ҲАҶВ. БА ҲОЛИ ХАНДА МЕГИРЯМ

01 май 2026, Ҷумъа
30


Майлаш, солҳост менолем, ки олими ихтироъкор надорем, вале «дунё баумед аст» гуфта, худро як навъ тасаллӣ додан мумкин. Ҳарчанд маоши олимони мо борҳо аз сӣ то сад дарсад афзуду илҳомашон як дарсад наафзуд, таҳаммул дорем. Дунёи институту пажӯҳишгоҳҳои ба ном илмии даҳсолаҳо бесамарро Ҳукумат парасторӣ дораду ҳосили пахта аз 25 сентнери замони шуравӣ боло нарафт ва ба гумони ғолиб боз 100 соли дигар «дастовард»-у аз даст додаҳои илмиямонро зери дунбаи «гӯсфанди зоти ҳисорӣ» пинҳон маҳфуз медорем, ки инаш ҳам дарди бахайр…


Аммо, вақте дар санъати оламгире чун театр пешрафтҳо камранганд, вой бар ҳоламон. Агар дар соҳае, ки худи табиат «кадр» мезояду касбияту ҳунари асил аз байн рафтан дорад, вой бар ҳоламон. Агар ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати фарҳангпарварамон қудрати як дона гандум дар осиёби пешрафти маънавию ахлоқияш зам кардан надорем, пас вой бар ҳоламон!
Аҷиб аст, вақте олим гуфтам, ситораи ҳаҷви тоҷик барои сад соли охир устоди равоншод Убайдулло Раҷаб пеши рӯям омад. Ба ёд биёред саҳначаи маъруф бо номи «пуфак»-ро…Қаҳрамони саҳна як «олим» аст, ки 25 сол бедорхобӣ кашида, тарбузро бо пуфак дурага кардааст… Фикр мекунед, ин нақшофариҳо танҳо ба хотири хандаи тамошобин буд? Албатта не, ин дастикам фелетон ё памфлете буд, ки дар қолаби жанр ва хеле ҳадафноку моҳирона рӯйи саҳна омад. Дард буд, дарди як патриот, ки пешрафти илм ва шукуфоии Ватанашро мехост. Сӯхта-сӯхта сохтакориву масхарабозиҳои масъулони маошхӯрро ҷомаи танқиди касбӣ пӯшонд ва ба намоиш гузошт ва бо қамчини тамасхур, ки низ талаботи жанр аст, бар сарашон зад. Ин ва тамоми саҳнаҳое, ки барномаҳои фароғатии телевизиони Тоҷикистони шуравиро рангину ҳазорон мухлисро барои омадан ба театр «маҷбур» мекарданд, аз қудрати ҳунари асил дарак медод. Балки мужда мерасонд, ки ҳаҷв зинда аст ва бо рисолате, ки дорад, метавонад ноҷӯриҳои рӯзгори моро сӯхта нобуд созад ё дастикам барои решакан намудани амалҳои барои ҷомеа ношоён аз қудраташ дарак диҳад.
Тоҷикдухтари номвар Зебинисо Рустамова, фикр мекунам, аз ангуштшумор нафаронест, ки дарди ҳунармандро амиқан дарк намудаву ба санъати асили ӯ тан додааст. Аз хотираҳои камонвари номбардор аст, ки мегӯяд: «... шояд шинохта буданам сабаб шуд, ки дар як саҳнаи бисёр аҷиб ва ҳадафрас устоди санъат Убайдулло Раҷабов номи маро ба тарзи танз истифода баранд. Аҷиб он ки, қаҳрамони асар маро аз Зебинисои шоир фарқ намекунад. Барои он роҳбар ва ё мансабдор ҳамшаҳрӣ будан бас аст. Дар ин намоиш ҳама механдиданд, вале маро гиря меомад. Дар лабам ханда ва дарун-дарун мегиристам. Тайёр будам, раваму он ҳунарманди маҳбубро, Убайдулло-акаи азизро оғӯш кунаму гӯям:
– Шумо бузургтарин ҳунармандед. Дар як саҳна, дар як ном ё номи ман чӣ қадар дардҳои ниҳон, масъалаҳои нозуки замонро бо ханда, бо ҳаҷв ошкор намудед…
Вале афсус, дар он замон ҳам аксарият аз роҳбарони масъуле, ки бояд мантиқи чунин саҳнаҳои ҳаҷвиро дарк кардаву пайи ислоҳи камбуд камари ҳиммат мебастанд, ба умқи маънӣ сарфаҳм нарафтанд. Омаданд, дар қаторҳои ифтихорӣ нишаставу хандиданд, ҳаловат бурданд ва рафтанд, ки рафтанд. Аммо, бо вуҷуди ин, касбият обрӯ ва тантана дошт. Қариб тамоми жанрҳои театрӣ бо роҳбарони соҳибмактаби худ меболиданд, гули сари сабади ҷомеа дар он рӯзгор доштанд. Убайдулло Раҷаб барин ҳунармандоне буданд, ки ҳаҷв ба ҷиддитарин зуҳуроти номатлуб чашм ба чашм мубориза мебурд. Сар карда аз роҳбарони тасодуфӣ, коррупсия, хушунати хонаводагӣ, шахсиятпарастӣ ва муҳимтар аз ҳама, хурофотпарастӣ ҳамаро зери тозиёнаи танқид «азоб» медод…
Бо даргузашти Убайдулло Раҷаб ҳаҷви касбӣ низ дар Ватани фарҳангхез мурд. Дастикам бесоҳиб монд, кӯчагӣ шуд, ҷойи ҳаҷвро масхарабозии фаҳш танг кард, ки вой бар ҳоламон.
