ки бухлу ҳасадро миёни дӯстону наздиконам бедор созам ва ҳифзи онро ба посбонони кироя супораму ташвиш дошта бошам? Куруш дар идомаи суҳбаташ таъкид кард, ки одамоне сарвати бисёр ҷамъ меоваранд, хушбахт намешаванд. Сарвати ман мулки ман (Меҳани ман) ва дӯстони мананд".

Ҷонибек АСРОРИЁН, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ, номзади илмҳои таърих

Санаи нашр: 09.02.2026 №: 26