ПАХТАКОРӢ. ҶАВОБИ ИННОВАТСИОНӢ БА МУШКИЛОТИ СОҲА
Пахтакорӣ дар Тоҷикистон як бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ буда, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот нақши калидӣ дорад. Аммо имрӯз пахтакорӣ ба як қатор мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили фоидаовар набудан, норасоии агрономҳои соҳибтахассус, мушкилоти иқлимӣ, рӯ ба рӯ гардидааст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат барои баровардани соҳа аз ин вазъ ва таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ чораҳои мушаххас меандешад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём (16-ум декабри соли 2025) бо назардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ Ҳукумати мамлакатро муваззаф намуданд, ки Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030-ро таҳия ва амалӣ созад. Мувофиқи арзёбиҳои мутахассисон, таҳия, қабул ва татбиқи Барнома на танҳо соҳаро аз ноустувориҳои иқтисодӣ ҳифз мекунад, балки онро то сатҳи нави рушди устувор ва инноватсионӣ боло мебарад.
Хулосаи коршиносон аст, ки агар пахта бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ парвариш ёбад ва дар дохили кишвар то марҳалаи баромади маҳсулоти ниҳоӣ, ба монанди ришта, матоъ ва либос, коркард шавад, арзиши он афзоиш ёфта, саҳмаш дар иқтисодиёт бештар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии инноватсияҳо дар соҳаи пахтакории Тоҷикистон баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот, кам кардани хароҷот ва самаранок истифода бурдани захираҳо мебошад.
Дар таҷрибаи ҷаҳонии пахтакорӣ инноватсияҳо ба воситаи технологияҳои муосири кишоварзӣ, аз қабили кишти дақиқ бо истифода аз GPS ва сенсорҳо, обёрии қатрагӣ барои сарфаи об, истифодаи дронҳо барои назорат ва дорупошӣ, муваффақона амалӣ карда мешаванд. Инчунин, дар соҳаи пахтакорӣ, механизатсияи раванди ҷамъоварии пахта дида мешавад. Тадриҷан ҷорӣ намудани ин таҷрибаву навовариҳо метавонад бамаротиб соҳаи пахтакориро осон ва фоидаовартар гардонад. Зимнан, рушди инфрасохтори соҳаи пахтакорӣ, беҳтар намудани шабакаи ирригатсионӣ, бунёди анборҳои муосир барои нигоҳдории пахта, таъмини дастрасии деҳқонон бо қарзҳои имтиёзнок аз тадбирҳои зарурӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин, барои бартараф намудани мушкили норасоии агрономҳои соҳибтахассус, аз ҷониби коршиносон баргузории курсҳои омӯзишӣ барои деҳқонон оид ба истифодаи технологияҳои нав, таъсиси марказҳои машваратӣ ҷиҳати дастгирии пахтакорон, ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои мубодилаи таҷриба тавсия дода мешавад.
Навовариҳои болозикр ба афзоиши самаранокии иқтисодӣ, коҳиши хароҷот, афзоиши шуғлнокӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, таъмини ашёи хом барои саноат ва содирот мусоидат карда, рушди устувор ва рақобатпазирии пахтаи тоҷикро дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин менамояд. Инро дастури Президенти мамлакат оид ба таҳияи Барномаи давлатии рушди инноватсионии пахта барои солҳои 2026 – 2030 тасдиқ мекунад. Аммо, татбиқи бомуваффақияти ин иқдом ҳамкории зичи Ҳукумат, олимон, деҳқонон, истеҳсолкунандагон ва сармоягузоронро, ки нақши стратегии пахтаро дар иқтисоди кишвар таъкид мекунад, тақозо менамояд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