Ва имрӯз ғашам меояд, вақте ҳаҷв кӯчагиву ҳунарманд кӯчагард шудан дорад. Даҳҳо ҷавонони бомаҳорат, ки аксарият мактаби ҳунарии ситораҳои театри тоҷикро солҳо боз шогирд буданд, аз ноилоҷӣ аз анекдоту латифаву афсона, баъзан, аз ҳеҷ чиз саҳнасозӣ карда, дар фазои маҷозиву тӯй ба тӯй рӯзӣ меҷӯянд. Касбият, ки нест, ин шохаи муҳими ҳунар дигар қудрати камол додани завқи бинандаро кайҳо боз аз даст додааст. Баръакс, сатҳи ҳунари касбиро то ба дарку фаҳми тамошобинаш поён овардаву дар марзи марг таваққуф додааст. Мутахассис нестам, вале ба назарам чунин менамояд, ки дигар касе барои ҳаҷвнигорони мо саҳна наменависад, сенария нест. Ба қавле, ҳар ҷо чун ба ишон навбат доданд, «импровизатсия» мекунанд. Ҳадаф камранг аст, балки аён аст, ки мақсади имрӯза ҳаҷвнигорони мо ба ҳар роҳе бошад, хандондани тамошобин аст, на чизи дигар. Талаботи жанр ҳатто этикаи касбӣ ба ёди касе намерасад.
Ба иззати нафси касе расидан намехоҳам. Ҳар чи гуфтам ва хоҳам гуфт ба тамоми дастаҳои шинохтаву нимошнои имрӯз дастбакор баробар дахл дорад. Танҳо зарур мешуморам дар мисоли якчанд ба ном саҳначаҳо фикрамро тақвият бахшам, ки ногузир аст.
Ким кадом ҷашн аст, ки толор моломоли тамошобин. Дар саҳна якбора садои зане баланд мешавад, ки ба милитсия даъво омадааст. Чун муомилаи хуб самар намедиҳад, милиса маҷбур сари даъвогар овоз баланд мекунад:
– Хомӯш! Чи мурғи бехурӯс мондагӣ барин дод мезанӣ (!).
Зан акнун нисбатан оромтар ба мақомдор мефаҳмонад, ки аз пушти домодаш даъво омадааст, зеро ӯ бо духтараш дигар зиндагӣ кардан намехостааст.
Дар идома чун бо талаби милитсия домодро ҳозир мекунанд, хандаи толор ба осмон мепечад. Ҷавони саркаш як чорпаҳлуи сиёҳпӯст баъд аз он ки хеле таҳқир мешавад, сабаби ҷудо шуданашро бо як калима фаҳмондан мехоҳад:
– Ҳами духтар мада нашииид, – китф дар ҳам кашида мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҷо хушдоман аз нав гӯё алов гирифта, дод мезанад:
– Ними қишлоқда шиду тда нашид…..
Ростӣ, намедонам аз чи шуруъ кунам. Таҳқири ҷавони сиёҳпӯстро шармандагӣ номам, ки қатъиян мумкин нест ё таҳқири оммавии духтари тоҷикро, ки номусшикан аст?!
«Ними қишлоқда шиду тда нашид…»,– гуфтани зан – модари тоҷик нисбат ба духтари худаш магар лоиқи кафкӯбиву ханда аст?! Касбият куҷост, этикаи касбӣ чӣ, одоби шарқиёна магар мурдааст? Чаро мо иҷоза додем, ки ин масхарабозӣ болои саҳна намоиш дода шавад? Ку мақомоти масъуле, ки, ақаллан, «ҳайфи ту» гӯяд?!
Дар саҳнаи дигар наварус хонаи домод як таккаро (тавба, муаллиф) на танҳо ҳамроҳ овардааст, балки маҷбур кардааст, ки ҷойи хоби ӯ паҳлуи навхонадорон бошад! Ниҳоят, тоқати «қаҳрамон»-и намоиш – домод гӯё тоқ мешаваду пеши арусак шарт мегузорад:
– Гӯш кун, бӯю тафи таккаат дар ҷонам зад. Интихоб кун ё ман, ё такка (тавба!). Арус ҳам, ки гӯё бе таккааш наметавонистааст, бе дудилагӣ «интихоби ман такка» гуфта, тамошобинро «механдонад».
Хуллас, дар охир вақте «қаҳрамон»-и сеюм ба домод маслиҳат медиҳад, ки барои рафъи бӯйи бади хона дару тирезаҳои онро кушода монад, домод гашта мегӯяд, ки дар чунин ҳолат 250 кафтари ӯ парида меравад…
Аз барои савоб, ин фаҳши бофтаро дар маҳфили унс гӯш ба гӯш гуфтан мумкин, вале наход тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пеши назари миллионҳо ҳамчун «ҳаҷви тоҷикӣ» ба намоиш гузорем!!!
Ин ва садҳо мисолҳои нанговар далели он аст, ки аз хунукназарии мо – тамошобинон сар карда, то бемасъулиятии мақомоти дахлдор ҳаҷвнигориро ба масхарабозӣ табдил додаву машҳур кардаанд, ки вой бар ҳоламон.
Хуллас, гуфтаҳои Раневскаяи машҳур аст, ки мефармояд: «Нақши бад офаридан баробари туф кардан ба мондагорист». Пас, хулосаи ман низ чунин хоҳад буд, ки то ханда ҳаст, Убайдулло Раҷаб ва мактаби ӯ миёни мардум зинда мемонад, вале онҳое, ки ҳар рӯз як реша аз ҳаҷви касбиро сӯзондаву ба ояндаи он туф мекунанд, чӣ оқибате хоҳанд дошт?! Ман аз ин пас ба ҳоли ханда (ҳаҷв) мегирям, шумо чӣ?

Санаи нашр: 01.04.2026 №: 83