АВВАЛИН МИЛИТСИОНЕРЗАН

15 апрел 2026, Чоршанбе
9


Патиой аз ҳаррӯза дида барвақттар аз хоб хеста, берун нигоҳ кард: барфи зиёде боридааст. Зуд ҷомаро дар бар карда, то аз хоб бедор шудани духтараш Бӯринисо барфи рӯи ҳавлию болои бомро рӯфт.
Сипос ба хонаи дарун даромада, камзӯли бахмалину рӯмолашро дар бар карду калӯшу маҳсиашро пӯшида, ба кӯча баромад.


Вай рӯзи дуюм буд, ки ба кӯча бефаранҷӣ мебаромад. Ҳар роҳгузаре, ки чашмаш ба вай меафтод, беихтиёр як синча карда мемонд. Ана, чанд нафар мӯйсафед дар даромади дарвозаи Бухоро ба сӯи ӯ нигоҳ карда, бо овози баланд «Духтари Азизро бинед, шарм накарда, бефаранҷӣ гаштааст» гуфта мегузаштанд. Вале Патиой ба ин гапҳо заррае ҳам эътибор надода, чи тавр ба идораи милитсияи шаҳр омада монданашро худаш ҳам нафаҳмида монд.
– Ба шумо кӣ лозим? – пурсид навбатчӣ.
– Рафиқ Аминов. Рухсат диҳед, ба наздашон дароям, – гуфт Патиой.
– Ҳозир, ман пурсам – чӣ?, – гуфту навбатчӣ ба хонаи дарун даромада, сонияе нагузашта берун шуд ва гуфт: «Марҳамат, сардор шуморо мунтазир!».
– Офарин, духтарам, ғайрати зӯр кардед, – мо шуморо ба кор бо ҷону дил қабул мекунем. Шумо дар шаҳри Панҷакент парастуи аввалин мешавед. Боварӣ дорам, ки сафи шумоён фардо боз ҳам зиёдтар хоҳад шуд, – гуфт Мирзояҳьё Аминов Патиойро табрик карда ва илова намуд:
– Супориши аввалини мо ҳамин, ки пагоҳ рӯзи бозор занони Қавола, Қоқурӣ, Лабичашма ва Қайнарро дар клуби Вашанӣ ҷамъ карда, дар бораи ба кор даромаданашон сӯҳбат мекунед. Ба шумо фаъолзанҳо Ҳикматой Насриддинова ва Она Отабоева ёрӣ мерасонанд.
– Хуб шудааст, – гуфта, Патиой аз кабинети сардор берун шуд.
Рӯзи дигар бо ташаббуси Патиой ва дугонаҳои фаъолаш бисёр занҳои хонашин тарки фаранҷию чашмбанд карда, ба артели "Ударник" аъзо шуданд.
Ин воқеа моҳи феврали соли 1926 ба вуқӯъ пайваста буд. Баъдтар дар дафтари ҳаёти Патиой бисёр воқеаҳою корнамоиҳо сабт ёфтанд. Масалан, рӯзе дар Панҷакент овоза шуд, ки Зайнаб ном ҷавонзане беному нишон ба ким – куҷо ғайб задааст. Албатта, ин воқеа коркунони милицияи шаҳрро ба ташвиш наоварда намонд. Ба зиммаи Патиой маълум кардани асли ҳодиса меистод. Кордонию далерӣ ба Патиой имконият доданд, ки вай дараки Зайнабро ёбад. Патиой ҷасади Зайнабро аз чоҳи назди ҳавлиаш ёфт. Баъдтар маълум гардид, ки шавҳари гумроҳу ҷоҳилаш вайро барои фаранҷиро партофта ба кор баромаданаш кушта, ба чоҳ пинҳон карда будааст. Патиой қотилро дастгир кард.
Чунин воқеаҳо дар бораи корнамоии аввалин милитсионерзани панҷакентӣ Патиой Азизова хеле бисёранд. Ҳизб ва ҳукумати вақт хизматҳояшро ба инобат гирифта, ӯро борҳо бо мукофотҳои Ватан тақдир кардаанд.
Патиой соли 1929 дар анҷумани якуми Советҳои муассисони РСС Тоҷикистон ҳамчун вакил иштирок кардааст. Соли 1931 раиси суди халқӣ ва соли 1939 раиси Совети посёлкавии шаҳри Панҷакент буд.


М. Юнусов


Моҳи марти 1975, “Тоҷикистони советӣ”

Санаи нашр: 15.04.2026 №: 69